logo

ҳуқуқ

ТАКМИЛИ КОНСТИТУТСИЯ - ЗАМИНАИ КАЛИДИИ ПЕШРАФТИ МИНБАЪДА

Ҳамагон мебинем, ки ҷаҳони муосир дигаргун мешавад, авзои сиёсии он муташанниҷ гашта, кӯшишҳои ошкорои азнавтақсимкунии дунё ба амал меояд, экстремизму терроризм ба таври бесобиқа вусъат мегиранд, буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ таҳдид ба ҳастии кишварҳо мекунад. Ин вазъияти мураккабу печида ва хавфнок кишвари моро ҳам, ки дар раванди ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ қарор дорад, водор месозад онро дар мутобиқат бо талаботи зудтағйирёбандаи замони муосир бо ҳифзи босуботи манофеи миллӣ роҳандозӣ кунад.
Аксари ин масъалаҳо то андозае ҷанбаи конститутсионӣ дошта, ҳаллашон ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдорро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  тақозо менамояд. Маҳз бо дарки амиқи ин масъала моҳи феврали соли ҷорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия  пешниҳод гардид, ки  аз 40 банд иборат буда, вобаста ба мазмун ва ҳадафҳои гузошташуда онҳоро метавон  чунин  гурӯҳбандӣ намуд:
- дақиқ намудани  шакли идоракунӣ, такмили сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти давлатӣ;
- пурзӯр намудани талабот нисбат ба номзадҳо ба вазифаи Президенти мамлакат, вакилони парлумон, аъзои Ҳукумат ва судяҳо аз нигоҳи амният ва садоқат ба Ватан;
- такмили расмиёти қабули қарорҳои алоҳида аз ҷониби мақомоти олии қонунгузор;
- танзими конститутсионии ваколати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат;
- танзими фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои демократӣ ва ризоияту ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа;
- аз ҷиҳати мантиқӣ, таҳрирӣ ва имлоӣ  дақиқ намудани меъёрҳои Конститутсия.
Хеле хуб аст, ки зимни пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба масъалаи забони Конститутсия низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гаштааст. Вожаю ибора ва истилоҳҳои дар асоси талаботи қоидаҳои нави забони тоҷикӣ пешниҳодшаванда, дар сурати пазируфтан, забони ин санади муҳимтаринро хеле равону фаҳмо месозанд, ки воқеан муҳим аст.
Аз ин рӯ, ман чун тамоми мардуми шарифи диёри азизамон мутмаинам, ки иштироки ҳар кадомамон дар раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 майи соли ҷорӣ баргузор мегардад, ин ҷонибдории амалӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тору пуди онро рушду нумӯи рӯзафзуни Тоҷикистони маҳбуб  ва рӯзгори шоистаи сокинонаш ташкил медиҳад.

Назар ОДИНАЗОДА,
муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2016    №: 95    Мутолиа карданд: 489

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед