ҳуқуқ
РАЪЙПУРСӢ. МАҚСАД АЗ ОН ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ
Рӯзи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ – маъракаи муҳими сиёсию оммавӣ, ки ҳадаф аз он ворид намудани тағйиру иловаҳо ба арзиши муқаддаси миллӣ - Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, торафт наздик мешавад. Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди устувори ҷомеа, ҳамзамон ҳимояи озодиҳои мардум созгоранд. Хабарнигори «Ҷумҳурият» андешаҳои чанде аз устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро перомуни ин маъракаи муҳим пурсон шуд.
Ашурбой СОЛЕҲЗОДА,
ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ
- Ҷанбаҳои муҳими тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба се гурӯҳ тақсим намудан мумкин аст:
Якум, принсипи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тарзи ташкили сохторҳои ҷамъиятӣ, ки дар бандҳои алоҳидаи Конститутсия дарҷ гардидаанд. Ин принсипҳо вазифаи худро барои марҳилаи муайяни инкишофи ҷомеа иҷро намуданд ва имрӯз дар замони рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлатдории мустақил тағйир додани онҳо тақозои давр аст.
Дуюм, инкишофи муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва паси сар намудани давраи гузариш ба муносибатҳои бозорӣ бо роҳи гузаронидани ислоҳот, пеш аз ҳама аз тариқи Конститутсия. Зеро он санади фароҳамоварандаи муносибатҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад.
Сеюм, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ зина ба зина стандартҳои байналмилалии ташкили ҷомеаи демократиро ҷорӣ менамояд. Зарур омадааст, ки ин санади муҳим ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шавад.
Дилшод РАҲМОН,
декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
- Агар ба тағйироту иловаҳои воридшаванда назар кунем, аён мегардад, ки бисёри онҳо истилоҳотро дар бар мегиранд. Ҳамчунин, бо қабули қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ шакли навишти бархе калимаву ибораҳои Конститутсия аз доираи қоидаҳои забон берун монданд ва ҳоло лозим аст, ки матни он ба қоидаҳои забон мувофиқ карда шавад. Гузашта аз ин, тағйиру иловаҳои навбатӣ ба ҷавонони мамлакат дар пеш бурдани корҳои роҳбарӣ ва сиёсӣ имконияти васеъ фароҳам месозанд. Дар тамоми шохаҳои ҳокимият - қонунгузор, иҷроия ва судӣ барои ба роҳбарӣ ҷалб намудани ҷавонон муқаррароти зарурӣ пешбинӣ шудаанд.
Дилором САЛОМЗОДА,
магистри Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо гузашти вақт ҳама гуна санад ба такмил ниёз пайдо мекунад. Чунки муносибатҳои ҷамъиятие, ки дар асоси қонун танзим карда шудаанд, торафт дигаргун, мураккабтар мегарданд. Баъзе ҷузъиёти низоми мавҷуда ба талаботи замон чандон ҷавобгӯ буда наметавонад. Аз тарафи дигар дар раванди омӯзиши паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа зарурати муайян намудани меъёрҳои нав ба вуҷуд меояд. Ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон айни муддао буда, он идомаи мантиқии ислоҳоти ҳуқуқӣ ва рушди низоми демократии кишвар мебошад. Дар лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо бахусус он меъёре, ки барои аз 30 - солагӣ интихоб шудан ба ҳайси вакил ва судя ҳуқуқ медиҳанд қобили таваҷҷуҳ аст. Он барои дастгирии ҷавонон ва роҳ ёфтани онҳо ба корҳои роҳбарию сиёсӣ имкон фароҳам меорад. Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ба рушди қонунгузорӣ - ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат мекунанд. Бинобар ин, ҳар яки мо бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ бояд дар ин чорабинии муҳим ширкат кунем. Зеро аз он тақдири ояндаи Ватани азизи мо сахт вобаста мебошад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.05.2016 №: 93 Мутолиа карданд: 628