logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

АНӮШЕРВОНИ ОДИЛ
ФАРМУДАҲО
1. Агар ба шамшери забон ноэҳтиёт бошед, вай заволи сари сабз аст. Назди ошною ноошно суханро дониста гӯед. Забон аз носазо нигоҳ доред. Ҳарфи носазо касро байни мардум носазо мекунад.
2. Бо бузургон бузургонона рафтор кунед.
3. То насанҷед ба лафзи ҳар кас бовар накунед.
4. Дарди худро ба касе гӯед, ки дардошно бошад. Рози дил ба ағёр фош насозед. Вай оинаи он розро шикаста, ба мардум нишон медиҳад.
5. Сабру зафар ёрони қаринанд.
6. Бидонед, ки дар дунё то бешарму ҳаё будан, тарки дунё намудан афзалтар аст.
7. Ҳамеша ҳоҷатбарор бошед. Чунки рӯзе ҳоҷати шумо ҳам ба дигарон меафтад.
8. Аз дӯстии душман ҳазар кунед. Ин дӯстӣ монанди гулест, ки зери барг хорҳо дорад.
9. Борбардори худ бошед.
10. Чеҳракушод бошед, зеро қадри офтоб аз кушодагии чеҳраи ӯст.
11. Одамро ба як дидан натавон шинохт.
12. Оташ ҳам аз дур гули сурх метобад.
13. Ба одами муносиб хонадор шавед. Донед, ки зану шавҳар ду боли як кабӯтаранд.
Таҳияи Раҷабалӣ САНГОВ


Дейл КАРНЕГӢ
ТАРС ТАШВИШРО МЕЗОЯД
Ҳар шахсе, ки бар ташвишу ҳаяҷон ғолиб намеояд, ҷавон мемирад, гуфтааст олими маъруф, барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши тиб Алексис Карел.
Ин панд ба ҳама дахл дорад. Вақте гап сари таъсири ташвишу ҳаяҷон меравад, олимону табибон мегӯянд: «Ҳафтод дарсади одамоне, ки ба духтур муроҷиат мекунанд, агар аз ташвишу ҳаяҷон раҳо ёбанд, худ аз худ сиҳат мешаванд». Онҳо бемориҳоеро, аз қабили иллати узвҳои ҳозима дар асоси буҳрони асаб, захми меъда, касалиҳои дил, бехобӣ, сардард ва баъзе намудҳои фалаҷро дар назар доранд.
Тарс ташвишро мезояд, ташвиш бошад, шахсро ошуфтаҳол ва асабӣ намуда, ба асабҳои меъда таъсир расонда, таркиби шираи меъдаро тағйир медиҳад, ки он боиси захми меъда мегардад. Ҷозеф Монтэгю, муаллифи китоби «Иллати меъда дар заминаи асаб», навиштааст: «Захми меъда на аз он чизе, ки шумо мехӯред, балки аз он чизе, ки шуморо мехӯрад, пайдо мешавад».
Табиб У. Алварес низ гуфтааст: «Захми меъда вобаста ба дараҷаи баланд ё паст шудани шиддати изтироб кушода ва баста мешавад». Ҳарос, тарс аз ягон дард, ноумедӣ, изтиробу ҳаяҷон аз бекорӣ, аз бепулӣ, ташвиш аз ояндаи фарзандон касро асабӣ намуда, ба бемории асаб, ғадудҳои сипаршакл, дил ва ғайра гирифтор месозанд. Захми меъда бошад, одамро мекушад ва он аз рӯи маълумоти маҷаллаи «Лайф» дар қатори даҳ бемории марговартарини дунё меистад.
(Идома дорад)
Тарҷумаи Нозирҷон ЁДГОРӢ


ОДИНАИ САРКАШ
«Наим Одинаев дӯсти наздики Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ва  машҳуртарин намояндаи кӯҳистон аст». Ин суханон нисбат ба шахсе гуфта шудааст, ки солҳои 40 – 70 - уми асри гузашта, дар мавзеи кӯҳистон маъруф буд.
Гап дар бораи Наим  Одинаев меравад. Наиме, ки дар 9 - солагӣ ятим мондаву бо дӯсташ Неъмати Булбул бо машаққати зиёд мактаби шабонаро хатм намуда, соҳиби хату савод гардиданд. Баъди хатми курсҳои ҳизбӣ – шӯравӣ дар Андиҷон ба диёрашон барои ташкили колхозҳо ва созмони комсомолӣ фиристода шуданд.
Соли 1944 Наим Одинаев котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Тавилдара (ҳоло Сангвор) таъйин шуд. Роҳбари ноҳия деҳа ба деҳа гашта, аз вазъи мардум, хоҷагиҳо, шароити мавҷуда, омодагӣ ба кишту кор огоҳ мегардад. Дарк мекунад, ки одамон аз гуруснагӣ дар азобанду хоҷагиҳо барои кишт тухмӣ надоранд. Аммо дар анбори ноҳия зиёда аз 1000 тонна ғалла нигоҳ дошта мешавад. Мардум онро «захираи Сталин» мегуфтанд. Наим Одинаев ба назди мудири анбори ғалла рафта,  пешниҳод мекунад:  «Биё, ғаллаи захираи давлатиро барои кишту кор ва аз гуруснагӣ ҳалок нашудани одамон тақсим кунему аз ҳосили нав ҷойи онро пур намоем». Аммо мудири анбор розӣ намешавад. Зеро ӯ фармонро иҷро мекард. Котиби якум ноилоҷ бюрои райкомро даъват мекунад, аммо аъзои бюро низ ба пешниҳоди Наим Одинаев ризо намешаванд. Танҳо Одинаев ба қарори бюро овоз медиҳаду масъулиятро ба дӯш гирифта, мефармояд ғаллаи анборро барои кишт ва аз гуруснагӣ намурдани одамон тақсим намоянд. Дар се-чор рӯз мардуми деҳот ғалларо бурда, маъракаи киштро мегузаронанд.
Муддате нагузашта ба КМ ВКП (б) ариза ворид мешавад, ки «Котиби якуми райкоми Тавилдара ғаллаи захираи давлатиро ба хешу табораш тақсим кардааст». Намояндаи марказ 50 рӯз дар ноҳия тафтиш мегузаронад ва аниқ мешавад, ки дар рӯйхати ғаллагирифтагон ягон нафар аз хешу табори котиби якум набудааст.
Котиби якуми КМ ҲК (б) Тоҷикистон Дмитрий Захарович Протопопов  натиҷаи санҷиши комиссияи Маскавро ба бюрои Кумитаи Марказӣ пешниҳод менамояд. Одинаев худро гунаҳгор меҳисобад, аммо ваъда медиҳад, ки ҳосил нағз шудаасту захираи давлатӣ ду баробар барқарор мешавад. Бюрои Кумитаи Марказӣ ба ин нигоҳ накарда, қарор карданӣ мешавад, ки «Кори Одинаев Наимро ба прокуратура супурда, аз сафи ҳизб ронда шавад». Аммо котиби Кумитаи Марказии ҳизб Бобоҷон Ғафуров пешниҳод менамояд, ки «Ба Одинаев Наим ҷазои ҳизбӣ дода, ба ягон ноҳияи қафомонда ба кор гузаронда шавад». Ин  таклиф гузашт ва Наим Одинаевро котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Лаби Об (ҳоло Тоҷикобод) таъйин намуданд.
Додихудо РАҲМАТОВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон,
Мирзои ФИРӮЗ


БАРОИ А. С.
Ашӯр Сафару Юсуф Акобиров ду – се рӯз дар ноҳияи Мӯъминобод сайругашт мекунанд. Ҳангоми сафар Юсуф Акобиров аз нақлҳову ҳазлҳои намакини ҳамсафараш лаззат мебарад ва пеш аз хайрухуш ба ӯ чунин ваъда медиҳад: «Ашӯрҷон, ман ба Душанбе равам, дар бораи шумо як ҳикояи олиҷаноб менависам».
Дар ҳақиқат баъди чанде дар «Адабиёт ва санъат» ҳикояи ҳаҷман калони Ю. Акобиров нашр мегардад, ки онро ба А. С. бахшида буд.
- Дидӣ, ба ваъдаам вафо кардам?! – ҳангоми дуюмбора вохӯрдан шодиёна мегирад Юсуф Акобиров. – Ҳикояро хондӣ? Ба ту бахшидам.
- Охир он ҷо «барои А. С.» навиштаӣ – ку?! – мегӯяд Ашӯр Сафар.
- Ҳа, А. С., яъне Ашӯр Сафар.
- О, ҳамуна пурра нависӣ, меғелӣ, ки хонанда ҳайрон нашавад: барои Атахон Сайфуллоев бошад ё барои Абдулҳамид Самадов? Барои Аъзам Сидқист ё барои Армияи Советӣ?!.
Гурез САФАР

 

ФАРБЕҲӢ УМРРО ДАРОЗ МЕНАМОЯД?
Таҳқиқгарони беморхонаи Донишгоҳи Копенгаген муайян карданд, ки одамони вазни зиёддошта, дар даҳсолаҳои охир ба марги бармаҳал камтар мувоҷеҳ шудаанд, - иттилоъ додааст агентии «Мир24» бо истинод ба нашрияи Journal of the American Medical Association Journal of the American Medical Association.
Мутахассисон дар маркази таваҷҷуҳ нишондиҳандаи ИМҶ (Индекси миқдори ҷисм) - ро қарор доданд, ки дар он вазни ҷисм ба дарозии қад тақсим карда мешавад, (масалан, 60 кило тақсим ба метри мураббаи қади одам – масалан, 1,7 метр – 170 сантиметр).
Маълум гашт, ки  аз соли 1976 то 2013 нишондиҳандаҳои ИМҶ ғайричашмдошт афзуда, ба 27 кило ба як метри мураббаъ расидааст. Илова бар ин, хавфи фавти одамони фарбеҳ коҳиш ёфтааст. Натиҷаи таҳқиқот барои ҳамаи синну сол, новобаста аз ҷинс, тамокукашӣ, инчунин бемориҳои дилу рагҳо ва саратон дуруст баромад.
Сабабҳо алҳол маълум нестанд, вале натиҷаҳо таҳқиқгаронро дар хиҷолат монданд. Акнун ИМҶ – и мувофиқ ба одамоне дахл дорад, ки одатан ҳамчун нафарони дорои вазни барзиёд баҳогузорӣ мешуданд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


Ҳафт қулла
АЗ ҶОМОЛУНГМА ТО КОСТЮШКО
(Идома аз "Шоми шанбе"-и гузашта)
Элбрус панҷумин кӯҳи баланд аст, ки дар сарҳади Аврупо ва Осиё бо баҳси тӯлоние, ки ба кадоме аз ин қитъа тааллуқ дорад, ҷойгир шудааст. Элбрус дар сарҳади Кабардино - Балкар ва Карачаева – Черкис ҷойгир шуда, кӯҳи баландтарини Русия ба ҳисоб меравад. Онро соли 1829 дар рафти экспидитсия генерал Г. А. Эммануэл, ба расмият даровардааст.

Массив Винсон - шашумин қуллаи баланд аст, ки бо баландии 4897 метр дар Антарктида ҷойгир шудааст. Ин қулларо соли 1957 сарнишинҳои амрикоӣ ошкор кардаанд.

Костюшко, бо баландии 2228 метр ҳафтумин  қуллаи баланди  Австралия ба шумор меравад.  Аммо баҳсҳо атрофи он ки аз он ҳам қуллаи баландтар мавҷуд аст, зиёд мебошад. Агар танҳо Австралияро ба назар гирем Қуллаи Кастюшко ба ҳисоб меравад, вале агар қитъаи Австралия ба инобат гирифта шавад, пас Пирамидаи Карстенз бо 4884 метр қуллаи баландтарин ба ҳисоб меравад, ки ҳамоно атрофи он то ҳанӯз баҳсҳо идома доранд.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА

 

Аз хазинаи таърих
«ЯРОҚИ ЛАЗЕРӢ» - И АРХИМЕД
Архимед, олим ва ихтироъкори барҷастаи давраи қадим то имрӯз ҳам бо ақлу фаросат ва заковату дурандешиаш аҳли дунёро ба шигифт меорад. Ин олими юнонӣ, ки ба вай нидои машҳури «Эврика» мутааллиқ аст, бисёр асосҳои қонунҳои физикиро кашф намудааст, барои мушоҳидаҳои астрономӣ глобуси осмонро сохтааст, бори нахуст диаметри Офтоб ва атрофи Заминро чен кардааст ва бисёр асбобҳо ихтироъ намудааст, ки ба ҳама шинос мебошад.
Хизмати шоёни ӯ дар корҳои ҳарбӣ низ маълум аст. Масалан, истифодаи самараноки мошинҳои ҳарбии сохтаи вай ҳангоми муҳориба бо флоти баҳрии артиши Рим дар вақти муҳосираи Сиракуз, ватани Архимед. Ё худ бо истифодаи оина сӯзондани киштиҳои римиҳо.
Истед! Дарвоқеъ оё ин амалиёт воқеият доранд? Агар чунин аст, чӣ тавр амалӣ шуда бошанд?
Дар соли 213 то милод ҷанги байни Риму Карфаген мерафт, шаҳри Сиракузи ҷазираи Ситсилия, ҷонибдори Ганнибал, яъне Карфаген буд. Рим таҳти фармондеҳии сипаҳсолори моҳир ва айни замон хеле бераҳм Марк Клавдий Марсел тавассути баҳр ба Сиракуз ҳуҷум кард. Вай дар хотир дошт, ки ҳанӯз юнониҳо ҳангоми юриш бар зидди Сиракуз дар назди деворҳои мустаҳками ин шаҳри дастнорас шикаст хӯрда буданд. Аз ин рӯ, ӯ мақсад гузошт, ки аз баҳр толеашро бисанҷад. 
Барои муҳосираи Сиракуз римиҳо 25 ҳазор аскар ва 150 киштиро сафарбар намуданд. Аз ин нақшаи ғоратгаронаи душман сиракузиҳо бохабар буданд. Сипаҳсолор Гиппократ бо ёриву маслиҳати олими шинохта, ватандӯсти воқеӣ Архимед, ки римиҳои ғоратгарро чашми дидан надошт, ба мудофиаи шаҳр камар баст.
Плутарх тасдиқ менамояд, ки Архимед бо ёрии мошинҳои худ сангҳои калонро дақиқ ба нишон мерасонд ва аз зарбаҳои сангҳо киштиҳои чӯбӣ пора – пора мешуданд.
Ҳамчунин таърих ёдовар шудааст, ки Архимед бо истифодаи оинаҳо киштиҳоро сӯзондааст. Аммо дар ин хусус муаррихон Полибий, Ливий ва ҳам Плутарх чизе нагуфтаанд. Танҳо нависандаи асри дуи милодӣ Лукиан маълумоти аҷоибе меорад, ки онро олимон, файласуфон ва ҳам рассомони давраи Эҳё зуд пайгирӣ намуданд. Ба гуфти Лукиан Архимед аз оинаҳои хурди чоркунҷа дастгоҳи оинадори шашкунҷае сохта, ба часпак (ошиқмаъшуқ) пайваст намуда, ба воситаи ҳаракатовари занҷирӣ ба ҳаракат меовардааст.  Ба шарофати ҳамин дастгоҳ кунҷҳои гардиши оинаҳо ба тавре ҷойгир мешуданд, ки нурҳои офтоб ба як нуқта равона мегаштанд ва ҳарорати басо баланд таъмин мегардид ва ҳар гуна ҷинсҳои чӯбию латтагин дар масофаи 150 метр ба осонӣ аланга мегирифтанд.  Архимед бо ҳамин дастгоҳаш бисёр киштиҳои римиҳоро сӯзондааст. Аз ҳамон вақт ибораи «оинаҳои сӯзанда» гӯиё пайдо гаштааст ва аланга гирифтани киштиҳоро ҷазодиҳии дасти рости Зевс ҳам меноманд.
Чорсад сол пас Анфимий, олими Византия, дар хусуси «муъҷизамеханизм» - ҳои Архимед сухан ронда, аз ҷиҳати илмӣ воқеан ҷой доштани онҳоро тасдиқ намудааст.
Дар солҳои 70 – уми асри XX муҳандиси юнонӣ Иоаннис Сакас таҷриба гузаронда собит сохт, ки «оинаҳои оташангез» - и Архимед воқеианд. Вай ҳам бо истифодаи оинаҳо асбобе сохт ва аз масофаи 50 метр нурҳои офтобро ба заврақе равона намуд, аввал аз он дуд баромад, баъд якбора аланга зад.
Дар ривоятҳо омадааст, ки минбаъд римиҳо аз тарафи баҳр ба Сиракуз танҳо шабона ҳуҷум мекардаанд. Соли 212 то милод Рим Сиракузро ғасб кард ва Архимед, олими забардаст, аз дасти навкаре ба ҳалокат расид.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ

 


ТӮИ АРӮСИИ АРВОҲҲО
Дар музофоти Шанси Ҷумҳурии Мардумии Чин волидон барои издивоҷи писари се сол қабл фавтидаашон бо духтари нав даргузашта 28 ҳазор доллар харҷ карданд.
«Тӯйи арӯсии арвоҳҳо» дар Чин маросими маъмулӣ аст, хоса дар навоҳии деҳоти он. Деҳқонон аз даргузашти пайвандони муҷаррад бим доранд, ки бар касрати он тамоми авлодашон метавонад нафратзада шавад. Чунки муҷаррад реҳлат кардан гуноҳи кабира маҳсуб меёбад. Дар бисёр оилаҳо фарзандонашонро баъд аз сарашон низ хонадор мекунанд.
Тибқи маълумоти расонаҳои маҳаллӣ 28 ҳазор доллар – нархи хубест барои гузарондани ин суннати аҷдодӣ. Зикр мешавад, ки ба волидони мусибатзада дар нарх гузашт ҳам кардаанд, зеро онҳо арӯсро аз ҳамон табақаи иҷтимоӣ интихоб намуданд, ки шаҳи марҳум ба он мансуб буд.
Тӯйи мазкур барои волидони арӯс низ айни муддао омад, вагарна духтарашонро бо иззату икром дафн кардан мумкин намешуд.
Никоҳи пас аз фавт дар Чин ба қадри кофӣ роиҷ аст, аммо мушкил аксаран пайдо накардани ҷасади ҷинси латиф мебошад. Корчаллонҳо мақоли «мурдаро монда тутхӯрӣ» - ро ба таври замонавӣ «мурдаро оварда тутхӯрӣ» кардаанд, яъне бозори фурӯши мақтул дар ин маврид мушкили волидонро осон мекунад.
Аҷаб расмест расми одамизод…
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД

 


ЗИНДАГӢ МАЙДОНИ ОЗМОИШ АСТ
Кафши кӯдакеро дарё бурд.
Кӯдак рӯйи соҳил навишт: «Дарёи дузд».
Дуртар аз ӯ марде, ки аз дарё сайди хубе бардошта буд, навишт: «Дарёи саховатманд».
Модаре, ки фарзандаш ғарқ шуда буд, навишт: «Дарёи қотил».
Пирамарде, ки марворид ба даст оварда буд, навишт: «Дарёи бахшанда».
Мавҷ навиштаҳоро шуст.
Дарё ором гуфт: «Ба қазовати дигарон бовар макун. Агар мехоҳи дарё бошӣ, бар ончи гузашт, ончи шикаст, ончи нашуд ҳасрат махӯр».
Зиндагӣ агар осон мебуд, бо гиря оғоз намешуд.
Таҳияи Лашкар ШАРИФОВ

 


ЮРИЙ ЛОБАНОВ – ВАРЗИШГАРИ ДОСТОНЗЕБ
Солҳои ҳафтодуми асри гузашта намуди варзиши заврақронӣ дар Тоҷикистон ба сатҳи олии худ расида буд.
Таҳти сарварии Иброҳим Ҳасанов ба заврақронӣ ҷавонони тавоно ва бомаҳорат ҷалб  гардида, тар-бияву ба камол расиданд, ки дунёи ин намуди варзишро рангин, сафҳаҳои таърихи онро хонданбобу ҷаззоб гардонданд.
Юрий Лобанов аз зумраи  онҳо маҳсуб мегардад. Ӯ 29 сентябри соли 1952 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро ба итмом расондааст. Аз рӯзҳои нахустини ба заврақронӣ машғул шуданаш Иброҳим Ҳасанов мутмаин буд, ки шогирдаш дар ояндаи наздик ба дастовардҳои бузурги варзишӣ мушарраф мегардад. Юрий Лобанов дар нахустмусобиқаи иштирок кардааш дар Спартакиадаи  халқҳои СССР ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф гашт. Дар солҳои 1972 – 1977 пай дар пай чемпиони СССР гардид. Ӯ қаҳрамони даҳкаратаи ҷаҳон дар намуди каноэ – дукаса мебошад. Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1972 аз рӯи намуди каноэ – дукаса бо Владас Чеснюнас аз Литва дар масофаи 1000 метр ба гирифтани медали тилло ва унвони чемпионии бозиҳои олимпӣ сазовор шуд.
Ӯ Устоди хизматнишондодаи  варзиши СССР ва варзишгари достонзеб буда, номаш абадан дар таърихи заврақронии ҷаҳон  сабт шудааст.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ

 


САНГҲОИ ГИРДИ АЗИМҶУССА
Архиологҳо дар соҳили дарёи Диквис дар нимҷазираҳои Никоя ва Кано дар Коста - Рика садҳо сангҳои гирди азимҷуссаро пайдо намуданд, ки диаметрашон беш аз 2 метр мебошад. 300 - тои он, ки беш аз 16 тонна вазн доранд,  аз ҳама сангҳои гирд ба шумор мераванд. Олимон тахмин мекунанд, ки ин сангҳо 1000 – 500 сол қабл аз мелод пайдо шудаанд. То имрӯз атрофи сангҳо қиссаҳо зиёданд. Баъзеҳо андеша доранд, ки сангҳо аз Атлантида боқӣ мондаанд. Аммо онҳо барои чӣ истифода мешудаанд, то ҳол касе намедонад.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ

 


ҶАВОНТАРИН ПРОФЕССОРИ ДУНЁ
Алия Сабур олим ва омӯзгори амрикоӣ, ки ҳамчун ҷавонтарин профессори сайёра шомили китоби рекордҳои Гиннесс гардидааст, соли 1989 дар шаҳри Ню – Йорк ба дунё омадааст. Ҳанӯз аз синни 2 - солагӣ қобилиятҳои фавқулодаи ин духтарча ҳамагонро ба ҳайрат оварда, волидонро маҷбур сохт, ки ӯро аз ташхиси махсуси тестӣ гузаронанд. Натиҷаи ташхис нишон дод, ки қобилияти фаҳмишу ақлонии Алияи 2- сола ба наврасони синни мактабӣ баробар аст. Ҳамин қобилияти ғайриодӣ ба ӯ имкон дод, ки дар 10 - солагӣ мактаб ва дар 14 солагӣ донишгоҳи музофоти Ню – Йорк дар Стоуни – Брукро хатм намояд.
Алия дар соҳаи тиб корҳои илмии зиёде гузарондааст. Аз ҷумла тарзи чен намудани диабети қанд дар хуни инсон ва кумак расондан ба шахсоне, ки гирифтори ин беморианд яке аз рисолаҳои ӯ мебошад.
19 феврали соли 2008 Алия Сабур дар Донишгоҳи Конкуки Корея бо гирифтани унвон ҳамчун ҷавонтарин профессори сайёра шомили китоби рекордҳои Гиннесс гардидааст.
Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна Алия ба варзиш низ шавқ дошт. Ин буд, ки дар синни 9 - солагӣ соҳиби Камарбанди сиёҳи Таэквандо гардида буд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО

 

РОБОТИ ОДАМДӮСТ
Pepper - роботи сухангӯ ва одамдӯст дар шаҳри Васэдаи Япония расман ба мактаби миёна қабул  шуд.
Ҳамакнун ин роботи кибернетикӣ дар якҷоягӣ бо кӯдакон таълим мегирад. Ин амал аввалин маротиба дар ҷаҳон сурат гирифтааст. Ба муносибати дохил шудани Pepper ба муассисаи таълимӣ маросими махсус доир карда шуд, ки дар он хонандагон бо робот суҳбат карданд.
Худи робот дар рӯзи аввали мактабиаш гуфт: «Ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки ба мактаби инсонҳо дохил мешавам. Аз ин рӯ, барои омӯзиш тамоми кӯшишамро ба харҷ медиҳам». Робот бо забони ҷопонӣ ва англисӣ сухан гуфта метавонад ва дар мактаб ҳамин забонҳоро бештар меомӯзад.
Pepper дар дунё аз нахустин насли роботҳое ба шумор меравад, ки эҳсоси одамро дарк мекунад. Бо инсон мувофиқи табъ ва эҳсосаш суҳбат мекунад. Масалан агар табъи шумо хира бошад, ҳангоми суҳбат робот намехандад.
 Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ

 

ҚОНУНҲОИ ҲАЙРАТОВАР
Тибқи қонунгузории иёлоти Мичигани ИМА рӯзи якшанбе фурӯш ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ қатъиян манъ аст. Мувофиқи қонуни иёлоти Кентукки бошад, соле як маротиба, шустушӯ намудани ҳар як шаҳрванд шарт аст.
Дар қонунҳои Эстония навишта шудааст, ки  пас аз боридани барф дар давоми 24 соат назди хонаи худро тоза кардани шаҳрвандон ҳатмист. Дар кӯчаҳои шаҳри Кембриҷ бозии теннис манъ аст.
Дар кодекси меҳнати Португалия омада, ки обу ҳаво номӯътадил бошад, ба кор нарафтан мумкин аст.
Оғоз аз соли 1603 дар мактабҳои Япония дарси омӯзиши шиноварӣ ҳатмӣ мебошад.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2016    №: 97    Мутолиа карданд: 788

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед