logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНОН - неруи созандаи ҷомеаи навин

Мояи ифтихор аст, ки чун анъана дар остонаи Рӯзи ҷавонон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони фаъолу рӯшанфикр мулоқот намуда, ҷиҳати пешрафти иқтисодиву фарҳангӣ масъалаҳои мубрами созандагиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Ин иқдоми Пешвои миллат барои мо, ҷавонон, намунаи ибрат буда, дарси ҳаёт, меҳанпарстиву миллатдӯстӣ ва муҳаббату садоқат ба Ватани маҳбубамонро меомӯзад. 

Имрӯзҳо дар тамоми сохторҳои давлатӣ фаъолият намудани мутахассисони ҷавон беш аз солҳои пешин ба мушоҳида мерасад ва, хушбахтона, сол ба сол сафи ҷавонони фаъол меафзояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иқдомҳоро равнақу ривоҷ бахшида, баҳри рушди тафаккури миллӣ ва созанда тамоми чораҳои заруриро меандешад.   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар соли 2015 аз ҷумла зикр намуданд: “Дар асри бистуяк пешрафт ва бойигарии кишварҳоро на аз рӯи шумораи аҳолӣ ва захираву сарватҳои табиӣ, балки аз рӯи қобилияти зеҳнӣ, сатҳи маърифат ва огоҳиву дастрасӣ доштани аҳолӣ ба техникаву технологияҳои муосир ва истифодаи самараноки онҳо муайян менамоянд”.
Бо бардошти маънавӣ аз ин суханони пурмуҳтавои Ҷаноби Олӣ метавон афзуд, ки дар заминаи таъмини чунин шароит пешрафти босуръати илму техника муҳайё гардида, барои андӯхтани донишҳои муосири илмиву техникӣ бештар имкон фароҳам меояд. Вобаста ба ҳамин таъкидҳо ва ҳидоятҳои пурмазмун буд, ки ҷавонони кишвар имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни илм, бавижа ошноии бештар бо технологияи муосир, дар арсаи байналмилалӣ саҳиму комгор мегарданд ва ҳамзамон мекӯшанд, ки парчамбардори миллату давлати хеш бошанд. Чунон ки мисоли онро дар зимни дастовардҳои ҷавонон дар конфронсу симпозиумҳои илмӣ - амалӣ, олимпиадаҳои сатҳи гуногун, варзиш ва дигар мубоҳисоти илмии ҷаҳонӣ ба мушоҳида мегирем. Вале дар баробари ин, Роҳбари давлат борҳо таъкид намуданд, ки бояд маданияти истифодабарии дастовардҳои технологияҳои муосир, аз ҷумла телефонҳои мобилӣ ва шабакаи интернетӣ, риоя карда шавад. Ин таъкид мо - ҷавононро водор месозад, ки дар амалӣ намудани таъкидҳои Роҳбари давлат аз зиракиву худогоҳӣ бештар бархӯрдор бошем.
Бо такя бар далоили дар боло зикргардида бояд гуфт, ки ҷавонони имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон бечунучаро сиёсати Пешвои миллати худ Эмомалӣ Раҳмонро дасгирӣ менамоянд ва дар равандҳои ҷаҳонишавӣ  ҳамқадами замон хоҳанд буд.

Раҳимҷони АБДУҚОДИР,
корманди Вазорати корҳои
хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2016    №: 98    Мутолиа карданд: 593

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед