logo

фарҳанг

ҲУНАРПЕШАЕРО ЧУН Ӯ НАМЕШИНОСЕМ

Камтар одамон Убайдуллои Раҷабро аз наздик мешиносанд, аммо он гуна менависанд, сухан мегӯянд ва вонамуд мекунанд, ки ӯро нағз ва пурра медонанд. Албатта, дар ҳама қаламрави ҷумҳурӣ касеро намеёбӣ, ки бигӯяд, ман ӯро намешиносам. Ва, агар ҳам бар касе бигӯӣ, ки ӯро намешиносад, меранҷад, сахт меранҷад. Ба ту он гоҳ чун далел чанд намоишро ном мебарад, лаҳзаҳои зиёдеро аз онҳо ёдовар мешавад ва ҳатто пора-пора матнҳояшро низ мегӯяд. Дар охир ҳатман қайд мекунад, ки ӯро, бозияшро ба ҷону дил дӯст медорад ва ҳам муштоқи ҳар баромадаш ҳаст. Агар Худо кардаву бо ӯ ҳамсуҳбат шуда бошад, чунон бо муҳаббат аз он ёдовар мешавад, ки мегӯӣ: дар ҳама олам агар Убайдуллоро касе беҳтар мешиносад, ҳамин аст.

Оре, бо ӯ ифтихор мекунанд ва мегӯянд, ки дар як садсола ва ё чанд садсола Худо чунин ҳунарманди бузургу нотакрорро ато мекунад, мебахшад. Ва дуруст ҳам мегӯянд ва дуруст ҳам ифтихор менамоянд.
Дар ҳар мағоза, дар ҳар бозор, дар ҳар кӯча, дар ҳар хона агар ӯро бубинанд, ҳама орзу мекунанд, ки бо ӯ наздик бишаванд, сухан бигӯянд, бипурсанд. Ва, агар ба ин муродаш касе нарасад, ақаллан мехоҳад бубинад, бидонад, ки ӯ чӣ мехарад,  чӣ гуна мехарад, чӣ мегӯяд,  чӣ гуна мегӯяд. Пас аз он ин як вохӯриро дар ҳама ҷо ба наздикон, ба атрофиён ҳатман чун як кашфиёт ҳикоят мекунад.
Ман ҳам мепиндоштам, ки ӯро мешиносам, аз наздик мешиносам. Охир аксар намоишҳоеро, ки ӯ дар онҳо нақш офаридааст ва ё онҳоро навиштааст, дидаам, хондаам. Ба ҷуз ин аввали солҳои 80-уми асри гузашта бисёр аз муҳаррирон ва коргардонҳои Телевизиони Тоҷикистон зуд-зуд ба намоишҳо даъваташ менамуданд ва ман чун муҳаррир аз ҳузури ӯ, суҳбати ӯ, машқи ӯ, сабти ӯ, бозии ӯ баҳраҳо бардоштаам. Ва ҳам дидаам, ки чӣ гуна намоишҳоро қариб ба тамом аз нав мекард ва ба муаллифу муҳарриру коргардон бо ин навоварӣ ва бозии бисёр олиҷанобаш шуҳрат меовард. Ҳама аз ин хотир, дар гирдаш он замон парвона буданд. Аммо чун мақсад гузоштанд, ки дар борааш намоиш бикунанд, навиштани сенарияи онро ҳич кас ҷуръат накард ба уҳда бигирад, зеро дарёфта буданд, ки коре бас мушкил аст. Танҳо дар ҳамин ҳолат кас дарк мекунад, мефаҳмад, ки ҳанӯз ӯро намешинохтааст.
Театри «Оина» панҷсола мешуд. Лозим омад, ки ба ин хотир барои рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо ӯ суҳбат бикунам. Ба чӣ хотир жанри суҳбатро интихоб кардам? Дар ин навъи жанр рӯзноманигор танҳо масъули пурсиш аст. Барои ман навиштани мақола дар бораи Убайдуллои Раҷаб ва театри ӯ басо мушкил буд. Охир чун суҳбат кардам, дарёфтам, ки бо ӯ суҳбат намудан ҳам осон нест. Ҳар кас дар пеши дониш, фаҳмиш, таҷриба, ҷаҳонбинии ӯ нотавонии худро баръало эҳсос менамояд ва ҳам зуд дармеёбад, ки қариб ҳама соҳаҳоро ба хубӣ медонад.
Матлаби «Ҳамчу оина агар пок шавем» дар арафаи 5 – солагии ин театр дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шуд. Пас аз он матолиби дигар «Соҳиби бузургтарин неъмат» ва «Рӯ ба рӯ бо шумо» ба воситаи ин рӯзнома дастраси хонандагон ва ихлосмандонаш гардид. Ва ман рӯз аз рӯз дармеёфтам, ки мо ҳанӯз ин ҳунарманди нотакрорро нашинохтаем.
Ӯ ҳунармандест, ки ҳадаф дорад, ҳадафи муайян дорад ва он барои пешрафти ҷамъият, пешрафти ҳунар, пешрафти театр ҳаст.
Ӯ ҳунармандест, ки дилаш барои мардумаш, барои ганҷҳои бузурги фарҳангаш, барои кишвараш месӯзад ва барои пойдорию рушди он ҳама ҳастияшро бедареғ мебахшад.
Ӯ ҳунармандест, ки дар олами ҳунар ҳеҷ гоҳ қаноатро намедонад ва пайваста кӯшиш мекунад, ки қуллаҳои баланд ва нав ба наверо фатҳ бисозад.
Ӯ ҳунармандест, ки ҳеҷ гоҳ барои шуҳрат, барои унвон, барои маҳбубият, барои манфиат заҳмат накашидааст, баръакс ин ҳамаро барои пешрафти ҳунар ва театр бахшидааст.
Ӯ ҳунармандест, ки рисолати бузурги инсонӣ ва ҳунарӣ дорад ва онро хуб мешиносад. Ман ҳеҷ ҳунармандеро ҷуз ӯ намешиносам, ки пайваста бисӯзад ва бинависад ва бо фарёд бигӯяд: «Оламро танҳо зебоӣ аз вартаи марг мераҳонад. Оламро зебоӣ наҷот медиҳад». Оре, ӯ на танҳо месӯзаду менависаду мегӯяд, балки барои ҳифзи олам, ҳифзи зебоӣ ба ҷон мекӯшад ва барои ин  аз ҳеҷ заҳмату меҳнат рӯ наметобад.

Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2016    №: 98    Мутолиа карданд: 593

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед