logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР КУВАЙТ

Мулоқот бо роҳбарони ширкатҳои бонуфуз ва муассисаҳои молиявӣ
Субҳи 16 майи соли 2016, дар рӯзи дуюми сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои соҳибкорию молиявии ин кишвар мулоқот намуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имкони дидору мулоқоти имрӯзаро ҳамчун иқдоми муҳим дар рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт арзёбӣ кард.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳузури доираи васеи намояндагони ширкатҳои Кувайт ба хотири таҳкиму тавсеаи муносибот оид ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон ва имкониятҳои он андеша ронд.
Тоҷикистон имрӯз дар чаҳорчӯбаи стратегияи дарозмуҳлати рушди миллии худ барномаҳои калон ва судовари иқтисодиро амалӣ менамояд, ки татбиқашон ҷалби сармояи бештари хориҷиро тақозо дорад. Тарҳу лоиҳаҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва нафту газ, коркарди нахи пахта ва алюминийи аввалия, бунёди инфрасохтори сайёҳиву иртибототу нақлиёт, истеҳсолу интиқоли оби нӯшокӣ ба мамолики  хориҷӣ барои кишвари мо хусусияти афзалиятнок доранд.
Баъди баромади пурмуҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба имкони сармоягузорӣ ва таҳияи лоиҳаҳои муштараки судовар аз номи соҳибкорону тоҷирони Давлати Кувайт раиси Палатаи савдо ва саноати Кувайт Саид Алӣ Синён ал - Ғоним сухан ронда, пеш аз ҳама, ба мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ва имкониятҳои фарохи иқтисодии он дар Осиёи Марказӣ ва минтақа баҳои баланд дод. Изҳори умед шуд, ки дар оянда бо истифода аз имкониятҳои истифоданашуда, лоиҳаҳои иқтисодию тиҷоратии гуногун таҳия ва ба нафъи ду кишвар татбиқ гарданд.
Ба андешаи соҳибкорони кувайтӣ барои тавсеаи ин ҳамкориҳо мулоқотҳои сатҳи олии сарони ҳукуматҳо ва робитаҳои ҳасанаи байни кишварҳо заминаҳои мусоид фароҳам овардааст ва умед аст, ки ин муносибот оянда дар сатҳи матлуб ба роҳ монда шавад.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, пешниҳодҳои сармоягузорони кувайтиро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории муфид дар рушди соҳаи сайёҳӣ, махсусан сайёҳии кӯҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок омӯзад ва дастгирӣ намояд.

Вохӯрӣ бо директори генералии “Маҷмуату шарикот аш - Шоеъ” Муҳаммад Ҳамад аш-Шоеъ
Дар Кувайт дар Маркази тиҷоратӣ - фароғатии “Авеню” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо директори генералии “Маҷмуату шарикот аш - Шоеъ” Муҳаммад Ҳамад аш-Шоеъ мулоқот кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ бо ин соҳибкор, ки яке аз тоҷирони маъруфи Кувайт ва мамолики Халиҷ мебошад, барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетикаи миёна ва хурд, саноати ранга, сабук ва хӯрокворӣ, сохтмон, кишоварзӣ, коммуникатсия муаррифӣ ва зарурати ҷалби сармояи кувайтӣ барои татбиқи онҳо ба миён гузошта шуд.
Таъкид гардид, ки тарҳу лоиҳаҳо дар соҳаи иктишофу истихроҷи канданиҳои фоиданок, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, истеҳсоли маводи сохтмонӣ, фаъолияти бонкиву суғуртавӣ ва ғайра,  метавонад барои ширкатҳои Тоҷикистону Кувайт хеле судовар бошад.
Имкони ҷалби қувваи корӣ ва дар сохтмони коллеҷу муассисоти иҷтимоӣ ва маърифатӣ омода намудани мутахассисони касбии тоҷик кори ниҳоят судманд ва яке аз роҳҳои дигари ҳамкорӣ номида шуд.

Мусоҳиба бо мудири бахши хабарии телевизиони Бандар Насир ас-Саидӣ
Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мудири бахши хабарии телевизиони Давлати Кувайт Бандар Насир ас-Саидӣ мусоҳиба анҷом дод.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои хабарнигор оид ба самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҳукумати кишвар, густариши робитаҳо бо мамлакатҳои арабӣ, аз ҷумла Давлати Кувайт, натиҷаҳои мулоқоти расмии сарони кишварҳо баҳри пешбурд ва таҳкими ҳамкорӣ, талошҳои муштараки Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳалли қазияҳои минтақа ва ҷаҳон посухҳои мушаххас дод.
Фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, мундариҷаи санадҳои ҳамкории имзошуда, нақши равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар расидан ба манфиатҳои муштарак, дурнамои неки ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори сайёҳӣ, ҷалби сармояи Кувайт ба бахши хусусӣ, натиҷаҳои муносибатҳои 20 - солаи дипломатӣ ва дурнамои он низ аз мавзӯъҳои мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори кувайтӣ буд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни посух ба суолҳо оид ба вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо Давлати Кувайт таъкид дошт, ки Тоҷикистон ва кишварҳои арабро анъанаҳои деринаи муносиботи нек ва равобити таърихӣ, ки аз тааллуқ доштан ба фазои ягонаи тамаддунӣ ва муштаракоти зиёди иҷтимоию фарҳангӣ бармеоянд, бо ҳам зич мепайванданд.
Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти таваҷҷуҳи роҳбарияти олии Давлати Кувайт ва доираи соҳибкорон ба густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ дурнамои онро ояндадор ва барои кишварҳо бобарор арзёбӣ кард.
Ба андешаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ бо Давлати Кувайт - ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, интиқоли оби нӯшокӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, нафту газ, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи бонк, андоз, сармоягузорӣ ва муносибот дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва маориф метавонад бошад.

Маросими муаррифии нашри арабии “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва ифтитоҳи намоишгоҳи Тоҷикистон
Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии Кувайт бо устодону донишҷӯён суҳбати самимӣ ва хотирмон доир намуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар донишгоҳ устодону донишҷӯён бо самимияти хоси истиқболи меҳмонони олимақом пазироӣ карданд.
Зимни вохӯрӣ нашри арабии ҷилди чоруми китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” муаррифӣ шуд.
Китоби пурарзиши таърихӣ бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт зери назари арабшиноси шинохта Назрулло Назаров ва тарҷумаи арабии Акрам Каримов дар нашрияи «Матобеъ ал – Аҳром» - и Кувайт ба чоп расидааст.
Дар маҷлисгоҳи ин муассисаи олии таълимӣ ректори донишгоҳ  доктор Ҳусейн Ансорӣ, декани факултаи адабу ҳунар доктор хонум Суод Абдулваҳод ва мудири шуъбаи таърих доктор Ҳодӣ Носир ал - Аҷмӣ дар бораи пуштибонии чеҳраи барҷастаи сиёсии олам, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз исломи ноб дар созмонҳои бонуфузи сайёра, ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи об, тарҷумаи китоби Қуръон ва ба мардум дастрас кардани он ва дигар талошҳо баҳри таҳкими муносибатҳои илмӣ, оид ба аҳамияти таърихии китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” баҳри ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани фарҳангу тамаддуни бою қадимаи мардуми тоҷик андеша ронданд. Баромадкунандагон дар бораи шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои ӯ дар рӯшан кардани таърихи тоҷикон ҳарф зада, Сарвари давлати Тоҷикистонро ҳамчун муаррихи маъруф муаррифӣ намуданд. Ба ҳозирон филми кутоҳмуддати мустанад оид ба фарҳанги оламшумули тоҷикон, оинҳои неки Наврӯзи ҷаҳонӣ ва ташаббусҳои Тоҷикистон барои ҷаҳонишавии ин ҷашни ниёгон намоиш дода шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди устодону шогирдони ин даргоҳи илм бо нутқи пурмуҳтаво баромад кард. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба созмондиҳандагони ин маҳфил, аз ҷумла ба роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кувайт ва Шӯрои миллии фарҳанг, ҳунар ва адабиёт, хусусан, мудири кулли он ҷаноби Алӣ Ювҳа арзи сипос ва қадрдонӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “Нашри нави ин китоб ба забони арабӣ дар кишвари шумо нишонаи эҳтиром ва эътирофи миллатест, ки бо таърихи куҳан ва фарҳанги асили худ дар пешрафти тамаддуни башариву исломӣ саҳми шоиста гузоштааст.”
Роҳбарияти донишгоҳ ба хотири қадршиносӣ аз саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду густариши ҳамкорӣ дар соҳаи илму маърифат байни кишварҳо ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи Донишгоҳи Кувайт ва албоми аксу мусаввараҳои нашри Кувайт ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим карданд.
Пас аз анҷоми чорабинӣ оид ба муаррифии нашри арабии китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” дар назди донишгоҳ намоишгоҳи Тоҷикистон кушода шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ намоишгоҳро ифтитоҳ намуд. Зимни тамошои он ҳайати ҳамроҳи Сарвари давлати Тоҷикистон ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Кувайт аксу мусаввараҳои табиати зебову нотакрори Тоҷикистонро тамошо карданд.
Дар намоишгоҳ барои муаррифии кишвари биҳиштосои мо гӯшаи китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, расму мусаввараҳои гуногуни инъикосгари таъриху тамаддун, фарҳанги оламшумули тоҷикон, меваҳои шаҳдбор ва хушкмеваҳо ва либосу асбобҳои миллӣ ташкил гардид.
Меҳмонон аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон ва муаррифии китоби  “Тоҷикон дар оинаи таърих” таассуроти нек бардоштанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2016    №: 94    Мутолиа карданд: 13922

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед