logo

иҷтимоиёт

ОДАТҲОИ ШАХШУДА. ЧАРО АЗ ОНҲО ДУРӢ НАҶӮЕМ?

Дар луғати русӣ – тоҷикӣ калимаи «стреотип» маънои «одат, одати якранг» - ро ифода менамояд. Одатҳои шахшуда ва гоҳо назарногир, ки шакли анъанавиро касб кардаанд, миёни мардум, бахусус ҷавонон хеле маъмуланд. Мешунавем, ки барои дохил шудан ба ин ё он донишгоҳ ҳатман ба «шинос» пул додан зарур аст ё барои пайдо кардани ҷойи кор, ё ҳатто дар баъзе маврид иҷрои коре ҳатман «шинос лозим аст». Як рӯз шоҳиди суҳбати модару духтар шудам, ки ба хариди туҳфа банд буданд. Духтар барои зодрӯзи муаллимааш туҳфаи махсус интихоб мекард.  «Айб мешавад, ҳамсинфонам механданд, бояд беҳтарашро харем», - мегуфт духтар  ба модар.

Албатта, дуруст нест, ки мо имрӯз ба фарзандони худ муҳимияти донишу маҳоратро аз рӯйи арзишҳои моддӣ   ва хушомадгӯӣ талқин созем.  Хатоӣ аз худамон сар мезанад. Ин аст, ки дар вақти интихоби касб дар навбати аввал ҷанбаҳои моддии он ба инобат гирифта мешаванд. Арзиши худи касб, манфиати он барои шахс ва ҷомеа гӯё дуюмдараҷаанд. Дар сурати мукаммал набудани савияи дониш ва ноустувории маҳорати касбӣ, ҳамчунин набудани ҷаҳонбинии васеъ ва тафаккури солим шахс тобеи одатҳои нолозим мегардад. Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки барои шахси дорои дониши хуб ҷиҳати  дохил шудан ба донишгоҳ монеае вуҷуд надорад ё нафаре, ки касби интихобнамудаашро воқеан ҳам ба дараҷаи талаботи ҷаҳонӣ такмил медиҳад, ҳатман дар пайдо кардани ҷойи кори мувофиқ комёб мегардад.
Ҷомеашинос Ғаюр Қаҳҳоров, номзади илмҳои фалсафа, стреотипҳоро ба гендерӣ, этникӣ ва синнусолӣ ҷудо мекунад. Ба андешаи ӯ, ин стреотипҳо, масалан, ҳамаи наврасон душвортарбияанд ё ин ки зан наметавонад мақоми роҳбарикунанда дошта бошад ё худ зан бояд дар хона нишинад ва ба тарбияи фарзанд машғул шавад… Ин ва дигар стреотипҳое, ки дар заминаи шинохти нодурусти ислом ва демократия ба вуҷуд омадаанд, дар бунёд ва пешрафти ҷомеаи навин монеа мегузоранд. Ба андешаи Ғаюр Қаҳҳоров, омилҳои асосии пайдоиши одатҳои шахшуда, стреотипҳо дар ҷамъият мақоми баландтар гирифтани арзишҳои моддӣ ва дар баробари ин заиф гардидани эътимоду эътиқоди маънавӣ, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳамияти бузург дорад, мебошанд. Сарчашмаи асосии дар ҷомеа ба таври консервативӣ (куҳнапарастӣ) пурзӯр шудани ин одатҳо, махсусан дар деҳот ҳалли худро наёфтани масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад. Мавриди эътироф аст, ки бо кӯшишҳои роҳбарияти олии кишвар дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мо пешрафту бартариҳо бештар гардида истодаанд. Вале дар одобу маънавиёт ба ин андоза пешравӣ ба назар намерасад. Танҳо дар сурати барҳам додани одатҳое, ки ба ҷомеа халал водор месозанд, стреотипҳои нав онҳоро иваз мекунанд. Муҳим он аст, ки дар марҳилаи бунёди муҳити ҷамъиятии созгор, ки ба талабот мутобиқ бошад ва шахси ҷавон дар он муҳит рафтори ҷамъиятиро дуруст омӯзад, муносибати оқилона ниҳоят зарур аст. Фарҳангу адаби мо худ дорои ҷанбаҳои бузурги ватанпарварию инсондӯстист. Бошад, ки бо нигоҳдории ин арзишҳо шуури ҷамъиятии оммаро ба худшиносии миллӣ равона созем. Инро бояд ҳар як фарди ҷомеа бо тамоми вуҷудаш дарк кунад. Мутаассифона, дар воситаҳои ахбори омма бештари рӯзноманигорон пайваста ҷиҳатҳои манфии рафтору кирдори наврасону ҷавононро ба ҷамъият муаррифӣ месозанд. Дуруст аст, ки барои бартараф намудани камбудиҳо аз онҳо бояд гуфт. Ин ҷо сухани Модар – Тереза ба ёдам омад, ки мегӯяд: «Ман  ба муҳорибаҳо бар зидди ҷанг ҳамроҳ намешавам. Агар муҳорибае барои сулҳ барпо гардад, маро даъват кунед».
Шояд хонандаи муҳтарам гӯяд, ки ин андешаҳо бо диди оптимистӣ (некбинона) матраҳ шудаанд, вале андеша андеша аст.

О. ВАФОБЕКЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2016    №: 100    Мутолиа карданд: 452

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед