иқтисод
ДАШТАК.
КОНИ МАРМАРЕ, КИ АЗ НАВ ФАЪОЛ ГАРДИД
Баъди сукути чандсола истихроҷи санги мармар дар мавзеи Даштаки ноҳияи Ванҷ дубора роҳандозӣ гардид.
Кони мармари мавзеи Даштак бо маҳсулоти худ дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он шуҳрат дошт. Маҳсулоти корхонаро асосан дар ороиши майдону иншооти маъмурию фарҳангии шаҳри Маскав ва берун аз он истифода мебурданд. Аммо солҳои 90 - уми асри гузашта корхонаи мармари Даштак ҳам аз кор монд. Оҳиста - оҳиста дастгоҳҳои сангтарошӣ низ хароб гардиданд. Дигар ба эҳёи он касе бовар ҳам намекард. Вале сафари кории Сарвари мамлакат ба ноҳияи Ванҷ корхонаро умри дубора бахшид. Пешвои миллат соли 2015, дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Ванҷ соҳибкорони муваффақи маҳаллиро ҳидоят намуд, ки барои ба кор андохтани кони мазкур чораҷӯӣ намоянд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷаҳонгир» ин вазифаи масъулиятнокро ба зимма гирифт. Моҳи феврали соли равон ҶДММ “Ҷаҳонгир” аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Эрон таҷҳизоту техникаи муосирро дастрас кард. Аз даҳаи аввали моҳи март истихроҷу коркарди санги мармар оғоз ёфт.
Айни ҳол аз кони ин мавзеъ моҳе то 150 метри кубӣ санги мармар истихроҷ мекунанд. Маҳсулоти корхонаро ташкилотҳои сохтмонии шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи кишвар харидорӣ менамоянд. Бо афзоиши ҳаҷми истеҳсолот даромади корхона низ меафзояд. Ба гуфтаи Шодмон Абдусаломов, сардори корхона, ба наздикӣ бо як ширкати сохтмонии чинӣ шартнома ба имзо расонда шуд, ки тибқи он ин ширкат аз моҳи июн маҳсулоти тайёрро аз ҷамъияти “Ҷаҳонгир” мехарад. Корхона то фаро расидани ҷашни Ваҳдати миллӣ истеҳсоли ҳармоҳаи санги мармарро ба 200 метри кубӣ расонданист.
Дар замони шӯравӣ дар ин ҷо танҳо як намуди маҳсулот, яъне тахтасанги мармар истеҳсол мешуд. Ҳоло бошад, дар назди кони мармари Даштак ҷамъияти дигари маҳаллӣ - ҶДММ «Мармар-стоун» низ як корхонаи нав кушод, ки аз пасмондаҳои санг маҳсулоти мухталифи бинокорӣ тавлид мекунад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.05.2016 №: 95 Мутолиа карданд: 611