logo

ҳуқуқ

ВОҚЕИСТ, КИ ҶОМЕА ПАЙВАСТА РУШД МЕКУНАД

Маҳз дар ҳамин замина даврае мерасад, ки баъзе нуктаҳои Конститутсия бо назардошти  талаботи замон  ба таҷдиди назар  ниёз пайдо менамоянд.
Ва табиист, ки ҳар як тағйиру илова баёнгари ин ё он дастоварди ҷомеаи мо мебошад. Тағйиру иловаҳо ағлаб ба таҳрири матни Конститутсия дахл доранд, ки далели устувории мавқеъ ва густариши бештари мақоми забони давлатӣ маҳсуб меёбад. Ин ҳама бо мақсади рушди демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкиму такмили асосҳои сохти конститутсионии ҳокимияти давлатӣ ва татбиқи қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ пешниҳод шудааст. Ба ғайр аз ин, зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия мутобиқ набудани баъзе истилоҳот ба меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мебошад.
Вазъи сиёсии ҷаҳон низ босуръат тағйир ёфта истодааст. Давлатҳои гуногун бо ҳар роҳ мекӯшанд, ки суботу вазъи сиёсиро дар кишварҳои алоҳида халалдор созанд. Бархе аз онҳо агар ин нияти худро бо роҳи таъсис додани ҳизбҳои сиёсӣ амалӣ кунанд, қисмати дигар тавассути маблағгузорӣ ба ҳизбҳои мавҷуда ва ташкили гурӯҳҳои ифротгарову тундгаро анҷом медиҳанд. Ба хотири пешгирӣ аз ин гуна таҳдидҳо ба қисми шашуми моддаи 8-и Конститутсия чунин тағйироти муҳим пешниҳод шудааст: «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст». Муқаррароти мазкур ба баробарии ҳизбҳо ва дар заминаи сирф манфиатҳои миллӣ амалӣ гаштани фаъолияти онҳо мусоидат карда, боиси пешгирии хатари низоъ аз хориҷи кишвар мегардад.
Дар ҷумҳурии мо бештари аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, ҷалби ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ барои рушди бештари ҷомеа мусоидат мекунад. Дар ин росто, ба моддаҳои 49, 65, 85 ва 89 тағйиру иловаҳо пешбинӣ гардидаанд, ки мутобиқи онҳо синни шаҳрвандони ба вазифаҳои муҳими давлатӣ пешниҳод ва таъйиншаванда бояд аз 30 кам набошад. Ин имкон медиҳад, ки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, идоракунии давлатӣ фаъолона ширкат варзида, рушди устувори ҷомеаро таъмин кунанд.
Ҳамин тавр, аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 40 банди Конститутсия  72 тағйиру иловаи мантиқии мувофиқи мақсад ва талаботи замон пешниҳод шудааст, ки иқдоми саривақтӣ буда, сазовори дастгирист.
Ғуломқодир БОБИЗОДА,
президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2016    №: 95    Мутолиа карданд: 518

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед