logo

иҷтимоиёт

ТААССУБ. ЧӢ БОЯД КАРД, КИ ҶАВОНОНИ МО ГИРИФТОРИ ИН ВИРУС НАБОШАНД?

Одатан сабаби бемории шахс метавонад сирояти микробу вирусҳои гуногун бошад, вале агар ҷисми инсон қавӣ ва дорои иммунитет ва ё қудрати муқовимат бошад, ин вирусҳо коре карда наметавонанд, балки онҳоро организм худаш безарар мегардонад. Пас, он иммунитет, зиддимикроби зотиро бояд пайдо кард, ки аворизи хориҷиро беасар созад ва нагузорад, ки он иллатҳои зиёду гуногун ба рафтори ҷавонони мо таъсиргузор бошанд.

Саволи матраҳ ин  аст, ки таълиму тарбияи солими динӣ ва диншиносӣ барои ҷомеаи мо то чӣ андоза зарурат дорад? Агар зарурат дорад, онро кадом ниҳод, бо кадом барнома бояд амалӣ кунад? Ниҳоде, ки чунин қобилиятро дошта метавонад, Вазорати маориф ва илм мебошад.
Агар ҷавонони мо дар бораи дин маълумоти саҳеҳи илмӣ надошта бошанд ва масъулон дар ин маврид чораҷӯӣ накунанду кори тарбияи шуури солими диниро ба дасти худ нагиранд ва онро ба маҷрои нохудогоҳ (стихиявӣ) ҳавола кунанд, кор ба сӯи таассубу хурофотгароӣ мекашад.  Маълум, ки баъд аз ин то ифротгароӣ ва терроризм як қадам аст ва  барои пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ садде вуҷуд нахоҳад дошт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид таъкид кардаанд: «Бузургтарин хатаре, ки ҷомеаи муосирро таҳдид дорад, таассубу ифротгароӣ аст.  Ифротгароӣ ва таассуб дар ҳар шакл ба ҳар миллату давлат ва дину эътиқоди мардум хатари зиёд дорад». 
Пас решаи таассуб бедонишӣ, андешаю илми кофӣ надоштан аст. Гузашта аз ин, агар таассубро таърифи лафзию истилоҳӣ диҳем, он аз ҷиҳати луғавӣ аз решаи масдари  феълии «таъассаба» буда, кӯркӯрона пайравӣ кардан ё ҳимоя кардани ягон ақида ё фикре аст. Таассуби диниро метавон чунин таъриф кард: «Эътиқод ва пайравии кӯркӯронаи хеле сахтгир ба ин ё он ақидаи дининамо ё бовариҳои дину мазҳабҳо чун ҳақиқати ягона». 
Таассуб анвои гуногун дорад: нажодпарастию миллатпа-растӣ (фашизм, шовинизм), тассуби динӣ (фанатизм), таассуби маҳалгароӣ, таассуби ҳаводорони бозиҳои варзишӣ ва ғайра. Азбаски таассуб навъе аз ҳолати рӯҳию равонии  шахсест, ки бар эҳсосот асос дорад, на ба ақл, аз ин рӯ, таассуби динӣ заминаи асосии равонии экстремизм ва терроризми динӣ аст.  Аммо хурофот низ дар луғат ҷамъи хурофа буда, аз решаи харифа ба маънои аз ақл бегона шудан, аноӣ ё ҳарзагӯӣ кардан аст. Ба истилоҳ одатҳо ва ақоиде ҳаст, ки бар хилофи ақлу мантиқу илм буда, бо мизони шариат низ созгор нест. Хурофотро истилоҳан метавон чунин таъриф кард: «Маҷмӯи эътиқодоти диние, ки аз нуқтаи назари  низоми муайяни динӣ ғайри ақлонӣ буда, ботил дониста мешавад».  Дин  низоми ақлонии эътиқод ва амалҳои мазҳабист. Бо ҳам пайванд хӯрдани хурофот ва дин таассубро дар дин зиёд мекунад. 
Хурофот аз нигоҳи ислом боварӣ ва амалҳое аз навъи ширк  (бисёрхудоӣ ё шарик овардан бо  Худо) мебошад. Вақте ки шахсе сабабгори ин ё он кор, ҳодиса ва воқеаро ғайри Худо ё қонуни вазъкардаи табиати Худо медонад, ӯ ба Худо шарик қарор додааст. Навъҳои хурофоти динӣ зиёданд. Яке аз навъҳои он боварӣ ва амалҳои бидъат ҳастанд, ки бар хилофи таълимот ва шариати исломанд ё аз динҳои пешина боқӣ мондаанд.
Гуфтаҳои боло ва тамоми таҷрибаи дусад соли охири мамлакатҳои пешрафта нишон медиҳанд, ки омили дараҷаи як набудани маърифати солими динӣ ва ташаккул наёфтани шуури солими динӣ аст. Хушбахтона, мо тоза таълими таърихи динро дар ҳаҷми 34 соат  дар синфи нуҳ оғоз кардем, умед ҳаст, ки бо ин нахустиқдом хатари пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бикоҳад.
Аҳамият ва зарурати мувофиқи барномаи миллии давлатӣ омӯхтани таърихи динҳо ва диншиносӣ дар чист? Бадеҳӣ аст, ки дар шароити имрӯзаи муборизаҳои сиёсию мафкуравии шадид, бархӯрди тамаддунҳо ва манфиатҳо, пайдоиши динҳову мазҳабу фирқаҳои тундраву экстремистӣ бе доштани шинохти солиму имони муътадили динӣ ҷавонони мо наметавонанд ҳақиқат, моҳият ва аҳдофи ингуна ҳаракатҳоро дуруст бифаҳманд. Дуюм, аҳамияти мувофиқи барномаи миллии давлатӣ омӯхтани дин дар он аст, ки агар давлат аз синни кӯдакӣ иқдом ба ташаккул додани шуури динии солими ҷавононро накунад, ин холигоҳро қувваҳои тундраву ифротии дохиливу хориҷӣ пур хоҳанд кард. Ин аст ҳадди ақалли он манофее, ки таълими мураттабу муназзами барномарезишудаи давлатӣ дорад.
Имрӯз кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ, алалхусус, дар муҳити собиқ ҷамоҳири шӯравӣ, ягона кишварест, ки тавонистааст робитаи устувори байни иттиҳодияҳои динӣ ва давлатро барқарор кунад. Бо қабули сохтори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ дар Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» заминаи беҳтарин ва воқеитарини муносибат байни ин ду субъект таъмин карда шудааст. Ҳоло бо ҷорӣ гардидани таълими таърихи дин ва диншиносӣ дар низоми таҳсилоти умумии тодонишгоҳӣ ва донишгоҳӣ яке аз монеаҳои асосии бегонагии миллат аз асоси маънавият ва эътиқоди солими диниаш барҳам зада шуд ва умед аст, ки ин амал дар ояндаи наздик барои ваҳдати миллат самараи муфид хоҳад дод.

Шерзот АБДУЛЛОЗОДА, ходими пешбари
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2016    №: 99    Мутолиа карданд: 625

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед