logo

мулоқотҳо

Мулоқотҳои Сардори давлат бо сокинони Ғончию Шаҳристон ва Зафаробод

24 июни соли 2009 дар хоҷагии деҳқонии «Овчӣ-Ғончӣ» Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз замини картошказор дидан карда, аз таҷрибаи ғании картошкапарварони  ноҳияи Ғончӣ ва натиҷаҳои ибратбахши корашон изҳори қаноатмандӣ намуд.

х х х
Мардуми деҳоти  Овчии ноҳияи Ғончӣ аз ташрифи нахустини  Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон хушҳолу сарфароз гашта, иттилоъ доданд, ки дар тамоми даврони ҳокимияти Шӯравӣ ягон роҳбари сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ҳатто ноҳиявӣ ба  ин маҳал боре наомада буданд.
Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки деҳқонони  хоҷагӣ картошкаро аввалҳои моҳи май кишт намуда, дар моҳҳои август - сентябр  аз ҳар гектараш то 40 - 50 тонна ҳосил мегиранд. Шуғли асосии мардуми ин деҳоти наздикӯҳӣ картошкапарварӣ  ва чорводорӣ аст. Онҳо аз ҳар 100 сар гӯсфанди зоти ҳисорӣ то 80-90 барра мегиранд.
Дар ҳамин деҳа  Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори  мардуми ноҳияи Ғончӣ  мулоқот карда, барои соли гузашта 100 ҳазор тонна картошка рӯёнданашон арзи сипос намуд ва мардуми ноҳияи Ғончиро  рекорддорони соҳаи картошкапарварӣ дар Тоҷикистон номид.
Таъкид гардид, ки дар зарфи 18 сол дар ноҳияи Ғончӣ майдони кишти картошка 10 баробар ва истеҳсолаш 20 баробар афзун шудааст.
Зимни сӯҳбатҳо маълум шуд, ки аз 28 ҳазор аҳолии ҷамоати деҳоти Овчӣ ягон кас ба муҳоҷирати меҳнатӣ  намеравад, зеро ризқу рӯзии худро  аз ҳамин ҷо пайдо намуда, сатҳи баланди зиндагиашонро  таъмин месозанд. Ҳамасола  ба ҳаҷ рафтани шумораи зиёди  сокинони ин деҳот  низ  аз сатҳи баланди зиндагии онҳо гувоҳӣ медиҳад.
Дар деҳаи Овчӣ бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки ба тариқи ҳашар бунёд ёфтааст, ба истифода супурда шуд.
Дар ҷараёни шиносоӣ маълум гашт, ки мактаби мазкур барои 520 нафар хонанда бо 250 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҷамъовардаи аҳли хоҷагӣ  бунёд ёфтааст. Мактаб аз 19 синфхона, толори маҷлис, ошхона иборат  буда, дорои тамоми шароити зарурӣ ва ашёи хониш аст.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббускорони бунёди ин мактаб  изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки дар арафаи иди Рамазони соли равон ба ҳамаи 520 нафар хонанда ва 29 муаллими ин мактаб  сару либос ва ашёи хониш  тӯҳфа хоҳад кард.
Дар ҳамин ҷо ҳамчунин таъкид гардид, ки дар давоми ду соли охир дар ноҳияи Ғончӣ ба тариқи ҳашар  барои 2700 нафар хонанда мактабҳо ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд ёфтаанд.

х х х
24 июни соли 2009, нимаи дуюми рӯз Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварда, бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Шавкат» аз наздик шинос шуд ва дар боғи хоҷагии «Боғистон» бо намояндагони аҳолии ноҳия мулоқот намуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рафти  иҷрои тадбирҳои  стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат ёдовар шуда, фаъолони ноҳияро ба ташаббускорӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонию шукуфоии Ватани азиз ва риояи амру фармонҳои Президенти мамлакат ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла оид ба гузаштан ба истифодаи лампаҳои  каммасраф, танзими анъана  ва ҷашну маросим ва ҳамчунин ба ҷамъоварии саривақтии ғалладона, ду ва ё зиёда  ҳосил  рӯёнидан аз заминҳои обӣ, васеъ намудани майдони кишти картошка ва бунёди  боғҳои  наву барқарорсозии боғоти  мавҷуда ҳидоят намуд.
Зимни маҳфили  ошкорои саволу ҷавоб Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри  бартараф намудани мушкилоти мавҷуда  ва масъалаҳои ҳалталаби мардум ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

х х х
Субҳи барвақти 25 июни соли 2009  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд сафар карда, дар як қатор хоҷагиҳои деҳқонии он бо корҳои саҳроӣ, аз ҷумла таҷрибаи деҳқонон дар гузарондани кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ аз наздик шинос шуд.
Истиқболи самимию пуршукӯҳи аҳолии ноҳия аз наздик шудани  ҷашни фархундаи Ваҳдати миллии Тоҷикистон, башорат медиҳад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз намоишгоҳи махсуси  занбӯри асал дидан карда, бо занбӯрпарварон  сӯҳбатҳои судманд анҷом дод. Занбӯрпарвар Очилбой Ҳабибов иттилоъ дод, ки имсол аз 800 оилаи занбӯраш 25 тонна асал ба даст оварданист.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ба ӯ дар шаҳри Душанбе барои кушодани мағозаи асалфурӯшӣ ҷой дода шавад. Занбӯрпарвар қавл дод, ки асалро дар ин мағоза аз нархи бозор хеле арзон пешниҳод хоҳад кард. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки  ба занбӯрпарварон барои кишти растаниҳои асалбор аз ҳисоби заминҳои бекормонда заминҳои иловагӣ ҷудо карда шавад.
Зимни боздид аз як замини кишти такрории полезиҳо Президенти мамлакат Эмомалӣ    Раҳмон ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки ғаллаи заминҳои обиро сари вақт беталаф ҷамъоварӣ намуда, дар ҷояш зуд кишти такрорӣ гузаронанд, то  истифодаи пурсамари заминҳои корам таъмин гардад. Чунон ки маълум шуд, дар ноҳияи Зафаробод бо истифода аз имконоти мусоиди имсола иҷрои супориши Президенти мамлакат оид ба захира намудани маводи ғизоӣ ва хӯроки чорво барои 2 сол хуб оғоз ёфтааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз як замини пахта,  ки 14 май баъди офатҳои табиӣ дубора кишт шудааст, дидан кард ва аз нашъунамои хуби он изҳори қаноатмандӣ намуд.
Зимни шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии ҳосили гандум дар заминҳои  корхонаи мурғпарварии соҳибкор Ғуфронҷон Усмонов зикр гардид, ки ин корхона 123 гектар замини корам дорад ва бештар барои таъмини паранда бо дон ғалладона кишт мекунад. Дар корхонаи ӯ  12 ҳазор сар мурғ парвариш меёбад, ки  5,5 ҳазораш тухмдеҳ аст. Аз ин корхона ҳамарӯза то 3 ҳазор дона тухм ба бозор пешниҳод мешавад.
Дар замини кишти пиёз  иттилоъ дода шуд, ки  дар 700 гектар заминҳои ноҳия имсол бори нахуст пиёзи барвақтӣ кишт шудааст. Аҳли хоҷагии деҳқонии «Меҳриниссо» аз ҳар гектар замини пиёзи барвақтӣ то 450- сентнерӣ ҳосил гирифта истодаанд. Маълум шуд, ки ҳавасмандӣ ба кишти пиёзи барвақтӣ зиёд аст, зеро ин маҳсулоти содиротӣ мебошад ва фоидаи хуб меорад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳаи кишоварзии сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ дастур дод, ки ба мардум барои дастрас намудани тухмии хушсифати зироатҳо кӯмак расонанд, то аз ин ҳисоб ҳосилнокӣ афзун шавад.
Дар бошишгоҳи саҳроии хоҷагии деҳқонии “Бахт” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони мардуми ноҳияи Зафаробод мулоқот намуда, сӯҳбати озоду ошкоро орост ва ба саволҳои сершумори онҳо посух дод.
Аз ҷумла дастур дода шуд, ки ба ноҳияи Зафаробод то  охири сол 20 адад трактори нав дода шавад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки барои ҳалли мушкилоти мавҷудаи иҷтимоии ноҳия 2 миллион  сомонӣ имсол  ва 2 миллиони  дигар соли оянда маблағҳои иловагӣ ҷудо карда мешаванд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 650

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед