logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, с. 2009, №12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159, №7-8,   мод. 609; с. 2012, №4, мод. 259, №7, мод. 714, №8, мод. 815, №12, қ. 1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, №7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, №3, мод. 142, №11, мод. 643; с. 2015, №11, мод. 950; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз15 марти соли 2016, №1275), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 6 сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ – лаҳзаи воқеан маҳдуд кардани озодии шахс, аз ҷумла имконияти озодона ҳаракат намудан, маҷбуран дар ҷои муайян нигоҳ доштан, маҷбуран овардан ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё мамониат кардан ба анҷом додани дигар ҳаракатҳои шахс тибқи иродаи худ новобаста ба расман додани ягон мақоми мурофиавӣ ба шахси дастгиршуда ё иҷро намудани дигар расмиёти муқарраршуда;».
2. Дар моддаи 46:
- ба қисми 3 баъд аз калимаи «лаҳзаи» калимаи «воқеан» илова карда шавад;
- ба қисми 4 сархати якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- аз лаҳзаи воқеан дастгир шудан бетаъхир аз хизмати ҳимоятгар истифода барад, бидуни мамониат бо ҳимоятгар як ба як, аз ҷумла то оғози пурсиш, мулоқот кунад;».
3. Моддаи 88 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 88. Баҳодиҳии далелҳо
1. Таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя қонун ва дарки ҳуқуқиро ба роҳбарӣ гирифта, далелҳоро бо ақидаи ботинии худ, ки ба баррасии ҳаматарафа, пурра ва холисонаи ҳама ҳолатҳои парванда асос ёфтааст, аз нигоҳи мансубият доштан, қобили қабул будан, саҳеҳ будан ва кифоя будани маҷмӯи ҳамаи далелҳои ҷамъовардашуда барои ҳалли парвандаи ҷиноятӣ баҳо медиҳад.
2. Далел ба парванда мансубиятдошта эътироф карда мешавад, агар аз маълумотҳои воқеие иборат бошад, ки онҳо хулосаҳо оид ба мавҷуд будани ҳолатҳои барои парвандаи мазкур аҳамиятдоштаро тасдиқ намоянд, рад кунанд ё таҳти шубҳа гузоранд.
3. Далел қобили қабул эътироф карда мешавад, агар он бо тартиби дар Кодекси мазкур пешбинишуда ба даст оварда шуда бошад.
4. Далел саҳеҳ эътироф карда мешавад, агар дар натиҷаи тафтиш маълум шавад, ки он ба ҳақиқат мувофиқ аст.
5. Маҷмӯи далелҳо барои ҳалли парвандаи ҷиноятӣ кофӣ эътироф карда мешавад, агар далелҳои ба парванда мансубиятдошта ва қобили қабуле ҷамъоварӣ шуда бошанд, ки ҳақиқатро оид ба ҳама ва ҳар як ҳолате, ки бояд бо парвандаи мазкур исбот карда шаванд, бе баҳс муайян намоянд.
6. Ягон далел барои таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя қувваи пешакӣ муқарраршударо доро нест.».
4. Моддаи 881 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 881. Далелҳои ғайри қобили қабул
1. Далелҳо ғайри қобили қабул ҳисобида мешаванд, агар онҳо бо вайрон кардани талаботи Кодекси мазкур бо роҳи маҳрум кардан ё маҳдуд кардани ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, ки бо қонун кафолат дода шудаанд, вайрон кардани тартиби ҷамъоварии далелҳо ё дигар қоидаҳои мурофиаи ҷиноятӣ ҳангоми пешбурди тосудӣ ё муҳокимаи судии парванда ба даст оварда шуда, ба саҳеҳияти маълумотҳои воқеии бадастовардашуда таъсир расонида бошанд ё имкони таъсиррасонӣ дошта бошанд, аз ҷумла бо:
- истифодаи шиканҷа, муносибати бераҳмона, зӯроварӣ, таҳдид, фиреб ё дигар кирдори ғайриқонунӣ;
- истифодаи гумроҳшавӣ, ки дар натиҷаи нафаҳмонидан, нопурра ё нодуруст фаҳмонидани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иштирокчии мурофиаи ҷиноятӣ ба миён омадааст;
- гузаронидани амали мурофиавӣ аз ҷониби шахсе, ки ҳуқуқи анҷом додани пешбурдро бо парвандаи ҷиноятии мазкур надошт;
- гузаронидани амали мурофиавӣ бо иштироки шахсе, ки бояд рад карда мешуд;
- ба таври ҷиддӣ вайрон кардани тартиби гузаронидани амали мурофиавӣ;
- ба даст овардани маълумот аз сарчашмаи номаълум ё сарчашмаи дигаре, ки дар мурофиаи ҷиноятӣ муайян кардани он ғайриимкон аст;
- истифода бурдани усулҳои хилофи донишҳои муосири илмӣ ҳангоми исботкунӣ.
2. Қобили қабул набудани далелҳо, инчунин маҳдуд кардани истифодаи онҳо дар мурофиаи ҷиноятӣ, аз тарафи таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя бо ташаббуси худи онҳо ё бо дархости тарафҳо муайян карда мешаванд. Маълумоти воқеӣ дар бораи истифода шудани шиканҷа ё муносибати бераҳмона нисбати гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда, новобаста ба ворид шудани аризаи онҳо ё дархости ҳимоятгар аз нигоҳи қобили қабул будани нишондодҳои онҳо ҳамчун далел, мавриди тафтиш ва баҳодиҳӣ қарор дода мешаванд.
3. Таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя ҳангоми ҳал кардани масъалаи ғайри қобили қабул будани далелҳо вазифадоранд дар ҳар як ҳолат маҳз дар чӣ зоҳир шудани қонунвайронкуниро муайян карда, қарори асоснок қабул намоянд. Ҳангоми ғайри қобили қабул ҳисобидани далел бо сабаби истифода намудани шиканҷа ё муносибати бераҳмона таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя дар доираи салоҳияти худ оид ба ҷавобгарии дахлдори шахсони ба ин амалҳо роҳдода чораҳо меандешанд.
4. Далелҳое, ки ғайри қобили қабул ҳисобида шудаанд, беэътибор дониста шуда, ба асоси айбдоркунӣ гузошта намешаванд ва барои исботи ягон ҳолати дар моддаи 85 Кодекси мазкур зикрёфта истифода шуда наметавонанд.
5. Маълумотҳои воқеие, ки бо қонунвайронкуниҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида ба даст оварда шудаанд, ба сифати исботи ҳолати ҷой доштани қонунвайронкуниҳои дахлдор ва айбдоркунии шахсоне, ки ба онҳо дар рафти таъқиби ҷиноятӣ роҳ додаанд, истифода шуда метавонанд.».
5. Ба қисми 3 моддаи 92 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: «Оғози муҳлати дастгиршавии шахс лаҳзаи воқеан дастгир кардани ӯ ҳисоб карда мешавад.».
6. Моддаи 94 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 94. Тартиби дастгир намудани гумонбаршуда
1. Ҳангоми дастгир намудани шахси дар содир намудани ҷиноят гумонбаршуда корманди ваколатдори мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё дигар шахси босалоҳият вазифадор аст дар ҷои дастгиркунии воқеӣ ба таври шифоҳӣ ба шахс эълон намояд, ки барои содир намудани кадом ҷиноят ӯ дастгир карда шудааст, ҳуқуқи ӯро ба занги телефонӣ ё хабар додан ба адвокат ё хешованди наздик, доштани ҳимоятгар ва даст кашидан аз додани нишондод фаҳмонида, огоҳ намояд, ки нишондодҳои ӯ метавонанд ба сифати далел дар парвандаи ҷиноятӣ муқобили ӯ истифода шаванд.
2. Баъд аз ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани дастгиршуда шахси мансабдори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш дар давоми се соат протоколи дастгиркунӣ тартиб медиҳанд. Ҳангоми тартиб додани протоколи мазкур ба гумонбаршуда ҳуқуқҳои ӯ, ки бо моддаи 46 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, фаҳмонида шуда, дар ин бора дар протоколи дастгиркунӣ сабт карда мешавад. Дар протоколи дастгиркунӣ маълумотҳои зерин дарҷ карда мешаванд:
- сана, ҷой ва вақти тартиб додани протокол, рақами тартибии он;
- насаб, ном ва номи падар, вазифа ва рутбаи кормандони мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, шахсони мансабдор ва шахсони дигар, ки дар анҷом додани амалиёти дастгиркунӣ иштирок кардаанд;
- дар сурати иштирок кардани шахсони холис, тарҷумон ва дигар шахсон дар амалиёти дастгиркунӣ насаб, ном, номи падар, суроға ва дигар маълумотҳое, ки шахсияти онҳоро муайян мекунанд;
- асос ва ваҷҳҳои дастгир намудан, ҷой ва вақти дастгиркунии воқеӣ, ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани шахс (бо зикри сана, соату дақиқа);
- маълумот дар бораи фаҳмонидани ҳуқуқҳои гумонбаршуда, холисон ва шахсони дигар, ки дар амалиёт иштирок мекунанд;
- натиҷаҳои кофтукови шахсии дастгиршуда;
- сана ва вақти дастгиркунии шахс ва аз ҷои нигоҳдории ӯ хабардор кардани аъзои болиғи оила ё хешованди наздики шахси дастгиршуда, тарзи хабардоркунӣ (аз ҷониби кӣ ва ба кадом восита хабар расонида шудааст, агар хабари телефонӣ бошад, рақами телефон нишон дода мешавад), насаб, ном ва номи падари шахсе, ки аз дастгиркунӣ ва ҷои нигоҳдории дастгиршуда хабардор карда шудааст.
3. Протоколи дастгиркунӣ ба дастгиршуда эълон карда шуда, аз ҷониби шахси мансабдори онро тартибдода, дастгиршуда, ҳимоятгари ӯ (агар ӯ иштирок дошта бошад) ва дигар шахсон, ки дар амалиёти мазкур иштирок кардаанд, имзо карда мешавад.
4. Ҳангоми ҷойгир кардани гумонбаршуда дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ барои муайян намудани вазъи умумии саломатӣ ва ё мавҷуд будани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ аз ҷониби корманди тиб муоинаи тиббии ӯ гузаронида мешавад. Гумонбаршуда ё ҳимоятгари ӯ ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки муоинаи тиббиро табиби мустақил ё коршиноси судӣ - тиббӣ гузаронад. Хулосаи муоинаи тиббӣ ба протоколи дастгиркунӣ ҳамроҳ карда мешавад.
5. Баъд аз ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани дастгиршуда, фаҳмонидани ҳуқуқҳои ӯ, тартиб додани протоколи дастгиркунӣ ва гузаронидани муоинаи тиббӣ шахси дастгиршуда бетаъхир дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ ҷойгир карда мешавад.
6. Дар бораи дастгир намудани гумонбаршуда мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда ё муфаттиш уҳдадоранд дар давоми 12 соат аз лаҳзаи дастгиркунии воқеии шахс ба прокурори дахлдор ба таври хаттӣ хабар диҳанд.».
7. Дар қисми 1 моддаи 100 калимаҳои «дар давоми 12 соат» ба калимаи «бетаъхир» иваз карда шуда, баъд аз калимаҳои «ва ҷои нигоҳ доштани дастгиршуда» калимаҳои «ё ивазкунии ҷои нигоҳдории дастгиршуда» илова карда шаванд.
8. Дар моддаи 388:
-  қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Иқтибос аз ҳукми суд вобаста ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, ба мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ирсол карда мешавад.»;
- қисмҳои 3 ва 4 мувофиқан қисмҳои 4 ва 5 ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 майи соли 2016, № 1306


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 30 марти соли 2016, № 382


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бар­расӣ намуда, қарор мекунад:   
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 майи соли 2016, № 220


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20-23.05.2016    №: 96,98    Мутолиа карданд: 967

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед