logo

иқтисод

ОГТ ВА МО. ЧӢ БОЯД КАРД ?

Воридкунандагон ва истеҳсолгарони маҳсулоти трансгенӣ барои фоидаи муфт ба даст овардан солимии миллатро зери хатар мегузоранд

Ҳадаф аз истифодаи маҳсулоти трансгенӣ, ки  тариқи омехта намудани  генҳои ҳашароту зироатҳо ба якдигар ба вуҷуд оварда шудааст, серҳосилии зироат, маҳсулнокии чорвою паранда, тобоварии маҳсулоти кишоварзӣ ба иқлими хушку сард ва ҳашароту пестисидҳо, афзун сохтани ҳосил, муҳлати нигаҳдории он, умуман ба даст овардани фоидаи фаровон бо харҷи кам ва аз худ намудани бозори истеъмолӣ бо ворид намудани маҳсулоти арзон  мебошад. Дар ин ҷода зиёни ин маҳсулот ба саломатии инсон аз ҷониби баъзе истеҳсолгарону расонандагон ба инобат гирифта намешавад.
Шавкат Саидмуродов, муовини директори Маркази инноватсионии биологӣ ва тиббии Академияи илмҳои ҶТ, дар робита ба  ин масъала гуфт, ки зарари ин маҳсулотро  садҳо  олимони дунё  исбот кардаанд. 
Дар маҷмӯъ, маҳсулоти трансгениро ба 3 гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: 1. Маҳсулоте, ки дар таркибашон ҷузъиёти трансгенӣ доранд. Ин иловаҳо  ба маводи ғизоӣ барои хуштаъмӣ, хушрангӣ, хушбӯӣ, ҳамчунин барои зиёд намудани сафеда ҳамроҳ карда мешаванд.  2. Маҳсулоти хоми коркардшудаи трансгенӣ, аз қабили твороги зироатӣ, чипс, маккаи консервагӣ ва  намудҳои он, қайлаи помидор.  3.  Сабзавоту  меваҳои трансгенӣ ва маҳсулоти чорвои хонагии трансгенӣ, ки дар ғизо истифода мешаванд.
Айни замон дар  Хитой, Ҳиндустон, Ҷопон, мамлакатҳои Амрикои Лотинӣ  ва  баъзе давлатҳои дигар тухмиҳо бо роҳи генетикӣ тағйирдодашударо дар хоҷагии қишлоқ зиёд истифода мебаранд. Аксарияти мамлакатҳои  Иттиҳоди Аврупо истифода ва воридоти  организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда (ОГТ) - ро қатъиян манъ намудаанд. Соли 2005 зиёда аз 100 мамлакат ва  шаҳру минтақаҳои аз ОГТ озод муттаҳид гашта, манифести Берлинро, ки истифодаи чунин маҳсулотро манъ мекунад,  қабул намуданд.  
Соли 2009 вакилони 27 мамлакати аъзои Иттиҳоди Аврупо дар Люксембург ба ҳам омада, баъди баҳсҳои тӯлонӣ ба созиш омаданд, ки истеҳсолкунандагони биомаҳсулотҳо  метавонанд ОГТ -  ро истифода баранд, агар миқдори он дар таркиби маҳсулот на зиёда аз 0,9 фоизро ташкил намояд. 
Муддати тӯлонӣ  Иттиҳоди  Аврупо муқобили маҳсулоти  геномуҳандисӣ буд, аммо мушкилиҳо дар таъминоти ғизо ва шароити обу ҳаво Аврупоро маҷбур сохт, ки ба ОГТ ба таври нав назар намояд. Аз рӯи маълумоти баъзе аз сарчашмаҳо (аз ҷумла маълумоти «Шӯрои миллии кашшофии Амрико»), то соли 2030 талабот ба маҳсулоти хӯоркворӣ тақрибан 35 фоиз меафзояд.
Миқдори зиёди молҳои воридотӣ, аз қабили қаннодӣ, гӯштӣ ва маҳсулоте, ки бо истифодаи лӯбиёиҳо истеҳсол шудаанд, маҳсулоти трансгенӣ доранд. Компонентҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда (ГТ) дар наҳориҳои хушк, ғизоҳои тезтайёр, кетчуп, ғизоҳои кӯдакона, қаннодиҳо, майонез ва ғайра мавҷуданд. Тахминан то 10 фоизи қаҳва ва чой низ мувофиқи баъзе маълумотҳо ГТ мебошад.
Воридшавии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) бешубҳа, ба манфиати иқтисод ва обрӯи кишвар аст. Аммо  дар ин раванд бояд роҳҳоеро ҷуст, ки ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар бозори дохилӣ мусоидат намоянд.
Пешрафти технология, афзоиши аҳолӣ ва дар навбати аввал арзонии  маҳсулоти дорои  ГТ имконияти даст кашидан аз  онро коҳиш медиҳад.  Аҳли ҷомеаи мо бояд ба ин масъала бештар таваҷҷуҳ намояд, зеро  саломатии миллат дар мадди аввал аст.
   
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2016    №: 99    Мутолиа карданд: 626

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед