logo

сиёсат

МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Иштирок дар он саҳмгузорӣ дар ободонии Тоҷикистони азиз аст
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои гузарондани Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои муайян намудани шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ 21 апрели соли равон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр гардида буданд. Дар иртибот ба ин мавзӯъ, хонандагони сершумор тавассути зангҳои телефонӣ ва иншои нома  аз мо хоҳиш менамоянд, ки ба онҳо оид ба ҳадафи асосӣ ва вижагиҳои ин чорабинии ҷумҳуриявӣ маълумоти бештар ироа дорем. Зимнан, хабарнигори «Ҷумҳурият»  барои равшанӣ андохтан ба баъзе нуктаҳои муҳими мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бо Паҳлавӣ Отабек, сармутахассиси самти равобити байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мусоҳиба анҷом дод:

- Муҳтарам Паҳлавӣ Отабек, Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба  25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат идома дорад.  Роҳбарии ҷараёни баргузории он ба зиммаи Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гузошта шудааст. Салоҳият ва вазифаҳои ин комиссия аз чӣ иборат аст?
- Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар доираи салоҳияти худ дар асоси нишондиҳандаҳои қоидаҳо роҳҳои дурусти фаҳмондадиҳӣ, гирдоварии маълумот, таҳияи  саволномаҳо, баҳогузории нишондиҳандаҳо, гузарондани ҷаласаҳо ва шарҳи марҳалаҳои мусобиқаро бо роҳ мемонад. Комиссия  оила ва хонаи намунавӣ, деҳа, маҳалла, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва мақомоти марказии ҳокимияти давлатии беҳтаринро, ки ба Шоҳҷоиза, нишони хотиравӣ (вимпел), шаҳодатнома ва дипломҳои дараҷаи якум, дуюм ва сеюм сазовор мебошанд, аз байни иштирокчиёни мусобиқа дар сатҳи ҷумҳуриявӣ муайян менамояд.
Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ  вазифаи ҳамоҳангсозӣ ва роҳбарии фаъолияти комиссияҳои ҷумҳуриявии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро иҷро менамояд.
Он вазифадор аст, шакл ва арзиши мукофотҳои ғолибони мусобиқаро, ки аз ҷониби комиссияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тақдим мегарданд, мувофиқа намуда, намунаи Шоҳҷоиза, нишони хотиравӣ (вимпел), шаҳодатнома ва дипломҳои дараҷаи якум, дуюм ва сеюмро интихоб намояд. 

- Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар чанд марҳала баргузор мегардад ва ғолибон  бо чӣ гуна мукофотҳо қадр карда мешаванд?
- Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон моҳҳои март - август дар 4 марҳала гузаронда мешавад. Дар марҳалаи якум  хона ва оилаи намунавӣ, деҳа ва маҳаллаи беҳтарин  дар сатҳи шаҳрак ва деҳот муайян шуда, ба марҳалаи дуюми ноҳиявӣ роҳ меёбанд. Дар марҳалаи дуюми сатҳи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хона ва оилаи намунавӣ, деҳа, маҳалла, шаҳрак ва деҳоти беҳтарин интихоб шуда, ба марҳалаи сеюми вилоятӣ пешниҳод карда мешаванд. Дар марҳалаи сеюми сатҳи вилоятӣ хона ва оилаи намунавӣ, деҳа, маҳалла, шаҳрак, деҳот, ноҳия ва шаҳри беҳтаринро Комиссияи  вилоятии мусобиқа интихоб намуда, онҳоро ба марҳалаи ниҳоӣ пешниҳод менамояд. Ҳамзамон, дар марҳалаи сеюм аз байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ тибқи қоидаҳо бехтарини он муайян шуда, барои дарёфти мукофот пешниҳод мегардад. Марҳалаи чорум дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе то 20 августи соли равон ҷамъбаст мешавад. 
Ба ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои вилоят ва мақомоти марказии ҳокимияти  давлатии беҳтарин шаҳодатнома, Шоҳҷоиза бо навиштаҷоти “Ғолиби ҷойи беҳтарини Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ду мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ, ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ  барои шаҳру ноҳияи беҳтарин шаҳодатнома, нишони хотиравӣ (вимпел) бо навиштаҷоти “Ғолиби ҷойи беҳтарини Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ду мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ, ғолибони шаҳраку деҳоти беҳтарин шаҳодатнома ва нишони хотиравӣ (вимпел) бо навиштаҷоти “Ғолиби ҷойи беҳтарини Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ду мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ, ғолибони маҳалла ва деҳаи беҳтарин  шаҳодатнома ва нишони хотиравӣ (вимпел) бо навиштаҷоти “Ғолиби ҷойи беҳтарини Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ду мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ ва ба ғолибони хона ва оилаи намунавӣ шаҳодатнома бо навиштаҷоти “Ғолиби ҷойи беҳтарини Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ду мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад.
Ба ғолибони ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар арафаи 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ шаҳодатномаҳо ва дипломҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ супурда мешаванд.
Бояд тазаккур дод,  ки иштирок дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ  барои  ҳар як оила, хонавода, аҳли деҳа, маҳалла, деҳот, шаҳрак, ноҳия ва шаҳр ин маъсулияти баланд, боиси ифтихор ва сазовор гаштан ба бовари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба кормандони Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд гузарондани Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба  25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ барору комёбӣ таманно дорем.
Додоҷон РӮЗИЕВ,
 “Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2016    №: 93    Мутолиа карданд: 861

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед