logo

ҳуқуқ

ЭЪТИМОД БА ФАРДОИ ДУРАХШОН

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, волоияти қонун омили асосии суботи сиёсиву иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи ҷомеа мебошад. Танҳо бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ ба ҳадафҳои пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати кишвар метавонем ноил гардему Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои он, амният ва манфиатҳои миллатро ҳифз намоем.
Баҳри амалӣ гардидани ҳамин ҳадафҳо ба қисми 5 - и моддаи 65 илова пешниҳод шудааст, ки мутобиқи он маҳдудиятҳои дар қисми 4 моддаи 65 пешбинигардида, яъне маҳдудияти ду бор пай дар пай интихоб шудан ба мақоми президент нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад. Ин илова афкори тамоми мардуми  Тоҷикистонро ифода месозад. Халқи кишвар дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонсолори неруманди афкору андешаи миллӣ, бузургмарди арсаи сиёсати дунявӣ, шавкату шаҳомати миллатро эҳсос месозанд. Мардум имрӯз дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Сарвари давлат, балки бунёдгузори давлати навин, наҷотбахши миллат, кафили сулҳи пойдор, эҳёгари фарҳангу арзишҳои миллиро мебинанд ва шукр менамоянд, ки чунин Сарвар доранд. Иродаи қавӣ, таҷрибаи бузург ва сиришти мардумии Пешвои миллат дили ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардои дурахшон намудааст.
Дар қисми 3 моддаи 73 илова шудааст, ки аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар иҷлосияи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд. Бояд гуфт, ки ин меъёри пешниҳодгашта масъулияти аъзои Ҳукуматро дар иҷрои содиқонаи вазифа баҳри рушди ҷомеа ва тақдири минбаъдаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ боз ҳам баланд мебардорад. Чунин меъёр ягона нест, дар конститутсияи кишварҳои Австрия, Албания, Булғористон, Маҷористон, Қазоқистон, Литва, Лаҳистон, Руминия, Чехия ва ғайра низ сабт шудааст. Танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будани аъзои Ҳукумат аз муҳимияти вазифаҳои давлатӣ, аз ҷумла аъзои Ҳукумат ва амнияти давлат вобастагӣ дорад.
Ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои замон буда, дар пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, тарғиби анъанаҳои миллӣ, ба камол расондани инсони комил ва рушди неруи инсонӣ нақши назаррас бозида, танҳо ба нафъи давлат ва миллатанд.
Шаҳло ВАҲҲОБЗОДА,
судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2016    №: 95    Мутолиа карданд: 444

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед