logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Ғончӣ, 24 июни соли 2009

Дӯстони азиз!
Ҳозирини мӯҳтарам!
Аз субҳи дирӯз сафари кории мо бо як қатор аъзои Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарони ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ ба вилояти Суғд оғоз гардид.
Мо то ин лаҳза дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти дорои аҳамияти муҳими иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд иштирок кардем, ки ҳамаи онҳо воқеан нишонаи возеҳу равшани сулҳу амнияти пойдор ва ваҳдати устувори миллӣ дар кишварамон мебошад.
Ҳоло ки мо ба назди шумо омадаем, бо истифода аз фурсат ҳамаи шумо - сокинони меҳмоннавозу заҳматдӯсти ноҳияи Ғончиро ба ифтихори дувоздаҳумин солгарди ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, бароятон рӯзгори орому осуда, хонаи ободу дастархони фаровон ва иқболи неку сарбаландӣ орзу менамоям.
Ҳамчунин мехоҳам хотирнишон созам, ки имрӯз дар ноҳияи шумо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани зеристгоҳи барқии «Ҷануб-Шимол» низ давоми мантиқии чорабиниҳои ҷашнии Ваҳдат ва натиҷаи сулҳу суботи пойдор дар мамлакатамон мебошад.
Тавре ки шумо медонед, мо се сол пеш бунёди хати интиқоли барқи баландшиддати 500 - киловолтаи «Ҷануб-Шимол»-ро шурӯъ карда будем.
Ҳадаф аз бунёди хати мазкур, пеш аз ҳама ташкили шабакаи ягонаи энергетикии кишвар ва ба таври мӯътадилу мунтазам бо барқ таъмин кардани аҳолии вилояти Суғд, инчунин соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти саноативу кишоварзии он мебошад.
Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари кормандони ширкати кишвари дӯсту ҳамсояи Чин то имрӯз ба масофаи 325 километр хати интиқоли барқи баландшиддат кашида шуд.
Бояд махсус зикр кард, ки иншооти мазкур бо сифати баланд ва пеш аз мӯҳлат бунёд гардида, дар сохтмони он танҳо дар ҳудуди вилояти Суғд зиёда аз 400 нафар коргару мутахассиси маҳалливу хориҷӣ заҳмат кашиданд, ки ба ҳамаи онҳо изҳори сипос менамоям.
Барои беҳтар гардидани вазъи таъминоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо қувваи барқ  дар раванди татбиқи лоиҳаи мазкур инчунин  бояд як қатор корҳои дигар, аз ҷумла дар масофаи 32 километр кашидани се хати интиқоли барқи 220 - киловолта низ бояд ба анҷом расонида шаванд.
Имрӯз мо ин корро оғоз бахшидем ва лоиҳаи зикршуда дар ҳаҷми қариб 280 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Сохтмони ҳар се хати интиқоли барқ то охири ҳамин сол пурра ба охир мерасад.
Бунёди ин иншоот, пеш аз ҳама вазъи таъминоти аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро бо қувваи барқ хеле беҳтар мегардонад ва дар баробари ин, ба рушди минбаъдаи соҳаҳои  иқтисодиву иҷтимоӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Ҳозирини гиромӣ!
Се сол қабл аз ин, ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Ғончӣ баъди мавриди истифода қарор додани мактаби рақами 53-юм ба сохтору мақомоти дахлдор  супориш дода будем, ки  аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохтмони боз ду бинои нави мактаби таҳсилоти умумиро амалӣ намоянд.
Соли гузашта сохтмони яке аз онҳо, яъне мактаби деҳаи Ғазантарак пурра ба охир расид ва ба истифода супурда шуд. Як – ду соат пештар мо дар маросими ба истифода додани мактаби таҳсилоти умумии № 20 барои 694 хонанда ширкат доштем.  Сохтмони ин мактаб ҳанӯз соли 1986 оғоз гардида, вале аз сабаби танқисии маблағ соли 1991 нотамом монда буд.
Барои барқарорсозӣ ва таъмири пурраи мактаби номбурда моҳи маи соли 2008 Ҳукумат 1 миллиону 360 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин мардуми Ғончӣ низ барои таъмиру барқарорсозии ин мактаб панҷсад ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ намуданд.
Имрӯз хонандагони  ин мактаб бинои зебои замонавиро, ки  29 синфхона, 14 ҳуҷраи корӣ, толори варзиш, маҷлисгоҳ ва ошхонаи барҳаво дорад, соҳиб шуданд.
Воқеан, бунёди боз як мактаби наву замонавӣ ва хуштарҳу зебо рӯҳияи идонаи мардумро шукӯҳи тоза бахшид. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи ислоҳоти соҳаи маориф ва рушди пайвастаи он таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ин соҳаро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ медонанд. Ва хеле хурсандиовар аст, ки сатҳ ва сифати таълиму тарбия ва дараҷаи донишандӯзии толибилмону донишҷӯён сол ба сол беҳтару хубтар шуда истодааст.
Ҳоло дар ноҳияи Ғончӣ 73 муассисаи таълимӣ мавҷуд буда, базаи моддиву таълимии онҳо солҳои охир дар натиҷаи ғамхории давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ хеле мустаҳкам гардонида шуд.
Танҳо дар се соли охир барои сохтмони мактабҳои нав ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардонидани онҳо аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ зиёда аз 6 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Дар баробари ин, бо қаноатмандӣ бояд гуфт, ки дар  ноҳияи Ғончӣ таҷрибаи хеле муфиди ба тариқи ҳашар бунёд намудани иншооти таъиноти иҷтимоиву фарҳангӣ хеле ривоҷ ёфтааст; дар давоми се соли охир  дар деҳоти гуногуни ноҳия бо роҳи ҳашар 92 синфхонаи иловагӣ барои 2500 ҷои нишаст, толорҳои варзишӣ ва ошхонаи мактабӣ, инчунин якчанд бунгоҳи тиббӣ сохта, ба истифода дода шудаанд, ки ин ташаббусҳо, албатта, боиси дастгирӣ ва таҳсин мебошанд.
Махсусан, ташаббуси сокинони ноҳия соли гузашта дар ҷараёни барқарор кардани мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1, ки бар асари сӯхтор бинои он нобуд гашта буд, баръало ба мушоҳида расид; бо кӯшишу ҳиммати баланди мардуми ноҳия, аз ҷумла омӯзгорон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бинои нави мактаби зикршуда барои 720 ҷойи нишаст дар мӯҳлати хеле кӯтоҳ, яъне дар муддати 100 рӯз аз нав сохта, ба истифода супурда шуд.
Аз ин лиҳоз, бо истифода аз ин фурсати муносиб ман ба мардуми ноҳияи Ғончӣ барои чунин ташаббускориву ҳимматбаландӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастиашон миннатдории самимии худро изҳор медорам.
Чанд рӯз пештар ҳангоми вохӯрӣ бо ҳамватанонамон дар шаҳри Екатеринбург аз як нафар сокини ноҳияи Ғончӣ, ки ҳоло дар Федератсияи Русия кору фаъолият дорад, огоҳӣ ёфтем, ки ӯ дар сари шоҳроҳи Душанбе – Чанак як маркази хизматрасонии замонавӣ бунёд карда истодааст ва ният дорад, ки онро то рӯзи ҷашни 18-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба анҷом расонад. Худо кунад, ки сафи чунин ҷавонмардони бонангу номус ва баландҳиммату ободгар зиёд гардад. 
Ман борҳо таъкид доштаам ва бори дигар ёдовар мешавам, ки барои беҳбудии вазъи зиндагии аҳолӣ, давлат ва Ҳукумати кишвар ҳамаи шароиту имкониятҳоро фароҳам овардааст. Вале афзоиши даромади аҳолӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ, пеш аз ҳама, ба заҳмати худи мардум, тарзи корбарии роҳбарон ва донишу таҷрибаи мутахассисону масъулон вобаста аст.
Дар ноҳияи Ғончӣ, ки дар ҳудуди он имкониятҳои хуби заминдорӣ мавҷуданд, барои тараққӣ додани соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ, хусусан зиёд кардани саршумори чорво, ривоҷи боғу токпарварӣ, картошкапарварӣ занбӯриасалпарварӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё мебошад.
Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ соли равон дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 28000 гектар ғалладона, 3200 гектар картошка, 2350 гектар растаниҳои равғандор ва 210 гектар сабзавот кишт карда шудааст. Яъне бештар ба парвариши ғалладона, картошка ва растаниҳои равғандор, ки дар шароити камобии ин ноҳия муҳим аст, афзалият дода шудааст.
Соли ҷорӣ майдони кишти растаниҳои равғандор дар ноҳия дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2008 – ум ду маротиба зиёд гардидааст, ки ин, албатта,  хуб аст.
Дар баробари ин, дар ноҳия бояд ҳар ваҷаб замин оқилона ва самарабахш истифода бурда шавад ва кишоварзон бояд дар навбати аввал масъалаи баланд бардоштани ҳосилнокии замин, бахусус замини обӣ ва рӯёнидани маҳсулоти аз ҷиҳати иқтисодӣ бештар фоидаовар, инчунин кишти такрориро дар мадди назар дошта бошанд.
Иқлими ноҳияи Ғончӣ ҳамчунин барои боғу токпарварӣ бисёр мусоид аст. Мувофиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур, парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010 дар ноҳия дар давоми се соли охир бояд 240 гектар боғу токзорҳои нав бунёд ва  51 гектар боғу токзори кӯҳна барқарор карда мешуд.
Дар ин давра қариб 300 гектар боғи нав бунёд шуда, 73 гектар боғу токзори кӯҳна барқарор гардидааст, ки,  бешубҳа, боиси таҳсин аст. Бо вуҷуди ин, дар ноҳия барои ташкили боғу токзорҳои нав имконият зиёд аст.
Аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки то бистсолагии Истиқлолияти давлатӣ боз 250 гектар боғу токзори нав бунёд намоянд. 
Солҳои охир ноҳияи Ғончӣ  ба яке аз минтақаҳои калони истеҳсоли картошка табдил ёфтааст ва мувофиқи хулосаи олимону мутахассисон дар ин ҷо барои рушди аз ин ҳам бештари картошкапарварӣ ва ба роҳ мондани фурӯши он, аз ҷумла навъҳои аълосифати картошкаи тухмӣ имконияти зиёд мавҷуд аст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давоми 18 соли охир дар ноҳия майдони кишти картошка қариб 10 маротиба ва истеҳсоли он зиёда аз 20 маротиба афзоиш ёфтааст. (Соли 1990 – 4750 тонна  ва соли 2008 – 98 100 тонна). 
Аз ин рӯ, ба ҳамаи кишоварзони ноҳия зарур аст, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ, инчунин вобаста ба оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар баробари таъмини амнияти озуқавории худ доир ба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю картошка, инчунин ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба фурӯш баровардани маҳсулот боз ҳам кӯшиш намоянд.
Ҳамзамон бо ин, барои зиёд намудани истеҳсоли картошкаи тухмӣ низ бояд якҷо бо олимон тадбирҳои судманд андешида шаванд.
Бо мақсади рушди истеҳсолот, бахусус вусъати соҳибкории хурду миёна дар мамлакат, аз ҷумла ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон мо ҳоло пешниҳоди қарзҳои хурдро аз тариқи бонкҳо ба таври васеъ ба роҳ мондаем.
Дар доираи татбиқи ин тадбир дар давоми соли 2008  аз тарафи бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарздиҳӣ ба соҳибкорони ноҳияи Ғончӣ  зиёда аз 10,5  миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки ин нисбат ба соли 2007-ум 2,1 маротиба зиёд аст. Танҳо дар чор моҳи соли равон бошад, бо ин мақсад ба соҳибкорони маҳаллӣ қариб 6 миллион сомонӣ маблағ дода шудааст.
Албатта, соҳибкории хурду миёна дар ноҳияҳои кӯҳистон, аз ҷумла Ғончӣ пеш аз ҳама дар заминаи вусъати корҳо дар соҳаи кишоварзӣ инкишоф меёбад, зеро чунонки гуфта шуд, соҳаи мазкур имкониятҳои фаровон дорад.
Дар баробари ин, дар ноҳия барои рушди соҳаи саноат, бахусус коркарди меваю сабзавот, инчунин бо дарназардошти мавҷуд будани захираҳои зиёди оҳаксанг дар мавзеи Чорсада, ки дар ин ҷо барои сохтмони заводи сементбарорӣ шароити мувофиқ мавҷуд аст, бояд чораю тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Дар ноҳияи Ғончӣ 5 лоиҳаи инвеститсионӣ, аз ҷумла лоиҳаи  таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак, лоиҳаи гранти Фонди каталитикии «Таҳсилот барои ҳама» ва «Ташаббуси рушди босуръат», лоиҳаи хати интиқоли барқи 500 - киловолтаи «Ҷануб-Шимол», лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин барои тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ, лоиҳа оид ба тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ амалӣ мегарданд, ки маблағи умумии то имрӯз дар ноҳия азхудшудаи онҳо қариб 190 миллион сомониро ташкил медиҳад ва, бешубҳа, барои ободу зебо шудани боз як гӯшаи Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Ҳукумат маблағҷудокуниро аз ҳисоби буҷет ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, инчунин грантҳоро барои рушди ноҳия минбаъд низ идома медиҳад. 
Вале бори дигар таъкид месозам, ки дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ҳар кадоми мову шумо бояд ба хотири беҳтар таъмин кардани зиндагиву рӯзгори худ аз захираву имкониятҳои дохилӣ оқилонаву самаранок истифода намоем ва дучанд заҳмат кашем.
Бахусус истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулот, татбиқи усулҳои нави заминдорӣ, истифодаи тухмиҳои наву серҳосил, бунёди боғҳои нав ва барқарор намудани боғҳои мавҷуда ва бо ҳамин роҳ зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиву маводи озуқа аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷае мебошанд, ки бояд ҳар як роҳбару мутахассис ва ҳамаи кишоварзон доим дар андешаи онҳо бошанд.
Шубҳае нест, ки мардуми заҳматкашу сарбаланди ноҳияи Ғончӣ ва соҳибкорони ватандӯст минбаъд низ бо меҳнати содиқонаву софдилонаи худ аз иҷрои ин вазифаҳои муҳим ва фаровон гардонидани дастархони мардум мебароянд.
Хусусан имсол, ки тибқи Фармони Президенти мамлакат соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон шудааст, инчунин 15-солагии қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва омодагӣ ба ҷашни бузурги миллиамон – 20- солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҳар кадоми мову шумо заҳмату фаъолияти дучанд мехоҳад.
Итминон дорам, ки шумо дар раванди созандагиву ободкории Ватани азизамон мисли дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакатамон саҳми сазовори худро мегузоред. 
Дар охир, бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик намуда, бароятон рӯзгори пурсаодат ва иқболи неку сарбаландӣ орзу менамоям.
Биёед, ба даргоҳи Худои мутаол дуо кунем, ки сарҷамъии миллати моро  ҷовидона гардонад!
Саломат бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 507

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед