logo

иҷтимоиёт

КАМОНГАРОН ОБОДОН МЕШАВАД

Ҷиҳати таъмини иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2016 бахшида ба ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 130 рӯзи ободонӣ эълон гаштааст. Дар доираи он баҳри тозаву озода гардондани шоҳроҳу хиёбонҳо корҳои зиёде амалӣ гашта истодаанд.

Барои равшанӣ андохтан аз рафти корҳои ободонӣ дар маҳаллаи Камонгарони ноҳияи Сино бо раиси маҳалла Саноат Соҳибова ҳамсуҳбат шудем. Мавсуф чунин гуфт: «Маҳаллаи мо аз 215 ҳавлӣ ва се кӯча: Камонгарон, Нурулло  Ҳувайдуллоев ва Ғаффор Мирзо иборат буда, дар он 1075 нафар истиқоматкунанда мебошад.
Дар  кӯчаи Ғаффор Мирзо коргоҳи таъмири мошинҳо, боғчаи бачагонаи «Ахтарон», нонво, мағозаи хӯрокворӣ дар хизмати мардум қарор доранд. Муассисаҳои зиёди давлатӣ, ҷамъиятиву шахсӣ, аз қабили мағозаву дуконҳо, таъмиру шустушӯи мошинҳо ва ғайра кӯчаи Камонгаронро зеб медиҳанд.
Кӯчаи калонтарини маҳалла ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев гузошта шудааст ва дар ин ҷо омӯзишгоҳу беморхонаи маъюбон, сартарошхона, мағозаи хӯроквории «Барот», мағозаи қисмҳои эҳтиётӣ ва хизматрасонии мошинҳо, сехҳои дӯзандагии «Робия» ва «Сумая» ба муштариён хизмат мерасонанд. Як чиз ҷолиби диққат аст, ки ҳамаи бошандагони маҳаллаи мазкур ва муассисаҳо як мақсад доранд: дар соли ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маҳали зисти худро ободу зебо гардондану дар ҳолати тозагии ҳамешагӣ нигоҳ доштан.  Аз ин рӯ, онҳо ташаббуси 130 – рӯзи ободонии шаҳри Душанберо хушнудона пайравӣ намуда, ҳар рӯз дар соатҳои холигӣ ва ҳар шанбеву якшанбе барои ободии ҳудуди маҳалла ба ҳашар мебароянд.
Дар ин ҳашарҳои мардумӣ баробари падару модарон наврасону ҷавонон низ иштирок менамоянд, ки ин худ барои онҳо як мактаби тарбия аст. Чанде пеш мактаббачагони маҳалла дар тоза намудани канали обпарто, ки аз байни кӯчаҳояшон печутобхӯрон мегузараду бисёр партову пасмондаҳоро баъди боронҳои шадид бо худ оварда ба роҳу пайроҳаҳо ё соҳилҳояш меафканад, тоза намуда, ба баҳои баланди зодмандону омӯзгорон сазовор гаштанд. Инчунин, ду партовгоҳи маҳалла низ ҳамарӯза аз партов тоза ва дар ҳолати хуби санитарию гигиенӣ нигоҳ дошта мешавад».

Сафаргул АЛИМОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2016    №: 99    Мутолиа карданд: 491

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед