logo

иҷтимоиёт

САНГЛОХ ДАР ҶАҲОН КАМНАЗИР АСТ

Бино ва телескопи Расадхонаи байналмилалии астрономии Санглохи  Институти астрофизикаи Академияи илмҳои кишвар,  ки  зиёда аз 20 сол фаъолият надошт, пурра таъмир ва барқарор гардид. Таъмири пурраи телескоп барои илми астрономия, хусусан барои кормандони Институти астрофизика дастоварди муҳим арзёбӣ мегардад, зеро дар Тоҷикистон ба ҷуз институти мазкур муассисаи дигаре илми астрономияро намеомӯзад.                                     

Телескопи мазкур соли 1980 бо фармоиши Академияи илмҳо дар шаҳри Йоани Олмон сохта шуда, дар Расадхонаи Санглох насб гардид. Аммо баъди 10 сол аз фаъолият бозмонд. Тӯли 10 соли фаъолият дар он олимони соҳа  ба дастоварди зиёди илмӣ ноил шуданд. Дастоварди олимон боис шуда, ки  сайёраи хурди 2469 дар кайҳон кашф шавад ва бо қарори Иттифоқи байналмилалии астраномон исми Тоҷикистонро бигирад.
Кометаи машҳур  Галей,  ки давоми 70 сол як маротиб ба офтоб наздик мешавад, соли 1985 бори аввал дар ҳамин расадхона ба воситаи телескопи мазкур аксбардорӣ шуд.  
Ба андешаи мутахассисони соҳа  дубора  барқарор гардидани расадхона ва таъмири пурраи телескоп дар рушди илмҳои астрономия ва астрофизика, бозёфтҳои нави илмӣ аҳамияти муҳим дорад. Зеро он  қодир аст дар масофаи то 200 миллион километр таҳқиқоти муҳими астрономӣ анҷом диҳад ва ҷирмҳои андозаашон хурди 5 - 10 сантиметраро дар масофаи то 40 ҳазор километр мушоҳида ва сабт кунад.
Ба иттилои Гулчеҳра Қоҳирова, директори Институти асторофизикаи Академияи илмҳо аз чунин масофа анҷом додани таҳқиқот ва мушоҳидаи ҷирмҳои андозаашон хурдро  дар ягон расадхонаи ҷаҳон наметавон анҷом дод. Азбаски дар кӯҳистони Санглохи ноҳияи Данғара дар баландии зиёда аз 2300 метр аз сатҳи баҳр  дар як сол 230 шаби соф мавҷуд аст, ситора ва дигар ҷирмҳои осмонӣ хеле хуб мушоҳида мешаванд.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2016    №: 99    Мутолиа карданд: 556

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед