logo

фарҳанг

ЗАБОНИ МИЛЛАТ - ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Китоби тозанашр, ки зери ин унвон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиф гардидааст, пажӯҳиши саривақтӣ ва хеле муҳим ба ҳисоб рафта, умдатарин масъалаҳои таърихи забонамонро фаро гирифтааст.

Таърих гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ новобаста ба ҳама он бадбахтиҳои ба сараш омада, ҳамеша рисолати таърихии худро дар назди халқу Ватан иҷро намудааст. Баъди садсолаҳо Истиқлолияти давлатӣ барои рушду такомули забони тоҷикӣ заминаи мусоидро фароҳам овард, ки самараи онро мо имрӯз баръало мушоҳида мекунем. Ин ва дигар масъалаҳои ба таърихи забони тоҷикӣ вобаста дар пешгуфтори китоб хеле мӯшикофона ва нуктасанҷона ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд, ки хонандаро барҳақ ба арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ раҳнамун месозад.
Забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз забонҳои таърихи қадимадошта, давраҳои  гуногуни инкишофро аз сар гузарондааст, ки ҳақиқати ин масъала аз ҷониби муҳаққиқони мухталиф  ба ҳар тарз баён гардидааст. Боби якуми асар маҳз ҳамин мавзӯъро фаро гирифтааст. Муаллиф дар такя бо сарчашмаҳои фаровони муътамади илмӣ ба хулосае меояд, ки ба ин масъала ҳанӯз нукта гузошта нашудааст. Таъкид месозад, ки «Маҳз давраҳои таърихии ташаккули ҳар кадом забон дар асоси осори хаттии ҳар як давраи инкишоф ташхис ва таҳқиқ гардида, чигунагии ташаккули вижагиҳои савтӣ, луғавӣ ва сохти грамматикии забон дар тӯли ҳазорсолаҳо муайян карда мешавад». Назари дигаре, ки дар ин қисмат таваҷҷуҳи хонандаро ҷалб месозад, ин тақсимбандии забонҳои эронии давраи бостон аст. Забонҳои авастоӣ, модӣ, форсии бостон, портӣ, паҳлавӣ, бохтарӣ ва суғдӣ ҳамчун намунаҳои беҳтарини забонҳои қадима ба қалам дода шуда, таъкид мегардад, ки онҳо нақши боризеро дар инкишофи минбаъдаи забони тоҷикӣ гузоштаанд.
Муайян кардани мансубияти миллии халқи мо, ки унвони «тоҷик» - ро гирифтааст, даҳсолаҳост, ки таваҷҷуҳи олимони дунёро ба худ ҷалб намуда, дар ин бобат онҳо назарияҳои гуногун пешниҳод намудаанд. Дар ҳар сурат, бо ифтихормандӣ бояд қайд намоем, ки вожаи «тоҷик» имрӯз муаррифгари як миллати куҳанбунёду соҳибтамаддун буда, ҷомеаи ҷаҳонӣ аллакай онро бо ҳамин ном шинохтаву эътироф намудааст. Мавзӯи марказии боби дуюми китобро маҳз ҳамин нукта ташкил дода, муаллиф ҷолибтарин ақидаҳои олимонро аз нигоҳи муқоиса ва умумияти назарӣ тафсир медиҳанд. Бо қаноатмандӣ зикр менамоянд, ки ин вожа бевосита бо калимаи «тоҷ» қаробат дошта, ҳамрадиф ва ҳаммаънои «ориёӣ», яъне наҷибзодагон аст. Дар ин радиф номи забонро низ бевосита бо унвони миллат «забони тоҷикӣ» ном бурда, онро забони давлатӣ ва расмиву коргузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон медонанд. 
Сари пайкору талошҳои аз байн бурдани забон ва фарҳанги миллати тоҷик истилои араб хеле чашмрас буда, оқибатҳои ногувори он то ҳанӯз пойбарҷост. Нест кардани олитарин ганҷинаҳои маънавии миллат аз ҷониби сарлашкарони араб, ки намунаи бадтарини ваҳшонияти инсонист, то андозае пояҳои забони моро заиф кард ва захираи луғавии онро ба ҳадди диданӣ бо унсурҳои арабӣ, ки баъзан зарурати будани онҳо зери бори шубҳа қарор дошт, махлут гардонд. Маҳз ҳамин нукта бо таассуфи зиёд дар боби сеюми китоб таъкид гардида, муаллиф истилои арабро яке аз бадбахтиҳои азим дар нисбати забон, фарҳанг ва тамаддуни чандинҳазорсолаи аҷдодони мо медонанд.
Дар баробари шакли гуфтории забон паҳлуи навиштории он низ муҳим буда, донистани нахустин сарчашмаҳои хаттӣ ва дар кадом замина ба вуҷуд омадани онҳо барои ҳар як соҳибзабон зарур аст. Хушбахтона, забони тоҷикӣ аз зумраи он забонҳоест, ки дар ин самт низ собиқаи дерина дорад ва намунаҳои хаттии он ҳанӯз ба замони пеш аз зуҳури дини ислом рафта мерасанд. Маълум мегардад, ки ниёкони мо ҳанӯз пеш аз истилои араб соҳиби хат ва шуури баланди фарҳангӣ буда, махзани эҷоди назму насрро дар ихтиёр доштаанд. Зиёда аз панҷоҳ намунаи назму насри қадимаи бо забони тоҷикӣ иншошуда дар асар мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор гирифтаанд.
Ба касе пӯшида нест, ки замони шукуфоӣ ва боландагии забони тоҷикӣ аҳди Сомониён буда, маҳз дар ҳамин давра он тавонист ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ намоён гардад. Аниқтараш дар ин давра он ба ҳайси забони расмии коргузорӣ шинохта шуд ва ҳамчун омили ҳамбастагии миллӣ ба тамоми қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр интиқол ёфт.
Бо завол ёфтани давлати абарқудрати Сомониён рушди забони тоҷикӣ хотима наёфт ва нуфузи онро давлатҳои баъдие, ки асосан бунёдгузоронашон қавмҳои ғайриэронӣ буданд, ба хубӣ эҳсос менамуданд. Лозим ба таъкид аст, ки ҳатто дар замони салтанати чунин хонаводаҳо забони тоҷикӣ мақоми давлатиашро нигаҳ дошт ва ҳамчун воситаи асосии ифодагари тафаккури илмӣ ва фарҳангӣ амал мекард. Ин ҷо, махсусан, хидмати шоирону адибони он давраро бояд қадршиносӣ намуд, зеро маҳз онҳо тавонистанд бар ивази таъқибу пайгириҳои пайвастаи ҳокимони давр ва баъзан сарбохтанҳо пояндагиву созандагии забони тоҷикиро таъмин созанд, онро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшанд. Ин ва дигар вижагиҳои забони тоҷикӣ дар аҳди давлатдории Сомониён мавзӯи марказии боби панҷум ва шашуми асарро ташкил додаанд.  Ҷолиби диққат аст, ки дар равиши таҳлили хусусиятҳои забони тоҷикӣ дар ин давра ҳамчунин намунаҳое аз осори адибони он замон бо шарҳу тавзеҳи зиндагинома ва осори боқимондаашон оварда шудааст, ки, фикр мекунем, он баҳри муҳаққиқони таърихи адабиёт маводи хуби омӯзишӣ буда метавонад.
Бо ифтихор ва қаноатмандӣ метавон гуфт, ки асари тозанашри Сарвари давлат туҳфаи арзандаест баҳри ҳаводорони забони тоҷикӣ ва таърихи он. Китоби мазкур таълифоти ягона ва мукаммалест, ки дар он тамоми сарчашмаҳои то имрӯз мавҷудаи илмӣ истифода шудаанд. Боварӣ дорем, ки натиҷаҳои ин таҳқиқоти саривақтӣ мавриди омӯзишу истифодаи васеи олимони соҳа ва аҳли ҷомеа қарор мегирад ва дар самти тақвияти минбаъдаи худшиносии миллӣ, нигаҳдошти рисолати забон ва таҳкими давлатдории тоҷикон хидмати шоистаеро анҷом хоҳад дод.

Ҳомид МАҶИДОВ, профессор,
Ҳамрохон ДӮСТОВ, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2016    №: 93    Мутолиа карданд: 1011

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед