logo

иқтисод

ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

40 ДАРСАДИ АҲОЛИИ САЙЁРА АЗ ОН ИСТИФОДА МЕБАРАД, МО ЧӢ?

Баробари пайдо шудани мафҳуми «тиҷорати электронӣ» дар Тоҷикистон имкониятҳои фаровоне барои доду гирифти осони молу маҳсулот фароҳам омад. Ин аст, ки дигар истеҳсолкунанда ва ё фурӯшанда аз саҳар то шом дар бозору нуқтаҳои хариду фурӯш наменишинад ва барои таблиғи маҳсулоти худ ба ҳар сӯ овора намешавад. Акнун соҳибкорону савдогарон молу хадамоташонро тариқи технологияҳои телекоммуникатсионӣ ба бозори электронӣ мебароранд, ки он назар ба бозори муқаррарӣ доираи бузурги мардумро фаро гирифтааст. Ин амалиётро тариқи компютерҳои фардӣ, телефону планшетҳои пайваст ба интернет амалӣ кардан имконпазир аст.

Ба андешаи мутахассисон, гузариш ба тиҷорати электронӣ тадриҷан ба амал меояд. Пеш аз ҳама аз донишҳои техникӣ ва фарҳанги истифодабарии онҳо огоҳии амиқ доштани насли ҷавон муҳим аст ва ин огоҳмандӣ бояд аз зинаи мактабӣ оғоз ёбад. Наврасону ҷавонони мо чун ҳамтоёни хориҷии худ аз хурсолӣ бояд донанд, ки интернет танҳо воситаи фароғат ва дастрас кардани хабарҳо нест, балки онро барои расидан ба ҳадафҳои бешуморе истифода бурда метавонем, аз ҷумла дар самти иқтисод.
Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло наздик ба чил дарсади аҳолии тамоми сайёра аз тиҷорати электронӣ истифода мебаранд. Таҳлилгарони Marketline пешгӯӣ мекунанд, ки дар соли 2016 маблағи умумии фурӯши яклухт дар бозори электронӣ 827 млрд. доллари ИМА - ро ташкил хоҳад дод.
Мардуми ҷаҳон кайҳо дарк кардаанд, ки тиҷорат дар шакли анъанавӣ хароҷот ва вақти зиёдро талаб мекунад. Аз ин сабаб, ин навъи тиҷорат ба қисми ҷудонашавандаи иқтисодиёти давлатҳои пешрафта табдил ёфтааст. Британияи Кабир, Олмон, Австралия, Чин ва Амрико аз рӯи рушди босуръати тиҷорати электронӣ дар сафи пеш қарор доранд. Бино ба гуфтаи мутахассисон, то оғози соли 2017 Аргентина, Мексика, Русия, Бразилия ва Италия низ дар ин саф қарор хоҳанд гирифт.
Мувофиқи иттилои сарчашмаҳо, имрӯз Амрикои Шимолӣ аз рӯи харидорӣ ва ба иҷора додани ҷой тариқи интернет дар ҷои аввал қарор дорад. Олмон бошад, аз рӯи гардиши тиҷорати электронӣ ҷои дуюмро ишғол кардааст. Дар ин кишвар 92 дарсади истифодабарандагони интернет молу маҳсулоти худро ба воситаи шабакаҳои интернетӣ харидорӣ мекунанд.
Дар Тоҷикистон низ нишонаҳои гузариш ба ин навъи тиҷорат мушоҳида мешаванд. Аз ҷумла, тариқи кортҳои пластикӣ гирифтани маош, харид кардан аз мағозаҳо, ба воситаи терминалҳо супурдани маблағи андози телефонҳои мобилӣ, барқ ва интернет, аз рекламаи ҳафтаномаву шабакаҳо истифода бурда фармоиш додани молу маҳсулот, тарабхонаву истироҳатгоҳ ва мутахассиси соҳаи зарурӣ нишонаҳои ба иқтисоди электронӣ гузаштани мост.
Соли гузашта дар байни Ташкилоти ғайридавлатии тоҷикистонии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ширкати «Хуате»-и ин кишвар ва Палатаи савдою саноати ҷумҳурӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти тиҷорати электронӣ, ташкил кардани шабакаҳои интернетӣ барои хариду фурӯш, ба роҳ мондани технологияҳои информатсионии баландсифат шартномаи сеҷониба ба имзо расида буд, ки ҳоло  самара дода истодааст. 
Рушди тиҷорати электронӣ ба сатҳи дониши техникии насли ҷавон вобаста аст. Ҳар қадар ҷавонони мо усулҳои манфиатбахши истифодабарии интернетро омӯзанд, ҳамин қадар маҳсулнокии кору фаъолият меафзояд. Омӯзгорони фанҳои дақиқ, бавижа фанни информатикаро мебояд минбаъд баробари таълим додани қисмҳои компютер ва корбурди он, инчунин ба хонандагон имкониятҳои мавҷуда ва дигар ҷиҳатҳои муҳими интернетро омӯзонанд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2016    №: 99    Мутолиа карданд: 1066

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед