logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ БА БАЪЗЕ НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТ»

Моддаи 1.  Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №5, мод.348; с.2005, №3, мод.120; с.2006, №7, мод. 343; с.2007, №6, мод.433; с.2008, №1, қ.2, мод.14, №6, мод.457, №10, мод.816; с.2009, №3, мод.78, №5, мод.326, №9-10, мод. 544; с.2010, №12, қ. 1, мод.821; с.2012, №12, қ.1, мод. 1005; с.2013, №3, мод.193, №11, мод.787; с.2014, №7, қ. 2, мод. 406, мод. 407, №11, мод. 666; с. 2015, №3, мод. 206, мод. 213, №11, мод.967) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд.
1. Ба моддаи 17 сархати чилум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- фаъолият оид ба воридот, содирот, фурӯш ва истифодаи ҳавопаймои бесарнишин;».
2. Дар моддаи 18:
- дар қисми 1:
- ба сархати якум пас аз калимаи «бонкӣ» калимаҳои «, аз ҷумла бонкии исломӣ» илова карда шаванд;
- сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- фаъолияти оператори низоми пардохт;»;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ, аз ҷумла бонкии исломӣ, амалиёт бо асъори хориҷӣ ва фаъолияти оператори низоми пардохт бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкӣ, фаъолияти бонкии исломӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурд, танзими асъор ва назорати асъор, хизматрасониҳои пардохт ва низоми пардохт ба танзим дароварда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 майи соли 2016, № 1318


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 6 апрели соли 2016, № 406

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро баррасӣ  намуда,  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 майи соли 2016, № 232


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20-23.05.2016    №: 96,98    Мутолиа карданд: 754

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед