logo

иқтисод

ҲАЗАР АЗ ПӮСТИ МУРҒУ ГӮШТИ БӮГИН!

Ҳифзи бозори истеъмолии мамлакат аз молҳои пастсифат, ба ин васила эмин нигоҳ доштани саломатии сокинон хусусан аз маҳсулоти ғизоӣ ва таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон рисолати аслии кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия  ва нозироти савдо (Агентии Тоҷикстандарт) мебошад. Ҳоло дар ин самт  аз ҷониби агентӣ чӣ тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд ва кадом натиҷаҳо ба даст омадаанд? Дар посух ба ин ва саволҳои дигари хабарнигори «Ҷумҳурият» директори агентӣ Қурбониён Ибодулло Карим чунин посух дод:

- Кормандони агентӣ ҷиҳати ҳифзи бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон пайваста талош менамоянд. Мунтазам таҳия ва қабул шудани ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ дар ҳамоҳангӣ ба талаботи муқарраршудаи байналмилалӣ низ маҳз бо ҳамин мақсад аст.
Дар асоси “Барномаи таҳияи регламентҳои техникӣ барои солҳои 2013-2014”, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, дар қатори дигар санадҳои муҳим Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тамға-гузории маҳсулоти хӯрокворӣ” қабул гардид. Ҳуҷҷати мазкур барои воридкунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ дар самти тамғагузорӣ талаботи ҳатмӣ ва мушаххасро муқаррар менамояд.
Мутаассифона, вақтҳои охир дар маҳсулоти хӯроквории аз Чин, Ҳиндустон, Туркия, Покистон, Эрон ва давлатҳои дигар  воридшаванда камбудиҳои ҷиддӣ, назири мутобиқат накардани тамғагузорӣ ба маҳсулоти дохили борҷома,  мувофиқат накардани вазни маҳсулот ба нишондоди тамғагузорӣ ба мушоҳида мерасанд. Дар ин замина ба соҳибкорон амрияҳои манъи фурӯш дода, ҳамзамон тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба онҳо чораҳо андешида мешаванд.
Дар давоми чор моҳи соли 2016 дар асоси талаботи қонунҳои амалкунанда дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва роҳ надодан ба воридоти маҳсулоти пастсифати гӯшт ва тухми мурғ аз хориҷи кишвар, шумораи дақиқи воридкунандагони ин навъи маҳсулот муайян гардида (32 ширкат ва соҳибкори инфиродӣ),  онҳо ҷиҳати минбаъд манъ намудани воридоти тухм таъкид ва огоҳонида шуданд.
Таҳлилҳо собит намуданд, ки айни замон истеҳсоли тухм вусъат ёфта, маҳсулоти дар дохили кишвар истеҳсолшаванда бозори истеъмолиро пурра таъмин менамояд ва барои воридоти он аз хориҷ эҳтиёҷ намондааст. Дар натиҷаи ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи кормандони агентӣ миқдори воридот то ҳадди ниҳоӣ кам шуд (дар 4 моҳи аввали соли равон ҳамагӣ воридоти 40 тонна тухм ба қайд гирифта шудааст, дар холе ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта қариб 1000 тоннаро ташкил медод). Ҷои таъкид аст, ки бо вуҷуди хеле кам шудани воридоти тухм аз хориҷи кишвар дар бозори истеъмолӣ нархи он низ боло нарафт. Яъне, имкон фароҳам омад, ки тухми истеҳсоли дохилӣ бештар ба истеъмолкунандагон дастрас гардад ва барои сокинон ҷойҳои нави кор таъсис ёбанд.  Айни замон аз тарафи агентӣ воридоти  тухми мурғ аз хориҷи кишвар пурра манъ шудааст.
Бо мақсади тақвият бахшидан ба истеҳсоли молҳои ватании ивазкунандаи воридот ва пешгирии воридоти маҳсулоти бесифату хатарнок ба як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ тағйирот ворид карда шуд. Аз ҷумла, пӯсти мурғ, ки қаблан тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ дар истеҳсолот мавриди истифода қарор дошт, аз шартҳои техникӣ хориҷ ва манъи истифодаи он ба Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Бехатарии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ” ворид, ҳамчунин, воридоти чарбуи чорво манъ гардид. Барои манъ намудани воридоти равғани нахл (палма) низ кормандони агентӣ бо соҳибкорони воридкунанда корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.
Охирҳои соли сипаригардида дар натиҷаи санҷиши муштараки мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори махсусан калон маҳсулоти хурмои муҳлати истеъмолиаш гузашта, ки аз ҷониби ширкати «Абад Тиҷорат Каспиян»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид гардида буд, аз муомилот гирифта шуд. Дар натиҷаи тақвият додани корҳои назоратӣ дар давоми чор моҳи охир воридоти маҳсулоти мазкур аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дигар ба қайд гирифта нашудааст.
Дар раванди ҳамкорӣ чанде қабл аз тарафи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия намунаи маҳсулоти гӯшти говмеш, ки аз кишвари Ҳиндустон ворид шудааст, ба озмоишгоҳи Агентии Тоҷикстандарт супорида шуд ва дар натиҷаи ташхис муайян гардид, ки маҳсулот аз рӯи нишондодҳои органолептикӣ ва микробиологӣ ба талабот ҷавобгӯй намебошад. Ҳарчанд ки дар борҷома муҳлати истеъмолии маҳсулот то моҳи июни соли ҷорист,  бо сабаби риоя нагардидани талаботи нигоҳдорӣ дар сардхона, яъне номутобиқатии ҳарорати муқарраршуда маҳсулот вайрон ва истифодаи он хатарнок гардидааст. Беш аз 1000 тонна гӯшт, аз ҷумла 230 тонна аз Эрон ва 92 тонна аз Ҳиндустон ва 143.4 тонна чойи хушки  аз Эрон воридгардида ғайристандартӣ дониста, аз муомилот бароварда шуд ва соҳибкорони воридкунанда ҷазо гирифтанд.
Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи пурзӯр гардидани назорат аз ҷониби мутахассисони соҳа тамоюли ошкор намудани маҳсулоти ғайристандартӣ нисбат ба солҳои қаблӣ дар кишвар афзоиш ёфт. Аз аввали соли равон то кунун беш аз 1660 тонна маҳсулоти пастсифат ошкор гардид, ки наздики 600 тоннаи он маҳсулоти муҳлати истеъмолиашон гузашта мебошад.
Боиси таассуф аст, ки ҳоло ҳам баъзе аз соҳибкорон барои фоидаи муфт ба даст овардан  манфиатҳои давлат ва мардумро пушти по зада, ба бозори истеъмолӣ молу маҳсулоти хатарнок ва ғайристандартӣ ворид менамоянд. Дар марказҳои савдо, нуқтаҳои фурӯш, бозорҳо ва анборҳои нигоҳдории маҳсулот камбудию норасоиҳои зиёде мавҷуданд, ки ислоҳи онҳо  пеш аз ҳама ба ҳисси миллатдӯстӣ, масъулият ва виҷдони соҳибкорону фурӯшандагон вобаста аст. Аз ин ҷиҳат, ба истеъмолкунандагон тавсия медиҳем,  ки дар вақти харидани маҳсулот пеш аз ҳама ба санаи истеҳсол ва муҳлати истеъмолии он эътибор дода, ҳамзамон аз фурӯшандагон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат ва бехатарии маҳсулотро талаб намоянд.
Агентии Тоҷикстандарт якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷишҳои муштарак гузаронда, назорати маҳсулоти хӯроквории воридотӣ ва дохилиро тақвият медиҳад. Мо омодаем, ҳамкориро бо ҳамаи соҳибкорону ширкатҳои ватанӣ ва хориҷии воридкунандаи молу маҳсулот, ки талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя менамоянд,  тақвият бахшем.

Сайвалӣ АЗИЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2016    №: 95    Мутолиа карданд: 695

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед