logo

фарҳанг

ОСОРХОНАИ МАРДУМИИ БАЛҶУВОН ЧАРО СОҲИБИ БИНОИ НАВ НАБОШАД?

Соли 1977 Саид Миров дар заминаи бинои пештараи ноҳия китобхонаи Осрхонаи мардумии ноҳияи Балҷувонро таъсис дода, 30 соли умри хешро ба ободонии он бахшид. Соли аввали таъсисёбӣ осорхона ҳамагӣ 100 нигора дошт, вале бо заҳмату талошҳои пайвастаи ин марди фидоӣ теъдоди онҳо сол ба сол афзудан гирифт.

Алҳол осорхона дорои 2570 нигораи нодири таърихиву фарҳангӣ мебошад, ки аз ҳаёти  аҷдодонамон, санъату ҳунар ва тарзи зисту зиндагонии онҳо ҳикоят мекунанд. Бозёфтҳо ба давраҳои гуногуни таърихӣ  тааллуқ доранд.  Қадимтарини  онҳо таърихи 3500 – сола дошта, аз қалъаи Золи Зари ноҳияи Фархор дарёфт шудаанд. Дигар нигораҳо 2700 – 2500 сола буда, аз қалъаҳои Додӣ ва Турки ноҳияи Балҷувон кашф гаштаанд. Ғайр аз ин, кафшҳои чӯбии занона, кӯдакона ва мардонаро метавон дид, ки ба қарнҳои гуногун мансубанд.
Вале, чунон ки кормандони осорхона иброз доштанд, бинобар хурдии бино ва ба талаботи замон ҷавобгӯй набудани он бисёри нигораҳо ба намоиш гузошта нашудаанд. 
Чун мо, гурӯҳи рӯзноманигорон, ки бо сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувон  қарор доштем ва аз ин осорхона дидан кардем, бинои фарсудаву таъмирталаби он, ҳолати бади нигоҳдории нигораҳо, набудани техникаву таҷҳизоти зарурӣ ва беэътиноии масъулони бахши фарҳанги ноҳия ба ин вазъ, аз назарҳо дур намонд.
Тавре ба мо маълум гашт, ин марди фидоӣ аз давраи ташкил то ба имрӯз барои ободии ин осорхона нигораҳоро бо сарфи маблағҳои шахсӣ   гирдоварӣ намудааст. Дар ин ҷода ба ғайри пайвандонаш касе ба ӯ ёрӣ нарасондааст.  Фарзандонашон, ки имрӯз кормандони ин осорхона мебошанд,  хоҳони онанд, ки муассиса ба номи падарашон гузошта шавад. Бемуҳобот меҳнату заҳмати Саид Миров шоёни чунин қадрдонист.
Гуфтан ба маврид аст, ки маҳз бо ибтикори Саид Миров ноҳияи Балҷувон дар тамоми ҷашну маросимҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ бо намоиши гӯшаҳои махсус ширкат варзида, дар рӯнамоии дастовардҳои таърихӣ саҳми назаррас мегузорад. Маълумоти гирдовардаи осорхона барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури  таърихиву маърифатии наслҳои имрӯзу оянда муфид хоҳанд буд. Аз ин лиҳоз, бояд ҳолати нигоҳдошти нигораҳо беҳ гашта, осорхона соҳиби бинои наву замонавӣ гардад.

Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2016    №: 94    Мутолиа карданд: 389

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед