logo

сиёсат

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО РАИСОНИ ВИЛОЯТУ ШАҲРУ НОҲИЯҲО

Субҳи 14 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Панҷакент, Айнӣ, Шамсиддини Шоҳин, Рӯдакӣ ва Сангвор телефонӣ суҳбат кард.

Зимни ҳисоботи телефонии худ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои номбурда доир ба офатҳои табиии шабонарӯзи охир ахбор доданд.
Таъкид гардид, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат комиссияҳои ситоди ҳолатҳои фавқулода таъсис ёфта, барои сари вақт бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ имконоту иқтидорҳои мавҷуда ба пуррагӣ сафарбар карда шудаанд.
Доир ба вазъи роҳҳои байнишаҳрӣ ва маҳаллӣ иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон вазъият дар тамоми шоҳроҳҳои қаламрави ҷумҳурӣ ва роҳҳои байнишаҳрию маҳаллӣ зери назорат қарор дошта, ҳаракати нақлиёт дар ҳамаи онҳо пурра имконпазир мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисон барои андешидани чораҳои таъхирнопазир дар барқарорсозии қитъаҳои роҳҳо ва пулҳои аз обхезӣ зарардида, расонидани ёрии аввалин ба мардуми осебдида ва таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт дар тамоми шоҳроҳҳо ва роҳҳои байнишаҳрию маҳаллии ҳудуди шаҳру ноҳияҳои мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дод.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2016    №: 93    Мутолиа карданд: 486

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед