logo

сиёсат

Сергей НАРИШКИН: «ГУНАҲГОРОН ҶАЗОИ САЗОВОР ХОҲАНД ГИРИФТ»

Тавре иттилоъ дода будем, 14 май дар қабристони Хованскии шаҳри Маскав задухӯрди оммавӣ рух дод, ки бар асари он се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 23 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардошт.  Дар иртибот ба ин қазия дар расонаҳои хабарӣ матолиби зиёди баҳсбарангез нашр шуданд. Барои тафтиши холисонаи ҳодиса ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистону Русия сафарбар гардиданд. Ҳамон рӯз Вазорати корҳои хориҷии кишвар аз сафири фавқулода ва мухтори Русия дар Тоҷикистон талаб намуд, ки барои тафтиши объективонаи ин задухӯрд ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор чораҳои фаврӣ андешад. Вазорат ва намояндагии дипломатии кишвар дар Маскав бо мақомоти марбутаи Русия дар тамоси доимӣ қарор доранд.

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 май вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколсев оид ба ин ҳодиса ду маротиба гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории муштараки тафтиши парвандаи ҷиноятӣ, мубодилаи ахбор оид ба ҷинояткорон ва дидани чораҳои якҷояи оперативӣ - ҷустуҷӯиро дар меҳвари гуфтугӯ қарор доданд.
Барои тафтиши воқеъбинона намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия генерал-майори милитсия А. К. Азизов ва хадамоти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия ба гурӯҳи оперативӣ - тафтишотии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав шомил шуданд. Зимни суҳбати телефонӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки то дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорон ҳамкории муштаракро идома хоҳанд дод.
Ҳамзамон Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17 май ҷиҳати иштирок дар кори иҷлосияи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт - Петербург сафар кард,  бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко дидору гуфтугӯ намуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод, ҷонибҳо дар баробари масъалаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, қазияи қабристони Хованскии шаҳри Маскавро низ матраҳ намуданд. Раиси Маҷлиси намояндагон аз ин ҳодиса, ки боиси ба ҳалокат расидани се шаҳрванди Тоҷикистон ва захм бардоштани 23 нафар гардид, изҳори таассуф ва нигаронӣ карда, аз ҳамтои русаш хостори ҳалли ҳарчи зудтари ин қазияи нанговар шуд. Шукурҷон Зуҳуров тақозо кард, ки барои дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашидани қотилон ва ҳомиёну фармоишгарони ҳодиса аз тариқи кумита ва комиссияҳои дахлдори Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералӣ назорати ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.
Валентина Матвиенко ба Шукурҷон Зуҳуров ва дар шахси ӯ ба хонаводаҳои ҳалокшудагон ҳамдардӣ баён намуда, аз вуқӯи ин ҳодиса ибрози таассуф кард. Таъкид намуд, ки қазияро шахсан зери назар гирифта, барои ҳалли мунсифонаи он мусоидат менамояд. Ба андешаи ӯ, ҳеҷ гуна аъмоли муғризонаи шахсони алоҳида ва ё гурӯҳҳои манфиатҷӯ наметавонад муносиботи хубу ҳасанаи кишварҳои моро халалдор созад.
Масъалаи муҳоҷирати  меҳнатӣ ва  фароҳам овардани шароити мусоид барои муҳоҷирони кории тоҷик  яке аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, бо Сергей Наришкин, Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия буд, ки 19 май дар Санкт - Петербург сурат гирифт. Дар ин росто, Шукурҷон Зуҳуров аз ҳамтои русаш хоҳиш намуд,  ки  дар ҳалли қазияи оромгоҳи Ховански мусоидат намуда, ба ҷинояткорону шахсони пушти ин  ҳодиса қарордошта мувофиқи амалашон ҷазо дода шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таъкид кард, ки муносиботи неки мардумони ду кишвар решаи таърихӣ дошта, падарону  бобоёни мо дар канори ҳам тавонистанд, ки ба қавитарин душмани инсоният - Олмони фашистӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ пирӯз шаванд. Бояд мо таҷрибаи гузаштагони худро истифода намуда,  нагузорем, ки гурӯҳҳои иғвогар ба муносиботи дӯстонаи мо халал ворид намоянд. 
 Сергей Наришкин аз ҳодисаи оромгоҳи Ховански ва ба ҳалокат расидани шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори таассуф намуда, иброз дошт, ки ба қазияи мазкур ҳатман дар доираи қонун расидагӣ намуда, гунаҳгорон ҷазои сазовор хоҳанд гирифт.  Мавсуф таъкид кард, ки «мо ҳамеша хостори муносиботи неку равобити ҳасана бо шарики стратегии кишвари худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон ҳастем ва талош менамоем, ки ин равобит бештар тақвият ёбанд».
 Тибқи иттилои  «Интерфакс», ба гумони даст доштан дар ин қазия нафарони зиёд, аз ҷумла директори оромгоҳи Ховански Юрий  Чабуев, дастгир шуд. Ӯ 19 май, баъди бозпурсии кормандони полис, гуфт, ки барои ҳалли масъалаи «хориҷ намудани муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик аз қабристон» ба қафқозиҳо муроҷиат кардааст.
Тафтиши ҳодиса аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия идома дорад. Вобаста ба қазияи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият намуд. 
Додоҷон РӮЗИЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2016    №: 99    Мутолиа карданд: 430

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед