logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими рӯнамоии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих», Кувайт, 16 майи соли 2016

Муҳтарам устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кувайт!
Ҳозирони гиромӣ!
Бароям мояи ифтихору сарфарозист, ки ҳамчун муаллиф дар маҳфили имрӯза ба ифтихори рӯнамоии китоби тозанашри «Тоҷикон дар оинаи таърих» ширкат дорам. Нашри нави ин китоб ба забони арабӣ дар кишвари шумо нишонаи эҳтиром ва эътирофи миллатест, ки бо таърихи куҳан ва фарҳанги асили худ дар пешрафти тамаддуни башариву исломӣ саҳми шоиста гузоштааст.
Тавре дар муқаддимаи китоб зикр шудааст, тоҷикон яке аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ буда, собиқаи беназири тамаддунсозӣ ва анъанаву таҷрибаи ғании давлатдории онҳо мавриди таваҷҷуҳ ва омӯзиши амиқи олимону муҳаққиқони ҷаҳон қарор гирифтааст.
Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар даврае таълиф шуд, ки мардуми тоҷик аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба эҳёи анъанаву таҷрибаи таърихӣ ба хотири бунёди давлати миллӣ ниёз доштанд, то ин ки бо мадади рӯҳи ниёгони бузург барои наслҳои худ фардои дурахшонро   фароҳам созанд.
Имрӯзҳо Тоҷикистон ба ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии худ омодагӣ мегирад. Яъне мо имсол чоряк асри аввали таърихи навини кишварамонро дар шоҳроҳи бунёди давлати соҳибихтиёр ҷамъбаст мекунем. Ҳоло кишвари мо бо азму иродаи қавӣ  ва мақсаду мароми нек дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба сӯи ояндаи умедбахш қадамҳои устувор гузошта истодааст. Дар ин ҷода мардуми тоҷик аз  дастовардҳои имрӯзаи мардуми Кувайт ва дигар миллатҳои дӯсту бародар низ илҳом мегирад.
Беҳуда нест, ки ҳанӯз 21 сол муқаддам, дар ибтидои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, моҳи апрели соли 1995 нахустин сафари расмии ман ба давлатҳои араб маҳз аз Кувайт шурӯъ шуда буд. Таҷрибаи давлати шумо дар эъмори ҷомеаи намунавӣ ва ободонии кишвар, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини оромиву осудаҳолии ҳар фарди ҷомеа ҷолибу омӯзанда эътироф шудааст.
Он замон бародари азиз, амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас - Сабоҳ дар мақоми муовини аввали сарвазир ва вазири корҳои хориҷӣ фаъолият доштанд. Дӯстии мо бо ин марди хирадманд ва сиёсатмадори рӯзгордида аз ҳамон  айём оғоз гардида, дидорҳои мунтазами мо ба рушду тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди кишварҳоямон нигаронида шудаанд.
Сафари расмии кунунии ин ҷониб ба кишвари афсонавии шумо  идомаи ҳамон мулоқотҳои арзишманд аст. Доир гардидани маҳфили имрӯза дар Донишгоҳи давлатии Кувайт бо ҳузури донишҷӯён ва устодони донишгоҳ басо рамзӣ мебошад. Ба ин манзур қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳазорон нафар  донандагони хуби забони арабиро метавон номбар кард, ки даҳҳо нафари онҳо дар риштаҳои гуногуни забону адабиёт ва таъриху фарҳанги арабӣ рисолаҳои илмӣ дифоъ кардаанд.
Изҳори умед мекунем, ки аз байни шумо, ҷавонон, низ олимону муҳаққиқоне ба воя мерасанд, ки таърихи дерина ва фарҳанги ғановатманди тоҷиконро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор медиҳанд. Забону адабиёт ва таъриху фарҳанги тоҷикон дар ҷаҳони араб то ҳол ба андозаи зарурӣ омӯхта нашудааст. Бисёр мехостем, ки муҳаққиқони кувайтӣ, бо дарназардошти муносибатҳои неки дуҷониба, дар ин ҷода нисбат ба дигар бародарони араби худ пешқадам бошанд.
То ин дам, то ҷое огоҳам, дар ин ҷода ҳамагӣ осори шоираи муқтадири кувайтӣ шайха Суод ас-Сабоҳ ба тоҷикӣ тарҷума ва дар Душанбе нашр шуда, ашъори ду шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор ва Гулназар дар Кувайт дар шакли китоб ба табъ расидааст.
Фикр мекунам, ки Шӯрои миллии фарҳанг, ҳунар ва адабиёти Кувайт бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва таваҷҷуҳи муштарак ҳамкории худро бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши тарҷума ва табъу нашри осори мардумонамон идома хоҳад дод.
Дар фарҷоми сухан мехоҳам ба созмондиҳандагони ин маҳфил, аз ҷумла ба роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кувайт ва, албатта, Шӯрои миллии фарҳанг, ҳунар ва адабиёт, хусусан, мудири кулли он ҷаноби Алӣ Ювҳа самимона арзи сипос ва қадрдонӣ намоям.
Итминон дорам, ки ин чорабинии бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, бузургдошти дар соли ҷорӣ пойтахти фарҳанги исломӣ эълон шудани шаҳри Кувайт ва сафари расмии мо сароғози корҳои нек дар самти ошноии ҳар чи бештари ду миллати бародар бо таъриху фарҳанги якдигар хоҳад гардид.
Саломату комёб бошед! Ташаккур! 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2016    №: 94    Мутолиа карданд: 797

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед