logo

иқтисод

ХАРИТАСОЗӢ: БУРДҲО ВА БОХТҲО

Корхонаи воҳиди давлатии «Фабрикаи харитасозӣ» сенздаҳ сол муқаддам таъсис ёфта буд. Корхона дар тӯли ин солҳо ба чӣ корҳо  шуғл варзида, чӣ пешрафту мушкилот дорад?
Барои иттилои бештар пайдо кардан бо Шарофиддин Шарифов, сармуҳандиси корхона, ҳамсуҳбат шудем, ки чунин гуфт:

- Фаъолияти корхона асосан аз соли 2004 оғоз шуда, дар ибтидо 2 – 3 харитасоз ва 2 чопгар  доштем. Бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи харитасозӣ дар Тоҷикистон  таҳкурсӣ гузоштем. То ин давра дар кишварамон соҳаи харитасозӣ вуҷуд надошта, дар баъзе аз вазорату идораҳо харитаҳои соҳавӣ мебароварданд. Аз соли 2005 то соли 2015   барои тамоми минтақаҳои  Тоҷикистон харитаҳои истифодаи умум тартиб додем. Ғайр аз ин барои соҳаи маорифу сайёҳӣ ва ташкилотҳои низомӣ харитаҳо омода кардем. Дар маҷмӯъ бештар аз 60 номгӯй харитаҳои гуногунсоҳаро дар ҷумҳурӣ, минтақаю шаҳрҳои калонтарин бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо теъдоди 150 ҳазор нусха чоп намудем. Аксари  ин харитаҳо бо супориши давлатӣ нашр мешаванд. Бо фармоиши як зумра ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ ҳам дар асоси шартнома, барояшон харитаҳои махсус омода ва чоп мекунем. Масалан, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, раёсатҳои шаҳрҳо, сохторҳои дар соҳаи нақлиёт фаъолиятдошта, вазоратҳои энергетика ва захираҳои обу кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, идораҳои амниятӣ фармоишот медиҳанд. Ҳар сол барои ташкилотҳо  харитаҳои нав омода  намуда, харитаҳои  мавҷударо бо маълумоти нав такмил медиҳем. Аз аввали сол бо раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе,  Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва  сафорати Амрико дар Тоҷикистон шартнома бастем. Тасмим гирифтаем, ки ба истиқболи  25 - солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ барои муассисаҳои таълимӣ дар миқёси 1: 30 000 000 ба андозаи диаметраш 42 см 200 глобуси калонҳаҷм тайёр кунем. Ҳоло  намунаи таҷрибавии он омода шудааст. Глобус пурра ба забони тоҷикӣ аст.  Нақша дорем, ки дар семоҳаи сеюми соли равон ба вазорату ташкилотҳо 200 глобус пешниҳод намоем. Барои харидории он аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ низ таваҷҷуҳ зиёд буда, барои 3000 глобус додани фармоиш дар назар аст. То охири нимсолаи аввал бо вазорат шартнома мебандем ва бештар аз 8 ҳазор харитаи глобуси табиию харитаи  глобуси сиёсӣ чоп мекунем. Солҳои 2014 – 2015 барои синфҳои 6, 7, 8,  9 понздаҳ ҳазор атлас чоп кардем. Вале ин шумора хеле кам аст. Барои талаботи вазоратро  қонеъ кардан ҳар як атласи синфҳои алоҳида бояд на камтар аз 150 ҳазор нусха чоп шавад. Супориш аст, ки  талаботи вазоратро барои чопи харитаҳои девории фаннҳои таърих ва ҷуғрофия қонеъ кунонем. Барои иҷрои ин корҳо вақту маблағи муайян зарур аст.
Бояд гуфт, ки аз оғози истиқлолиятамон 25 сол сипарӣ мешавад, аммо  то имрӯз  масъалаи таъминоти атлас дар муассисаҳои таълимӣ қонеъкунанда нест ва касе масъулиятро бар зимма нагирифтааст. Дар мактабҳо харита намерасад. Дар корхона мутахассисон мерасанд. Ва  агар зарурат пеш ояд, мо худ метавонем, ки дар дохили коргоҳ бо гузарондани  дарсҳои махсус дар тӯли 2 – 3 моҳ  мутахассисони даркориро омода намоем.
Муҳим эҳсоси масъулият аст, ки бояд масъулон дарк намоянд.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2016    №: 95    Мутолиа карданд: 430

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед