logo

ҳуқуқ

ҲАДАФ - СУРЪАТ БАХШИДАН БА РАВАНДИ ДЕМОКРАТИСОЗИИ ҶОМЕА

22 май дар мамлакат чорабинии муҳими сиёсӣ - раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар иртибот, хабарнигорамон бо чанд нафар мусоҳиб шуд, ки фишурдаи он пешкаш мегардад:

Маҳмад РАҲИМЗОДА, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор
- Бояд зикр намоем, ки яке аз ҳадафҳои асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон суръат бахшидан ба раванди демократисозии  ҷомеа ва пешрафти ҳаёти сиёсии он мебошад. Шарти муҳими демократия ба таври конститутсионӣ ба расмият даровардани сохти давлатӣ, аз ҷумла шакли идоракунии он ба ҳисоб меравад. Ба ҳамин хотир, дар моддаи якум муқаррар карда шуд, ки “Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад”.
Чун вазифаи муҳимтарини Конститутсия муайян сохтани асосҳои сохти ташкилӣ ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, низоми мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, муносибату ҳамкориҳои байниҳамдигарии онҳо мебошад, дар бобҳои ба фаъолияти ин мақомот дахлдошта, тағйиру иловаҳо пешниҳод гаштаанд. Зеро, инкишофи давлатдории муосир талаб менамояд, ки низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ таҳким ёбад, идоракунӣ боз ҳам муназзаму мукаммал ва самараноку пурмаҳсул шавад. Ҳамзамон, ҷомеа босуръат пеш рафта, барои ҳар инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам ояд, сулҳу ваҳдат  ва амнияти давлат пойдор гардад.

Расул МАРИФХОНОВ, ходими пешбари шуъбаи ҳуқуқи давлатии  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ
- Таҷрибаи давлатдорӣ нишон медиҳад, ки агар ба Коститутсия тағйиру иловаҳо ворид нашаванд, мумкин аст, ки ин санади олии ҳуқуқӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро пурра таъмин карда натавонад. Зеро, рӯз ба рӯз муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ба вуҷуд меоянд ва танзими ҳуқуқии онҳо ногузир мегардад. Чунончи, пешниҳод шудааст,  ки калимаи «Сарқонун» дар қавсайн аз ном ва матни Конститутсия хориҷ карда шавад. Ин ба он хотир аст,  ки тибқи меъёру принсипҳои конститутсионӣ мазмуну муҳтавое, ки Конститутсия дорад, Сарқонун ифода карда наметавонад. Маънои Конститутсия назар ба Сарқонун васеъ аст. Масалан, «ҳуқуқи конститутсионӣ»  мегӯем, вале «ҳуқуқи сарқонунӣ» гуфта наметавонем.

Шаҳнози ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2016    №: 94    Мутолиа карданд: 462

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед