logo

иҷтимоиёт

АГАР ДИЛ СӮЗАД...

СУХАН АЗ БОБИ МАЪЮБОН МЕРАВАД
Владислав Лекомсев, маҳрум аз ду пой ҷисми нимтанаи худро дар тахтаи лижаронӣ баста, майдони 10 - километраи лижарониро тай кард ва ғолиби мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон миёни маъюбон гардид. Ба гуфтаи ӯ, аз ин ба баъд ҳамин шуғлро ба худ касб мекунад, ба мисли ҷавонони солим бо ҷасорат ва тамрини мунтазам дар пешрафти ҷомеа саҳм мегузорад. Варзиши маъюбӣ дар кишварҳои пешрафта хеле рушд кардааст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ варзишро дар барқарорсозии рӯҳу равони шахсони дорои имконияташон маҳдуд беҳтарин восита медонад.
Мақсад аз ин сатрҳо на тарғиби варзиш миёни маъюбон, балки пайдо кардани шуғл ё касби мувофиқ барои солимнигоҳдорӣ ва рӯҳбаландии маъюбон ҳамчун як узви баробарҳуқуқи ҷомеа мебошад. Бо вуҷуди ҳама саъю талошҳо ва аҳамияти вижае, ки Ҳукумати мамлакат ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, махсусан маъюбону пирон зоҳир менамояд, дар ин марҳалаи мураккаби дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, бахусус тағйири инфрасохтори корӣ сафи маъюбон афзуда истодааст. Ба иттилои коршиносон зимни конфронси минтақавии «Фарогирии шахсони имконияташон маҳдуд ба шуғл дар доираи таҷрибаи давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон», дар ҷумҳурӣ теъдоди умумии маъюбон ба 163 700 нафар расидааст, ки 2,1 фоизи аҳолиро фаро гирифтааст.
Матлуба Искандарова, сардори шуъбаи мониторинг ва дурнамои бозори меҳнати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, мегӯяд, ки дар соли 2015 ба мақомот барои дарёфти ҷойи кор 112 961 нафар ва дар давоми се моҳи соли 2016 - ум 39 268 нафар шаҳрвандон муроҷиат кардаанд. Аз ин шумора  50 687 нафар корҷӯ ва 3 760 нафари ба ҳимояи махсуси иҷтимоӣ ниёзманд тавассути квота бо кор таъмин шудаанд. Таҳлили раванди бокортаъминшавӣ дар ҷойҳои кории бандшуда нишон медиҳад, ки бештари корбарон занон мебошанд, 150 нафари онҳо маъюбанд.
- Новобаста аз ин, мутаассифона, бештари корфармоён хоҳиши ба кор қабул кардани ин табақаи аҳолиро надоранд. Корфармо пеш аз ҳама барои пешрафти кор бо назардошти маҳорати нокифояи касбӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ зараровар аз қабули онҳо худдорӣ мекунад, - гуфт Матлуба Искандарова. - Аз ин хотир, пешниҳод карда мешавад, ки барои босамар татбиқ шудани ин тадбирҳо механизми таъсис додани ҷойҳои кории субсидияшаванда барои табақаи осебпазири аҳолӣ роҳандозӣ карда шавад. Ҳамчунин, ба корфармоён  барои бо ҷойҳои кории махсус таъмин намудани маъюбону дигар табақаи осебпазири аҳолӣ имтиёзҳои иқтисодӣ ё дастгирии молиявии иловагӣ пешбинӣ гардад. Ин таҷриба дар дигар давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон васеъ истифода мешавад. Хеле муҳим аст, ки барои дар сатҳи зарурӣ ба тайёрии касбӣ фаро гирифтани табақаи осебпазири аҳолӣ ва мусоидат ба шуғли онҳо таҷрибаи низоми инклюзивии таълими касбӣ ҷорӣ карда шавад ва корфармоён низ иштирокчиёни фаъоли ин низом бошанд.
Бояд гуфт, ки бидуни рушди шеваҳои ташхиси тибби иҷтимоӣ бартараф сохтани иллатрешаҳое, ки боиси носолимии ҷисмониву равонии ҷомеа гардидаанд, ғайриимкон аст. Меъёрҳое, ки ҳанӯз барои муайян намудани маъюбӣ истифода мешуданд, монанди маҳдудияти қобилияти корӣ, алъон тавсеа ёфтаанд. Аз рӯйи асосҳои консептуалии Таснифи байналмилалии фаъолият тавсифи маъюбӣ аз доираи ташхиси таббӣ баромада, паёмадҳои иҷтимоиву иқтисодиро фаро мегирад.
Бо муқаррар кардани маъюбӣ ҳуқуқ ба ёрии иҷтимоӣ ва ё озод кардан аз уҳдадориҳои касбӣ фароҳам оварда мешавад. Ғайр аз ин, ҷорӣ кардани низоми нави иттилоотӣ таъмини омории мушкилот, аз ҷумла мушкилоти вобаста ба баҳодиҳии фаврияти воқеияти зуҳуроти маъюбиро пурра тағйир додааст. Вале дар кишвари мо ҳанӯз ҳам низоми куҳнаи сабти маъюбон амал мекунад, ки дар натиҷа шахси дорои оризаҳои устувори беморӣ, ки ба ёрии офиятбахшӣ эҳтиёҷ дорад, мумкин аст аз низоми расмии сабти ном ва ҳифзи иҷтимоӣ берун монад. Аз ин рӯ, роҳандозии низоми воқеии ташхиси тиббӣ – иҷтимоии қобилияти маъюбон ва сабти онҳо самаранокии сиёсати иҷтимоиро таъмин менамояд. Барои ин Пажӯҳишгоҳи ташхис ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аҳолии кишварро зарур аст, ба ҳалли ин масоили ба ҷомеа судманд чораҳои қатъӣ андешад. 

О. ВАФОБЕКЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2016    №: 95    Мутолиа карданд: 424

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед