сиёсат
САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР РАЪЙПУРСИИ УМУМИХАЛҚӢ
Субҳи 22 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи муҳими сиёсӣ - раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба участкаи раъйдиҳии рақами 15 - и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ташриф оварда, барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба баъзе моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй дод.
Дар раъйпурсии навбатӣ сокинони маҳаллаи Маҳмадулло Холов, ки участкаи рақами 15 - и ҳавзаи раъйпурсии ноҳияи Исмоили Сомонӣ рақами 2 дар он қарор дорад, чун ҳамаи мардуми кишвар дастаҷамъона ширкат варзиданд. Ҳамагӣ дар участкаи раъйдиҳии мазкур 1534 нафар раъйдиҳанда ба қайд гирифта шуд, ки аз ин 4 нафар бори аввал иштирок кард.
Ширкати васеи мардум дар раъйпурсӣ аз фаъ-ол будан дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, аз сатҳи баланди донишу маърифат ва ҳисси масъулиятшиносии онҳо, аз ҷонибдории сокинон аз фазои сулҳу осоиш ва суботу эътидоли иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди фарҳангии ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.05.2016 №: 98 Мутолиа карданд: 459