logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН - КУВАЙТ: ҲАМКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД

17 майи соли 2016 баъди анҷоми сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргашт.

Мавриди зикри хос аст, ки дар анҷоми сафар бо нишони эҳтироми самимӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Ал-Кувайт гусел намуд.
Маросими расмии гусели меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги фурудгоҳи байналмилалии Ал-Кувайт баргузор гардида, ба ин хотир ҷузъҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасии амирӣ саф оростанд.
Зимни сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо амири Давлати Кувайт ва роҳбарони воломақоми ин кишвар мулоқоту суҳбатҳои судманд доир намуда, масоили рушди муносибатҳои ҳамкориро баррасӣ кард.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муносибатҳои ду кишварро дар сиёсати хориҷӣ, амният, илму маориф, нақлиёт ва иқтисодию кишоварзӣ муайян мекунад.
Дар маҷмӯъ байни ду кишвар 17 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки бахшҳои гуногунро дар бар гирифта, барои тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории байни мамлакатҳо заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2016    №: 95    Мутолиа карданд: 472

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед