logo

иқтисод

«ҒУЛАМА» ҲАРЧАНД ҲАР СОЛ НАВСОЗӢ МЕШАВАД...

Зимни сафари хизматӣ  сокинони картошкапарвари водии Лахш ҳангоми суҳбат фақат ҳаминро мегуфтанд: «Агар ҳолати шабакаи обёрии  «Ғулама» беҳтар карда нашавад ва  ба заминҳо оби даркорӣ наояд, бо вуҷуди тухмии хушсифат ҳосили хуб гирифтанамон дар гумон аст. Ягона манбаи оби майдонҳои кишт дар ин мавзеъ канали номбурда мебошад. Вале бо сабаби омадани селобаи соли гузашта дар дарёи Ғулама он зарар дида, таъмирталаб гардид. Даруни канал аз саргаҳ то ба чандсад метр  пур аз қум шуд». 

Тавре мушоҳида намудем, шабакаи обёрии мазкур  муддати мадид таъмири ҷиддиро надидааст. Ба гуфтаи масъулони соҳа, он  соли 1972 дар масофаи 32 км барои обёрии наздики 2 500 гектар замини даштҳои  Сурхоб, Бӯстон, Қашот ва минтақаи Лахш бунёд гардида, баъзе қисматҳои канал тайи солҳо  бо сабаби рӯ задани офатҳои табиӣ хароб гардидаанд. Бо иллати  вайрониву фарсудагӣ ҳаҷми ғунҷоиши оби он кам шуда, талаботи қитъаҳои зироатпарвариро пурра қонеъ карда наметавонад. Ҳаҷми майдонҳои киште, ки айни замон ба воситаи ин канал  бо об таъмин карда мешаванд, шояд ҳамагӣ 2000 гектар бошад. Ба ҷойи азхудкунии заминҳои бекорхобида, ҳосилнокии майдонҳои кишти мавзеи мазкур торафт коҳиш ёфта, мушкилоти норасоии  оби  полезӣ баҳри рушди соҳа монеаи ҷиддӣ эҷод намудааст. Соли гузашта сел саргаҳи шабакаи  номбурдаро валангор ва даруни онро бо қуму шағал пур кард. Дар мавсими кишту кор деҳқонон аз оби шабака маҳрум буданд. Бо вуҷуди боронҳои баҳорӣ норасоии об дар нашви зироатҳо таъсири манфӣ расонд.
Мақсуд Асоев, сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия, изҳор дошт, ки сокинон якҷо бо масъулони соҳа  ба таъмири дарғоти он пардохта, то ҷое қисматҳои валангоршударо барқарор карданд. Баҳри навсозии дарғоти шабакаи обёрии «Ғулама» ва тоза намудани дохили он аз қуму шағал зиёда аз 1 500 нафар сокини ҷамоатҳои деҳоти «Алға», «Лахш», «Муксу» ва «Қашот» дар мавсими кишти баҳории соли равон  ба ҳашар баромаданд. Ҳамчунин, як қисмати маблағ барои таъмири канал аз ҳисоби онҳо пардохт карда шуд.  Бо дастгирии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати сари вақт ба итмом расондани кори таъмир коргарон бо  масолеҳи сохтмон ва  сӯзишворӣ таъмин гардиданд. Агарчи канал то ҳадди даркорӣ навсозӣ  карда нашуд, дохили онро то андозае аз қуму шағал тоза намуда, саргаҳро таъмир намудем, то барзгарон аз оби полезӣ бенасиб намонанд. 
Ҳарчанд масъулони соҳа якҷо  бо сокинон шабакаи обёрии номбурдаро ҳар сол таъмиру навсозӣ менамоянд, ҳанӯз мушкилоти мавҷуда бартараф нагардидааст. Канал аз сабаби надоштани обпартои махсус аз қуму шағал пур мешавад ва масъулони соҳа маҷбуранд онро боз тоза намоянд. Дарғоти канал низ чандон мустаҳкам набуда, бо зиёд шудани оби дарё боз валангор хоҳад шуд. Техникаҳои мавҷудаи ноҳия ҳам хеле куҳна буда, ба дард намехӯранд. Бо иллати харобу валангор будани қисматҳои дигари шабакаи обёрӣ ҳаҷми оби он нисбат ба солҳои қаблӣ хеле кам гардидааст. Инчунин, тахминан   700 – 800 метри дарёи «Ғулама»  дар ҳудуди  кони намак рост меояд ва ба оби канал намаки зиёдро ворид мекунад. Шӯртар  гардидани об  боиси коҳиш ёфтани ҳосили зироатҳо ва пастсифатии маҳсулот мегардад. Муҳофизати шабакаи обёрии мазкур аз резиши намак ва бартараф сохтани мушкилоти дигар кори азимро талаб мекунад.  Ҳоло барои  рафъи пурраи камбудҳои мавҷуда  мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  ва дигар идораҳои дахлдори ноҳия  имконият надоранд. 
Аммо канал таъмири ҷиддӣ мехоҳаду замини ташналаб об. Барои  навсозии ҷиддии он маблағи ҳангуфт лозим меояд, лекин набояд фаромӯш кард, ки беҳтар гардидани ҳолати обёрии канал мӯҷиби афзудани майдонҳои кишт ва ба ин васила маҳсулоти ғизоӣ хоҳад шуд. Бо зиёд шудани маҳсулот ва даромади аҳолӣ маблағи сарфгардида дар муддати кӯтоҳ боз ба ҷойи даркорӣ бармегардад. Пас, чӣ   бояд кард?

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2016    №: 99    Мутолиа карданд: 676

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед