logo

сиёсат

БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО

14 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, имзо гузошт.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», "Дар бораи рӯзҳои ид", Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Мувофиқи иловае, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ворид карда шудааст, 16 ноябр ҳамчун рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Қонуни мазкур бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, таъмини сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ, баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва рушду нумӯи самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа қабул гардидааст.
Тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда" ва ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ворид карда шудаанд, ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешгирии истифодаи усулҳои ғайриқонунӣ ҳангоми дастгиркунӣ ва пурсиши гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда, аз ҷумла истифодаи шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, инчунин роҳ надодан ба дигар маҳдудкуниҳо ва таъмини қонуният дар ин самт равона карда шудаанд.
Мувофиқи тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ" воридгардида, муҳлати амали ваколати адвокатҳое, ки то қабули қонуни мазкур ин мақомро соҳиб шудаанд, то 27 июни соли 2016 тамдид карда шудааст. Ин шахсон метавонанд дар ин муддат ба фаъолияти адвокатӣ машғул гардида, ҳамзамон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни амалкунанда ба мақоми адвокатӣ соҳиб шаванд.
Тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси мурофиавии гражданӣ ворид карда шудаанд, тартиби бистарикунонии маҷбурии шахсони мубталои бемории силро дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил ва таъ-йини ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардани бемории сил муайян менамоянд.
Тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, ҷавобгариро барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ пурзӯр намуда, барои пешгирии беқурбшавии пули миллӣ ва таҳкими низоми бонкӣ равона карда шудаанд.
Қонунҳои қабулгардида ба таъмини пойдории сулҳу ваҳдат, ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, такмили низоми бонкӣ, пешгирии қонуншиканӣ вобаста ба муомилоти асъор, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар равона гаштаанд.
Қонунҳои қабулгардида дар матбуоти расмии кишвар нашр мешаванд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2016    №: 93    Мутолиа карданд: 566

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед