logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ ВА СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  с.2009, №5, мод.316; с.2010, №12, қ.1, мод.828; с.2012, №12, қ.1, мод.1006; с.2015, №11, мод.972) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 8:
- дар қисми 1:
- ба банди 7) пас аз калимаи «муассисон» калимаҳои «(нисбати ҷамъиятҳои саҳомӣ маълумот оид ба дорандаи феҳристи саҳмдорон)» илова карда шаванд;
- дар банди 13) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- бандҳои 14) ва 15) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«14) маълумот дар бораи мақоми ваколатдори идоракунии давлатӣ нисбат ба корхонаи давлатӣ ва маълумот нисбат ба шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, ки ҳиссаи (саҳмияҳои) дар сармояи оинномавии ташкилотҳои тиҷоратӣ қарордоштаи моликияти худро дар давраи  дар  хизмати давлатӣ буданаш ба шахси дигар бо ҳуқуқи идораи ба боварӣ асосёфта додааст, инчунин маълумот дар бораи васӣ ва парастори муассиси (муассисони) шахси ҳуқуқӣ, ки худ шахси ноболиғ мебошад;
15) маълумот дар бораи тамғаи молӣ ва тамғаи  хизматрасонӣ.»;
- дар қисми 2:
- ба матни қисм пас аз калимаҳои «соҳибкорони инфиродӣ» калимаҳои «ва хоҷагиҳои деҳқонӣ» илова карда шаванд;
- дар банди 10) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- бандҳои 11), 12) ва 13) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«11) маълумот дар бораи тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ;
12) маълумот дар бораи аъзо ва роҳбари хоҷагии деҳқонӣ (маълумот аз ҳуҷҷате, ки шахсияти аъзои хоҷагии деҳқониро тасдиқ мекунад);
13) маълумот дар бораи номи хоҷагии деҳқонӣ, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷудо гардидани қитъаи замин, масоҳати қитъаи замини ҷудогардида, маҳалли ҷойгиршавӣ, намуд ва шакли замин аз рӯи тақсимоти кадастрӣ (обӣ, лалмӣ, корам ва ё чарогоҳ).»;
- дар банди 9) қисми 3 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- банди 10) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«10)  маълумот дар бораи тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ.».
2. Дар моддаи 11:
- дар қисми 1:
- дар банди 3) аломати нуқтавергул «;» ба аломати нуқта  иваз карда шуда, ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Агар роҳбари мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқии таъсисёбанда шаҳрванди хориҷӣ бошад, инчунин нусхаи ҳуҷҷате, ки дар асоси он ба шахси воқеии хориҷӣ барои сукунат ва амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст (раводид, варақаи бақайдгирӣ ва гувоҳномаи иқомат бо муҳлати  амали на кам аз се моҳ);»;
- дар банди 4) пас аз калимаи «таъсисёбанда» калимаҳои «, инчунин нисбати муассис - ҷамъияти саҳомӣ - иқтибос аз феҳристи саҳмдорон ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дорандаи феҳристи саҳмдорон» илова карда шаванд;
- қисми 8 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«8. Ҳангоми бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқие, ки муассиси он дар ҳудуди минтақаи оффшорӣ ба қайд гирифта шуда, баромад менамояд, аризадиҳанда уҳдадор аст ба мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар бораи соҳибмулкони асосии шахси ҳуқуқӣ дар ҳудуди минтақаи оффшорӣ маълумот пешниҳод намояд.»;
- қисмҳои 8, 9 ва 10 мувофиқан қисмҳои 9, 10 ва 11 ҳисобида шаванд.
3. Моддаи 202 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 202. Хориҷ намудани шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷии бефаъолият аз Феҳристи ягонаи давлатӣ бо қарори мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ
Шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷие, ки дар давоми дувоздаҳ моҳи охир пеш аз лаҳзаи қабули қарори дахлдор аз тарафи мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳисобот ва эъломияҳои пешбининамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод накардаанд, фаъолияти воридотӣ ва содиротии гумрукӣ анҷом надодаанд ва ягон амалиёти бонкӣ нагузаронидаанд, воқеан субъекти фаъолияташ қатъшуда (минбаъд – субъекти бефаъолият) ба ҳисоб мераванд. Субъекти бефаъолият бо қарори мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Феҳристи ягонаи давлатӣ хориҷ карда мешавад.».
4. Дар моддаи 22:
 - дар банди 4) калимаҳои «иҷозатномаи иқомат» ба калимаҳои «гувоҳномаи иқомат бо муҳлати амали на кам аз шаш моҳ» иваз  карда шаванд;
 - банди 5) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«5) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) фаъолияти соҳибкории шахси воқеӣ;»;
 - банди 5) банди 6) ҳисобида шавад.
5. Дар моддаи 27:
- қисми 5 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«5. Дар сурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ вобаста ба гузашти ҳисса (саҳм) дар сармояи оинномавии шахси ҳуқуқӣ, аз тарафи шахси ҳуқуқӣ ба мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ хулосаи мақомоти дахлдор оид ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ пешниҳод карда мешавад.»;
- қисми 5 қисми 6 ҳисобида шуда, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«6. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маълумоти дар Феҳристи ягонаи давлатӣ мавҷудбуда оид ба ивазшавии муассиси (саҳмдори) шахси ҳуқуқӣ, ки ӯ шахси ҳуқуқии хориҷии дар ҳудуди минтақаи оффшорӣ бақайдгирифташуда мебошад, бо дастрасии муқаррароти қисми 8 моддаи 11 Қонуни мазкур ба роҳ монда мешавад. Талаб намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ, ки Қонуни мазкур пешбинӣ накардааст, манъ аст.»;
- қисми 6 қисми 7 ҳисобида шавад.
6. Дар моддаи 29:
- дар қисми 1:
- дар банди 3) аломати нуқтавергул «;» ба аломати нуқта  иваз карда шуда, ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Агар роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ шаҳрванди хориҷӣ бошад, инчунин нусхаи ҳуҷҷате, ки дар асоси он ба шахси воқеии хориҷӣ барои сукунат ва амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст (раводид, варақаи бақайдгирӣ ва гувоҳномаи иқомат бо муҳлати амали на кам аз се моҳ);»;
- банди 6) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«6) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;»;
- банди 6) банди 7) ҳисобида шавад;
- қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«4. Барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки дар ҳудуди минтақаҳои оффшорӣ ба қайд гирифта шудааст, аризадиҳанда уҳдадор аст ба мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ маълумот дар бораи соҳибмулкони асосии шахси ҳуқуқии хориҷии дар ҳудуди минтақаҳои оффшорӣ бақайдгирифташударо пешниҳод намояд.».
7. Дар банди 7) қисми 1 моддаи 34 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шуда, банди 8) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«8) агар шахс дар асоси ҳукми суд аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян маҳрум шуда бошад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур  пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 майи соли 2016, № 1319


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 6 апрели соли 2016,  № 400


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»-ро баррасӣ  намуда,   қарор   мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷи­кистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 майи соли 2016,  № 233


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20-23.05.2016    №: 96,98    Мутолиа карданд: 737

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед