logo

маориф

МУАММОИ ДАРСҲОИ ИЛОВАГӢ.

Кай он ҳалли дурусти худро меёбад?
Масъалаи талаби  маблағи моҳона дар муассисаҳои таҳсилоти миёна хабари нав нест. Борҳо  дар воситаҳои ахбори омма доир ба ин масъала матлабҳо чоп шуданд, вале то ба имрӯз аксуламалеро намебинем…

Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёна маблағи моҳона тавассути кумитаҳои волидон  ба расмият дароварда шуда, пардохти он назорат карда мешавад.
Таъсиси кумитаи волидон дар бархе аз муассисаҳои таълимӣ барои фароҳам овардани шароити хуби таълимӣ саҳми муносиб гузошт. Вале дар аксари муассисаҳо яке аз вазифаҳои асосии ин кумита назорат ва харҷи маблағи сарикасӣ мебошад. Ин маблағ бо розигии ҷонибҳо ва тариқи ба имзо расонидани шартнома миёни мактабу волидайн барои пардохти дарси иловагӣ ба расмият дароварда шудааст.  Тибқи ин шартнома волидайн  барои дарсҳои иловагии фарзандон ҳар моҳ маблағи муайянеро пардохт мекунанд. Гимназияи № 15 - и шаҳри Душанбе яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимии пойтахт ба ҳисоб меравад. Дар он 1564 хонанда таҳсил мекунад. Матлуба  Каримова, директори гимназияи  мазкур, дар суҳбат бо мо аз ин дастгирии кумитаи  волидон  истиқбол карда гуфт, ки нархи дарси иловагиро  ҳар ду тараф дар  асоси санади тасдиқсозандаи Хадамоти зиддинҳисорӣ муқаррар менамоянд, ки айни ҳол 50 сомониро ташкил медиҳад. «Раиси  кумитаи падару модарон  ҳамеша бо мактаб дар робита аст ва рафти дарсҳои иловагиро назорат мебарад. Ҳатто директори мактаб наметавонад дар фаъолият ва назорати раиси кумита таъсир гузорад. Аз ҳисоби маблағҳое, ки дар суратҳисоби кумитаи мазкур ба бонк ворид мегардад, дар сурати зарурат ба гимназия кумаки молиявӣ мерасонанд», - зикр кард Матлуба  Каримова. 
Ёдрас менамоем, ки дар ин гимназия ҳудуди 800 шогирд дарси иловагӣ мехонад.
Баҳриддин  Муҳиддинов,  директори  муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии № 29 - и ноҳияи Шоҳмансур, мегӯяд, ки  бо дастгирии молиявии кумитаи волидон фарши 18 синфхона  таъмир гардида, 2 тахтаи дарсии электронӣ низ харидорӣ шудааст. Ҳамчунин, як синфхонаи компютерӣ таъсис ёфт. «Аз 1543 хонанда танҳо 600 нафари онҳо ба дарсҳои иловагӣ фаро гирифта шудаанд. Албатта, танҳо барои онҳое, ки хоҳиши дарси иловагӣ хондан доранд, ин дарсҳо ташкил карда мешавад. Боқимонда  дарси  иловагиро  зарур  надонистанд.  Илова бар ин, аз ҳисоби  маблағҳои  кумита  ба хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ иштирок намуда, ғолиб омадаанд, туҳфаҳо дода мешавад. Хонандагони дигар инро дида фаъолтар мешаванд», - мегӯяд директори муассисаи мазкур.
Аммо вазъ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 74 - и ҳамин ноҳия дигар аст. Ҷумъагул Шерова, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ, дар суҳбат ба мо иброз дошт, ки  шароит барои гузарондани дарсҳои иловагӣ дар муассиса  мавҷуд нест. Зеро 3128 хонандаи муассиса ба бастҳо тақсим шуда дарс мехонанд ва синфхонаҳо барои гузарондани дарси иловагӣ намерасад. «Танҳо барои хонандагони синфҳои 1 шароити гузарондани дарси иловагӣ ҳаст, ки он ҳам рӯзҳои шанбе даст медиҳад. То моҳи октябр маблағи  дарси  иловагӣ барои ҳар хонанда дар як моҳ 10  сомонӣ буд, ҳоло он қатъ шуд», - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 57 - и ноҳияи Фирдавсӣ ҳам кумитаи волидон фаъолият дорад, вале ягон дирам барои дарси иловагӣ ё хароҷоти дигар аз волидон ҷамъ карда намешавад. Роҳбарияти муассиса ба мо гуфт, ки баъд аз он, ки соли гузашта зимни вохӯрӣ бо раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти қудратӣ яке аз  волидайн оид ба пардохти маблағ барои дарси иловагӣ шикоят кард, мо онро қатъ намудем. Прокуратураи ноҳия нисбат ба муассиса парванда боз намуд, ки бароямон «дарди сар» - и зиёде эҷод кард. Пас аз ин, мо аз дарсҳои иловагӣ ва ҳамагуна пардохти маблағ аз тарафи волидон даст кашидем. Аммо ҳақиқати ҳол чунин аст, ки дар ҳоле, ки бархе аз муассисаҳои таҳсилоти миёна аз ҷамъ намудани маблағи моҳона даст кашида бошанд, дар аксарияташон ҳолат бетағйир монда, анъанаи рӯёнидани маблағ аз шогирдон рӯи кор аст.
Паҳлуи дигари муҳим дар мавзӯи мазкур ин аст, ки сарфи назар аз он, ки ҳар моҳ маблағи моҳонаро пардохт мекунанд, ба гуфтаи волидайн дарси омӯзгорон чандон қаноаткунанда нест. Бунафша Назирова, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, мегӯяд, ки писараш дар синфи 8 таҳсил мекунад, аммо ҳоло ҳам аз фанни таърих ягон мавзуъро нақл карда наметавонад.
Пардохти маблағи моҳона дар муассисаҳои таълимӣ ғайриқонунӣ аст. Модоме, ки онро дар баъзе муассисаҳо дар доираи шартнома қонунӣ гардонидаанд, пас чаро самаранокии онро таъмин накунанд. То ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр шикоят накунад?
Ҳ. САНГОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2016    №: 99    Мутолиа карданд: 1646

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед