logo

иқтисод

ХАТЛОН. ТАВАҶҶУҲ БА ПАХТАКОРӢБЕШТАР МЕШАВАД

Пахта ашёи муҳими хоми саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз кордарди ин ашёи қимматбаҳо имконияти содиротии кишвар афзуда, аз ин ҳисоб ба буҷети мамлакат маблағи зиёд ворид мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ба рушди пахтакорӣ ва васеъ намудани майдони кишти ин зироат таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад.
Бино ба маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилоят, имсол дурнамои кишти пахта 120 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. То рӯзи 10 май он 97,3 дарсад иҷро гардид. Ёдовар мешавем, ки соли 2015 дар 113847 гектар пахта кишт шуда буд. Аз рӯйи маълумоти сарраёсат, пахтакорони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Сарбанд, Қӯрғонтеппа, Данғара, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ, Ёвон, Шаҳритуз, Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Хуросон, Вахш ва Бохтар дурнамои киштро пурра иҷро карданд.
Барои кишт ва дорупошии заминҳои пахта 1057 адад техника равона шудааст. Ба андешаи мутахассисони соҳа, ҷиҳати васеъ намудани майдони кишти пахта ва рушди соҳаи пахтакорӣ имкониятҳо хеле зиёданд. Коршиносон бунёди боғҳоро дар заминҳои ҳамвори обӣ, ки қаблан пахта кишт мешуд яке аз омилҳои коҳиш ёфтани истеҳсоли пахта арзёбӣ мекунанд. Ҳамчунин, поён рафтани нархи ин маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ, хариди он дар заводҳои коркарди пахта ва чанд омили дигар пахтакоронро то ҳадде аз пахтакорӣ дилмонда карда буд.
- Соли гузашта барои хоҷагиҳои пахтакор он қадар бобарор набуд. Нархи 1 тонна пахта нисбат ба чанд соли пеш хеле коҳиш ёфта, ба 3000 - 3500 сомонӣ баробар шуд. Аз тарафи дигар, болоравии нархи нуриҳои минералӣ ва заҳрдоруҳо барои безараргардонии ниҳолҳои пахта аз ҳашарот то ҳадде ба самараи кори деҳқон таъсир расонд, - гуфт Ёрмаҳмад Саидов, хоҷагидор аз ноҳияи Бохтар.
Ба қавли Ё. Саидов, кишти дигар зироатҳо, ба мисли картошка, пиёз, сабзӣ ва карам низ ба манфиати кори деҳқон аст. Аммо пахта барои Тоҷикистон маҳсулоти содиротии пурарзиш буда, даромад аз ин ҳисоб ба рушди саноат, ғанӣ гардидани буҷети давлат ва болоравии сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи бештар додан ба пахтакорӣ ва дастгирии бевоситаи хоҷагиҳо вазифаи асосии вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
 Ба андешаи мутахассисони бахши кишоварзӣ, ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи пахтакорӣ барои хоҷагиҳои пахтакор бояд имтиёзҳои бештар дода шаванд. Поён бурдани ҳаққи истифодаи замин, об ва қарзҳои бонкӣ боиси рушди ин соҳа гардида метавонанд. Ба гуфтаи деҳқонон, қарзҳои имтиёзноке, ки бонкҳо барои хоҷагиҳои пахтакор пешниҳод кардаанд, ҳанӯз қонеъкунанда нестанд.

Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2016    №: 95    Мутолиа карданд: 512

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед