logo

иҷтимоиёт

СЕЛ. РАФЪИ ОҚИБАТҲОИ ОН ДАР РӮДАКӢ ВА ПАНҶАКЕНТ ИДОМА ДОРАД

Дар натиҷаи обхезӣ ва ярч, ки рӯзҳои охир дар ҳудуди кишвар ба амал омаданд, сокинони шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Дарвоз хисороти калон диданд.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ шаби 11 ба 12 майи соли равон, соати 3:40 дар натиҷаи боронҳои бошиддат дар деҳаҳои Адолат, Файзоба, Дарёобод, Садоқат, Комсомол -1, Комсомол-2 - и Ҷамоати деҳоти Зайнабобод ва деҳаҳои Коргар, Ҳоҷиён, Элок, Истиқлол, Косибони Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ сел омада, тақрибан 2,5 ҳазор хоҷагӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ зери обу лой монд.
Бино ба гуфтаи  Ориф Нозимов, котиби матбуоти кумита, худи ҳамон шаб даста ва гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, то субҳи 12 май 800 нафар сокинонро ба ҷойи бехатар кӯчонданд. Ба хотири пешгирӣ аз талафоти ҷонӣ то соати 13-и 12 май боз 700 нафар cокини деҳаҳои деҳоти Мирзо Турсунзода бо ҷойҳои бехавф таъмин гаштанд.
Барои бартарафсозии оқибатҳои ҳолати баамаломада ва ёрӣ ба оилаҳои зарардида, дар ҷойи ҳодиса дастаҳои наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба сокинони ду Ҷамоати деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ зери роҳбарии ситоди фаврӣ ёрии амалӣ расонда истодаанд. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд. Дар деҳоти Зайнабобод ва Мирзо Турсунзода комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода шабонарӯзӣ фаъолият дошта, ҳаҷм ва дараҷаи хисоротро муайян менамоянд. То имрӯз 406 манзили истиқоматӣ аз назар гузаронда шуда, муайян гашт, ки 6 хона пурра ва 36 - тои дигар қисман хароб гардида, 195 иншооти ёрирасон зарар диданд. Дар ҷойи рахнашавии соҳили дарёи Элок корҳои соҳилмустаҳкамсозӣ идома доранд.
Ёдрас месозем, ки 9 май  дар шаҳри Панҷакент бар асари борони шиддатнок аз сойи Зебон сел омада, ба Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, деҳаҳои Шӯрча, Савр, Қӯштеппа,  Шкат, Дашти Қозӣ, Кишттӯдак, Амондара, маҳаллаҳои Сойи Мисрак, Зардолузор, майдонҳои кишт ва як қатор муассисаҳои шаҳр хисорот расонд. Мутаассифона, дар натиҷаи ин офат, талафоти ҷонӣ ҷой дошт.
Тибқи ҳисоботи пешакии комиссияи ҳолатҳои фавқулода иншооти муҳими хоҷагии халқи Панҷакент, аз ҷумла 27 км роҳи мошингард, 3 пул, 6 км хатти интиқоли неруи барқ, 7 трансформатор, 2 км хатҳои алоқа, 63 км каналҳои магистралӣ, 4 км селпарто, 1 истгоҳи насосӣ ва иншооти гидротехникӣ, 400 метр хати оби нӯшиданӣ зарари ҷиддӣ диданд. Дар маҷмӯъ 603 гектар майдони кишт, боғу токзор, 76 гектар замини наздиҳавлигӣ, 146 сар чорво нобуд гардида, 14 хона пурра ва 6 – то қисман вайрон шуданд.
Бино ба гуфтаи Ориф Нозимов, баробари сар задани офат ситоди доимоамалкунанда ва роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ ва бартарафнамоиро сафарбар намуда, ба зарардидагони шаҳр даҳ номгӯй ҷиҳози зарурӣ аз қабили хайма, кӯрпаву болишт, фонус, зарфи обгирӣ ва ғайра расонд.
Айни ҳол корҳои барқарорсозии иншооти хоҷагии халқ ва поксозии кӯчаю ҳавлиҳо таҳти роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гаржданӣ огоҳ менамояд, ки боридани борону сел дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат то 18 май идома меёбад. Дар ин рӯзҳо эҳтимоли боришоти зиёд, шамолҳои сахт, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо ва раъду барқ вуҷуд дорад, ки метавонанд боиси канда шудани хатҳои неруи барқ, хароб гардидани боми хонаҳои истиқоматӣ, иншооти иҷтимоӣ, фаромадани ярч, сангрезиҳо ва афтидани дарахтон гарданд.
Ш. ҚУРБОН, Ҷумҳурият»,
ХУЛКАР ҚУРБОНХОЛОВА,
сокини ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2016    №: 93    Мутолиа карданд: 554

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед