logo

иҷтимоиёт

КӢ ГУНАҲГОР, ФУРӮШАНДА Ё МУШТАРӢ?

Боз дар бораи хизматрасониҳои маишӣ
Шаҳр маконест, ки нафари бекору ғофилу танбалро намеписандад. Бавижа, сокинони шаҳри азизамон Душанберо лаҳзае ҳам ором намебинем. Серташвишиву такопӯи ҳаррӯза касро маҷбур мекунад, ки бештар дар кӯча ва ошхонаҳои сарироҳӣ тановули хӯрок намояд. Ин аст, ки нуқтаҳои сераҳолии шаҳрро бешубҳа ошхонаву нуқтаҳои хӯрокхӯрӣ ташкил медиҳанд. Дар ҳар қадам метавон ба як нуқтае вохӯрд, ки он ҷо хӯрокҳои ба қавле «тезтайёр» омода мекунанд. Вобаста ба шумораи рӯзафзуни аҳолӣ зиёд шудани чунин ошхонаҳои сарироҳӣ хуб аст, аммо то кадом андоза онҳо ба талаботи гигиениву санитарӣ ҷавогӯянд, муаммои сарбастаест.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки қоидаҳои одитарини гигиенӣ дар навад дарсади чунин нуқтаҳо риоя намешаванд. Ҳамчун муштарӣ борҳо шоҳиди он будам, ки косаву табақ, асбоби пухтупаз ва зарфҳои истифодашаванда чиркину лабшикаставу фарсудаанд. Нафаре ба чизеву касе таваҷҷуҳ намекунад ва ҳатто ду-се нафар ба як зарфи хӯриш биляшиву пирожкии (хӯрокҳои русӣ) худро тар кардаву ба даҳон меандозанд. Маълум нест, ки кӣ даст шустаасту кӣ аз куҷо омадааст. Вақте зарфи хӯриш холӣ мешавад, пазандаву фурӯшандаҳо низ бе ҳеҷ пурсиш хӯриши навро ба зарфи олуда мерезанд ва мизоҷон низ бепарвоёна машғули хӯрдан мешаванд.
Албатта, ин ҷо ду тараф гунаҳкор аст. Фурӯшанда чунин хизматрасониро пешкаш мекунад ва муштарӣ чунин маҳсулоти хизматрасонии «арзон»-ро мепазирад. Бино ба гуфтаи Манучеҳр ном донишҷӯ, дар соли нахустини омадан ба шаҳр аз ин гуна манзараҳо дилгир мешуд. Аммо бо гузашти вақт таъсири муҳит буд ва ё серкорӣ ӯ ҳам ба ин хизматрасониҳо одат кардааст.
Махсусан, ба ҷараёни пухтани маҳсулоти хӯрок таваҷҷуҳ карда шавад, (ҳол он ки маҳсулотро бояд дар гӯшаи аз назари мизоҷон ниҳон бояд пухт) ба чанд литр равғане, ки тахмин дар оғози рӯз ба дег рехтаанд, то шаб маҳсулоти хамирӣ пухта мешавад. Аз истифодаи чандинкарата равған сиёҳу олуда шуда, бӯйи ғализ ҳам мебарорад. Мешавад ҳамон равғанро кам - кам ба дег андохту бо тамом шуданаш шуста аз нав ба пухтан шурӯъ кард.
Суханҳои сокини шаҳр Иқбол Сардоров моро ба ҳайрат овард. Ӯро баъди хӯрдани хӯрок дар роҳ ба суҳбат кашидем, ки чунин гуфт: «Ман дар бозори «Шоҳмансур» сабзавот мефурӯшам. Соҳибмаълумотам ва кам-кам тиҷорат ҳам мекунам. Писари амакамро ба ҷои худ мегузораму омада дар ҳамин ошхона хӯрок мехӯрам. Бо сари хам тез-тез мехӯраму ба ҳеҷ ҷузъиёти ошхона эътибор надода, боз ҳам пайи кори худ меравам. Пас аз ин гуфтугузори шумо пай бурдам, ки чойнику пиёлаи ошхона лабшикастаанд, зарфҳояшон нимашуставу кам-кам бӯи нохушоянд ҳам доранд».
Ҳарчанд ки ин камбудии ҷузъист, аммо бартараф кардани он амрест муҳол. Ба умеди ҳар чи зудтар ба сомон кардани корҳо гоҳо ба саломатии худ ва сифати хӯроку пӯшоки худ эътибор намедиҳем. Мо гӯё фаромӯш кардаем, ки тамоми талоши мо дар ҷодаҳои зиндагӣ ба ҷисму ҷони солими мо бастагӣ дорад. Ва шарти нахустини саломатӣ тозагии санитарӣ ва тановули хӯрокҳои серғизову поканд.               
Аз мушоҳидаву пурсишҳо маълум гашт, ки кам касон ба сифати хизматрасониҳои маишӣ таваҷҷуҳ доранд. Ба андешаи ман, маҳз ба воситаи рӯзномаву телевизион чунин нуқсҳои ҷомеаро ба шаҳрвандон бояд ёдрас кунем. Зарурате нест, ки ба ин ё он идораи дахлдор муроҷиат намоем. Барои ин танҳо масъулияти баланди шаҳрвандӣ зарур асту бас. Касе, ки ба саломатии худ бепарво нест, ба ин ҷиҳати масъала диққати аввалиндараҷа медиҳад. Вақте ҳуқуқҳои худро медонеду хизматрасонии босифатро талаб мекунед, хизматрасон низ вобаста ба талаботу хоҳиши шумо амал менамояд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2016    №: 93    Мутолиа карданд: 512

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед