logo

ҳуқуқ

ФАЪОЛИЯТИ ИНСОНДӮСТОНА

Татбиқи тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд
Конфронси байналмилалии илмӣ - амалӣ дар мавзӯи «Фаъолияти инсондӯстона ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона дар ислом», ки бори нахуст дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе, дар доираи ҳамкории Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Миссияи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон, баргузор гардид, Баёнияи ниҳоӣ қабул кард.

Ба таъкиди иштирокдорони ҳамоиш, дар байни фарҳанги миллию динӣ ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона шабоҳат ва наздикиҳое вуҷуд доранд, ки имкон медиҳанд онҳо дар фаъолиятҳои инсондӯстона самаранок истифода шаванд. Олимону коршиносон зарурати ба роҳ мондани ҳамкории доимӣ ва гуфтугӯи конструктивиро дар байни ниҳодҳои башардӯстонаи давлатӣ ва иттиҳодияҳои динӣ ҷонибдорӣ намуданд, то ки ҳалли проблемаҳои калидии марбут ба фаъолияти инсондӯстона, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи потенсиали сулҳофарӣ ва башардӯстӣ имконпазир гардад.
Бартарафсозии монеаҳо дар роҳи анҷом додани фаъолияти инсондӯстона на танҳо вазифаи аввалиндараҷаи сохторҳои давлатӣ, балки масъулияти бузурги созмонҳои байналмилалии башардӯстона ва ташкилотҳои мусулмонӣ низ мебошад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо таъмини ҳамкориҳои судманд дар сатҳи давлатӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ зарур аст, ки рушду такомули бемайлони онҳо барои ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои инсондӯстона мусоидат менамоянд.
Дар заминаи мубоҳисаву музокираҳо муқаррар гардид, ки меъёрҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона бо арзишҳо ва қонуну қоидаҳои умумиинсонӣ ҳеҷ ихтилофе надоранд. Аз ин рӯ, иштирокдорони ҳамоиши илмӣ истифодаи мероси пурғановати ниёгони пурифтихорро зимни фаъолиятҳои инсондӯстонаи муосир дар партави арзишҳо ва муқаррароти воқеии ҳуқуқи исломӣ, ҳамчунин, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ва қонунгузориҳои амалкунандаи кишварҳо муҳим арзёбӣ намуданд.
Созмондиҳандагон ва иштирокдорони конфронси байналмилалӣ дар шакли тавсиявӣ ва машваратӣ изҳори матлабҳои зеринро мувофиқи мақсад донистанд:
Созмонҳои динии минтақавӣ дар кишварҳои мусулмонӣ ҳамкории васеъро бо мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ барои таҳия ва татбиқи чораҳои зарурӣ ҷиҳати фарогирии ҳамаҷонибаи ҷанбаҳои инсондӯстонаи ислом дар ҷомеа идома бахшанд.
Тақвияти тадбирҳои машваратӣ ва ҳамоҳангсозӣ барои ҳамкорӣ дар  самти  тарғиби   арзишҳои  меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона барои пешгирии задухӯрдҳои эҳтимолӣ ва роҳандозии арзишҳои умумиинсонии башардӯстона дар низоми маориф, таълиму тарбия ва муносибатҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор дониста шавад.
Иштирокдорони ҳамоиш таҳияи платформаи кории дарозмуддатро барои муҳаққиқон, чи дар бахши ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ва чи дар матни ҳуқуқи исломӣ бо ҷалби мутахассисон аз муассисаҳои илмӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ ҷонибдорӣ менамоянд. Дар заминаи платформаи мазкур ташкили баҳсу мунозираҳо оид ба масъалаҳои  марбут  ба татбиқи фаъолияти инсондӯстона ва таҳияи барномаи дарозмуддати пурсамар бо назардошти хусусиятҳои зеҳният ва анъанаҳои маҳаллӣ, потенсиали ниҳодҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, байналмилалӣ ва динӣ имконпазир аст.
Пӯшиши байналмилалии ин ҳамоиши илмӣ низ натиҷаҳои дилхоҳ дод. Меҳмонон аз вазъияти воқеии сиёсию идеологӣ, пешравиҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвари мо огоҳӣ ёфтанд, озодии виҷдон ва фаъолияти бемамониати иттиҳодияҳои диниро ба чашми худашон диданд. Фикру андешаи онҳо дар робита ба баъзе хабарҳои иғвогарон ва дасисакорон дар бораи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои иттилоотии хориҷӣ ва шабакаи интернет тағйир ёфта, мутмаин шуданд, ки ин овозаҳо аз воқеият ниҳоят дуранд ва таассуроти худро аз тариқи воситаҳои ахбори ватанӣ иброз намуданд.
Зикр гашт, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи дарёфти ҳамоҳангии муваффақонаи муносибати давлати дунявӣ ба дин барои идома бахшидани фаъолияти илмӣ - тадқиқотӣ доир ба омӯзиши масъалаҳои марбут ба татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона уфуқҳои тозаро боз хоҳад кард.
Додоҷон РӮЗИЕВ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2016    №: 95    Мутолиа карданд: 572

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед