logo

сиёсат

НАТИҶАҲОИ ПЕШАКИИ РАЪЙПУРСӢ ЭЪЛОН ГАРДИДАНД

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 май зимни нишасти хабарӣ, ки бо ҳузури нозирони милливу байналмилалӣ ва доираи васеи хабарнигорон доир гардид, натиҷаҳои пешакии  раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд.

Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки аз  рӯи  маълумоти  пешакӣ аз шумораи умумии раъйдиҳандагон, ки 4 миллиону 409 ҳазору 516 нафарро ташкил медиҳад, дар  ҷараёни раъйпурсӣ 4 миллиону 38 ҳазору 183 нафар раъйдиҳанда ё худ 92 дарсад иштирок намуданд. Аз ин шумора, ба ҷонибдорӣ аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия 3 миллиону 814 ҳазору 477 нафар раъй додаанд, ки ин рақам баробар ба 94,5 дарсад аст. Танҳо 3,3 дарсади раъйдиҳандагон ба муқобили ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия раъй доданд.
Раиси КМИР дар робита ба натиҷаҳои пешакӣ изҳор дошт, ки мутобиқи қонунгузории амалкунанда раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоргардида ҳисоб меёбад.
Барои гузарондани раъйпурсии умумихалқӣ дар мамлакат 68 комиссияи ҳавзавӣ ва 3 ҳазору 239 участкаи раъйпурсӣ ташкил шуд. Дар сафоратхона ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар бошад, 36 участкаи раъйпурсӣ амал кард.
Ҷараёни ин маъаракаи муҳими сиёсиро 120 нозири байналмилалӣ, аз ҷумла аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва беш аз 7 ҳазор нозири миллӣ аз ҳизбҳои сиёсии расман амалкунанда, иттифоқҳои касаба, созмонҳои ҷавонон ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ мушоҳида карданд.
Зикр шуд, ки раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 май доир гардид, дар фазои орому осуда, ба таври озод, шаффофу демократӣ доир гардида, то кунун дар робита ба он ҳеҷ арзу шикояте ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ворид нашудааст.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2016    №: 98    Мутолиа карданд: 464

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед