logo

сиёсат

МУТТАҲИДӢ РОҲЕСТ, КИ МОРО БА ҚУЛЛАИ МУРОД МЕБАРАД

Таассурот аз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара
Низомулмулки Тӯсӣ, ки асосан тарафдори тарзи давлатдории сулолаи Сомониён буд, дар фасли аввали китоби худ - «Сиёсатнома»  менависад: «Худованд дар ҳар замоне якеро аз миёни мардум бо хулқу хӯйи нек ва истеъдоди сарварӣ меорояд, ободии кишвар ва осудагии мардумро ба ӯ вобаста мекунад, дари фисқу фасодро бо дасти ӯ мебандад, меҳру муҳаббати ӯро дар қалбу дидаи мардум ҷой медиҳад, то ки онҳо дар паноҳи ӯ оромона рӯз гузаронанд ва шукри ин неъмати Парвардигори худро кунанд».
Сафари навбатии кории Сарвари давлат ба вилояти Суғд ва боздид аз шаҳри Исфара барои хурду калон хотирмону дилпазир буд. Шукр мекунем, ки ширкат дар ин вохӯрӣ  ва шунидани суханони фарзанди фарзонаи миллат, ки мақсаду маромашон ободкорӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои мардуми кишвар аст, насибамон гашт. Бояд гуфт, ки бо раҳнамоӣ ва дастуру супоришҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат дар чанд соли охир Исфара симояшро ба куллӣ дигар кард. Даҳҳо биноҳои нави истиқоматӣ, иқтисодию маишӣ қомат афрохта, ба симои он ҳусни тоза бахшиданд.
Арзёбӣ ва дастгирӣ ёфтани таҷрибаи меҳнати деҳқонони заҳматкаши Исфара аз ҷониби Сарвари давлат боиси ифтихор ва баланд гаштани масъулияти онҳо гардида, бунёди боғҳои нав ва азхудкунии заминҳои бекорхобида вусъат ёфт. Чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат изҳор доштанд, Исфара дар ояндаи наздик ба яке аз шаҳрҳои калони саноатӣ, мавзеи сайру саёҳат табдил ёфта, шароитҳои зарурии муосир фароҳам оварда мешаванд. Азнавсозии шоҳроҳи Хуҷанд - Исфара барои роҳандозии ин амалҳои нек қадами устувор хоҳад гузошт. Хирадмандию дурандешии Президенти мамлакат ҷиҳати солим нигоҳ доштани фазои сиёсию иҷтимоии кишвар дар вохӯрӣ бо сокинони шаҳр бори дигар собит гардид. Сарвари давлат аз шомилшавии бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ изҳори таассуф намуда, моро ба бедорию зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ даъват намуданд.
Дар ин раванд, тағйироти ба қисми шашуми моддаи ҳаштуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшударо ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем. Тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.
Вақте аз вохӯрӣ бармегаштам, дилам лабрези фараҳу шодӣ буд ва ин ҳиссиётро дар чеҳраи ҳамроҳонам низ баръало эҳсос намудам. Хурду калон ба даргоҳи Офаридгор шукр мегуфтанд, ки чунин марди бузург, матиниродаву миллатдӯст ба бахти халқи тоҷик  сарвару раҳнамоямон мебошанд. Мо бояд  дар атрофи Сарвари муззамамон муттаҳид гардида, дар ободиву шукуфоии кишвари маҳбубамон нақши чашмрас гузорем. Муттаҳидию ҳамдигарфаҳмӣ ягона роҳест, ки моро сӯйи қуллаи мурод ва фардои нек мебарад.

Одилхон АЛИЕВ, 
сокини шаҳри Исфара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2016    №: 97    Мутолиа карданд: 750

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед