logo

сиёсат

Ӯрун Кӯҳзод: «ВАҲДАТИ МО ЧУН КӮҲИ БАДАХШОН ПОЙБАРҶОСТ»

Имрӯз ҳама сокинони кишвар аз иттиҳоду ваҳдат, истиқлолият, ватандӯстӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ бо ифтихору сари баланд ва дили пур сухан мегӯянд. Ҳамагон аз ҳаводиси гузашта ва вазъи имрӯзаи ҷаҳон огаҳӣ доранду панд гирифтаанд ва хуб медонанд, ки сулҳу амният, рӯзгори обод, хушбахтиву саодат ва пирӯзӣ аз ваҳдат аст.
Ӯрун Кӯҳзод, Нависандаи халқии Тоҷикистон, андешаҳояшро перомуни ин мавзӯъ ба хабарнигори «Ҷумҳурият» баён дошт:

- Ободии хонадону давлат ва  ҷаҳон аз ваҳдат аст. Дар он замоне, ки мо дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ будем, касе дар бораи ваҳдати миллӣ хотиррас намешуд, зеро зарурат ҳам набуд. Табиист, ки ин масъала дар давлати соҳибистиқлоли мо аҳамияти хеле муҳим пайдо кард.
Агар якдилу якрӯ бошем, мо қувва, қудрат ҳастем. Ҳар баракате, ки дар давлат аст, ин, пеш аз ҳама, аз ваҳдати мардум мебошад. Вақте ки мардум ба моҳияти ваҳдат сарфаҳм рафта, дар зиндагӣ дастгири ҳамдигар шуд, он давлат пешрафта  ва обод мешавад. Ваҳдат низ чун дӯстӣ забонӣ ва ҷонист. Ҳар як шаҳрванди кишвар фақат ба гуфтан қаноат накунад. Дар баробари гуфтан, онро дар амал бояд иҷро кард. Ҳамон вақт ин пайванд мустаҳкам мешавад.
 Дар мо анъанае ҳаст, ки иди бузурги Ваҳдатро ҳар сол дар ин ё он минтақаи мамлакат мегузаронем. Имсол Рӯзи Ваҳдатро дар Бадахшон ҷашн мегирем. Бадахшон аз ҷиҳати ҷуғрофӣ як қисмати бузурги Тоҷикистон буда, бо Чину Афғонистон ҳамсарҳад аст. Бинобар ин, гузарондани Ҷашни Ваҳдат дар Бадахшон аҳамияти онро як бар даҳ афзун месозад. Намояндагон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ба ин ҷо ҷамъ омада, дар мулоқот аз дӯстиву ваҳдат сухан мегӯянду ин пайвандро боз ҳам таҳким мебахшанд.
Бешубҳа, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллианд. Ин ғояи Сарвари давлат буда, иҷрояш ба уҳдаи ману шумо ва ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Истиқлолиятро бе ваҳдат тасаввур кардан ғайриимкон аст. Вақте ки ваҳдати сартосарии кишвар таъмин бошад, истиқлолият як пораи яклухт аст, ки ҳеҷ газанде ба он намерасад. Чун Рӯзи Ваҳдати миллӣ имсол дар Боми Ҷаҳон таҷлил мегардад, он ҳамчун як кӯҳи маҳкаму яклухт ва пойбарҷои Бадахшон асрҳои аср боқӣ хоҳад монд.
Ба қавли Сарвари давлат мо набояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст диҳем. Бубинед, ки дар як қатор кишварҳо, ба монанди Ироқу Либия ва Сурия оқибати ихтилофҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба чӣ анҷом ёфт. Агар дар ин давлатҳо ваҳдат ковок намебуд, ҳар хел гурӯҳҳои ифротӣ пайдо намешуданд. Азбаски дар ин кишварҳо ихтилоф ба вуҷуд омад, қувваҳои дохиливу хориҷӣ аз ин истифода бурданд.
Бояд тазаккур дод, ки ҷанги шаҳрвандӣ ё хонаводагӣ дар тамоми дунё вуҷуд дорад. Он дар баъзе давлатҳо даҳсолаҳо тӯл мекашад. Лекин дар ягон гӯшаи олам ба монанди Тоҷикистон аз он ба зудӣ халос нашудаанд. Хидмати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки роҳи ҳалли сулҳи тоҷикон ба вуқӯъ пайваст. Имрӯз ин намунаи беназири сулҳу ваҳдат ибрати ҷаҳониён аст. Ин ваҳдати миллист, ки мо аз самараҳои он бархӯрдорем ва ин роҳе, ки интихоб кардаем, онро бояд пайваста, ҳамеша ва доимӣ давом диҳем.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2016    №: 99    Мутолиа карданд: 506

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед