logo

фарҳанг

«ЗОЛУШКА». АФСОНА БАРОИ КАЛОНСОЛОН

Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба тамошобинони худ балети «Золушка» - ро пешкаш намуд. Он ба 125 – солагии композитори машҳури рус Сергей Профкофев бахшида шуда, аз рӯи афсонаи ҳамноми афсонагӯи фаронсавӣ Шарл Перро ва либретои Николай Волков (дар таҳрири Мария Левитская) ба саҳна омадааст.
Анқариб 40 сол мешавад, ки ин балети афсонавӣ рӯйи саҳнаи театри опера ва балет наомада буд. Аз бар намудани партитураи мусиқии асар барои ҳайати навозандагони оркестр, ки ҳамагӣ бо он бори нахуст сару кор мегиранд, хеле мушкил афтод. «Аз бар намудани асарҳое, ки зуд – зуд иҷро мешаванд ва ё боре иҷро шудаанд, осонтар аст, - мегӯяд дирежёр Далер Тиллоев. – Новобаста аз ин, мо тавонистем дар муддати бештар аз як моҳ онро пурра аз бар намоем. Баъзе ноҷуриҳое, ки дар нахустнамоиш ба амал омад, фикр мекунам, ислоҳшаванда аст».   
Балейтместер – басаҳнагузорандаи асар, барандаи озмунҳои байналмилалӣ Мария Левитская пинҳон намедорад, ки рӯи саҳна овардани балет аз орзуҳои деринаи ӯст. «Дар замони мушкили мо танҳо некӣ, муҳаббат ва самимият метавонанд инсонҳоро аз роҳи бад баргардонад», - иқрор мешавад худи балейтместер.
Бо шунидани исми «Золушка» ҳамоно интизор мерафт, ки мо боз ба муҳити ашрофзодагони фаронсавӣ бо  парику бодбезакҳояшон рӯ ба рӯ мешавем. Вале аз лаҳзаҳои нахустини намоиш ботил будани ин андешаи моро рассом Ҷамшед Юнусов нишон медиҳад. Ҳунармандон бо либосҳои  нисбатан такмилёфта, вале хеле хуштарҳу зебо дӯхташуда, ки ба замони муайяне  нисбат дода нашудаанд, рӯи саҳна меоянд. Новобаста аз ин, онҳо ба ҳусни ҳунармандон ҳусн зам намуда, зебогии ботинӣ ва зоҳирии қаҳрамонҳоро таъкид месозанд. Бахусус, либосҳои шоҳзода ва худи Золушка дар саҳнаи бал хеле хуштарҳу зебо офарида шудаанд.    
Ба ҷойи қасру кушкҳои боҳашамат саҳнаро паспардаи бо осмони нилгуну ситоразор  ороёфта печонида гирифтааст, ки аз расидан ба орзу ва ба даст овардани ситораи мақсуд ҳадс мезанад. Чанд буҷети алоҳида ба мисли камин (оташдон) ва поғундаҳою оинаи барқад аз ивазшавии ҷову макон шаҳодат медиҳад. Боқӣ худи раққосон бо ҳунари афсонавии хеш саҳна ва фазои онро пуру рангин месозанд.
Мусиқии офаридаи Сергей Прокофев, ки ҳамчун классика муаррифӣ шудааст, тақозо менамояд, ки дар асоси он асари ҳамосавӣ (монументалӣ) офарида шавад. Вале балети рӯйи саҳна овардаи Мария Левитская характери камеравӣ дорад. Балетмейстер ба ин амал барои он даст задааст, ки мехоҳад моро аз муҳити муҳташами дарборҳо ва олами афсонаҳо берун оварда, бо инсонҳои заминӣ ва самимие, ки бахти худро бо дасти худ месозанд ва барои расидан ба он заҳмат мекашанд, ошно созад. Ба ақидаи М. Левитская ошиқ шудан ин ҳоло маънии хушбахт буданро надорад, барои он мубориза бояд бурд, ба он бовар бояд кард.
Ва ҳамин гуна ҳам балет рӯи саҳна омадааст. Золушкаи хеле ҳақиру заиф дар театри тоҷик ба қаҳрамони танҳо аз назар дурмонда табдил дода шудааст. Модарандараш ба тарбияи духтарони худ машғул шуда, аз тақдири духтархондаш Золушка бехабар мемонад. Вале меҳнатқариниву боварӣ ба ояндаашро дида, тамоми қувваҳои афсонавии табиат барои расидан ба ниятҳои некаш ба ӯ кумак мерасонанд.
Партияи Золушкаро дар асар балеринаи ҷавон ва умедбахш Фарангис Қосимова офаридааст. Аз лаҳзаҳои аввалини ба саҳна ворид шудани ӯ тамошобин аз ӯ чашм канда наметавонад. Назокат ва нафосати ба ҳунари ӯ хос бо ҷавонӣ ва ҳусну малоҳаташ ҳар бинандаро мафтун месозад. Меҳнатқаринӣ ва қавииродагиаш бошад, дар ниҳояти кор ӯро ба қуллаи мақсуд мерасонад.
Хусусан, тамоми ҷозибаи маҳораташ дар саҳнаи бал, ҳангоми иҷрои рақси дукаса бо Шоҳзода (Муҳаммад Азимзода), муайян мегардад. Пироҳани ҳарири сафед дар тан ва тоҷи заррин дар сар вориди базмгоҳ гардида, ӯ ҳам маликаи ҳақиқии бал ва ҳам маликаи Шоҳзода мегардад.    Новобаста аз ин, қисмати аввали образашро Фарангис якранг офаридааст. Ба ӯ дар баробари техникаи хуби балет маҳорати драмавӣ намерасад. Чеҳрааш дар тӯлӣ намоиш тағйир намеёбад. Дар ҳоле, ки як ҷаҳон шӯру туғён дар ботинаш ба амал меояд, чашмони ӯ ҳамоно ба сӯйи чӯбдасти дирежёр аст. Ӯ бештар гирифтори андешаи дуруст иҷро намудани ҳаракоташ аст, на риояи инкишофи табиати хислати қаҳрамон. Вале, як нуктаро бояд махсус зикр намуд, ки ин ҳолат хоси тамоми ҳунарпешаҳои ҷавон аст, ки ислоҳи он вақт ва корхӯрда шудани намоишро тақозо мекунад.
Миёни дигар иҷрокунандагони нақшҳои асосӣ метавон партияи Модарандарро дар иҷрои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Александр Бахман махсус зикр намуд.
Александр Бахман ин образи мазҳакавиро то ҳадди гротеск (иғроқ) бурда мерасонад. Ба ҷуз ҳунари баланди балет ӯ аз маҳорати драмавӣ хеле васеъ истифода бурдааст. Мутаассифона, ин ҳунар ба иҷрокунандагони партияҳои хоҳарони Золушка Мавлуда Орифова ва Малика Гулмуродова намерасад. Ҳарчанд ки онҳо ба муҳити афсонавии намоиш як ҷаҳон шодиву сурур ворид менамоянд. Ҳар амали онҳоро, ки далолат ба беҳунариву дуруштӣ ва беназокатии қаҳрамонҳояшон мекунад, тамошобинон бо ханда мепазиранд.
Нақши Шоҳзода яке аз образҳои мураккабтарини балет ба шумор меравад. Он аз балерин маҳорати баланд, техникаи мукаммал ва ҳаракоти суфташударо тақозо менамояд. Аз як тараф салобат ва аз ҷониби дигар самимияти эҳсосоти Шоҳзода.  Бояд ин ҳар ду бо партитураи мураккаби ҳаракоташ рӯйи саҳна чунон нишон дода шаванд, ки кас ба самимият ва ҷиддияти ӯ ҳамвора бовар намояд. Ҳунарпешаи ҷавон Муҳаммад Азимзода аз иҷрои ин амалҳо ба хубӣ баромадааст. Бо пероҳани сафед фариштасон ва мӯйҳои ҷингилаи маҷнунмонандаш ӯ дили, на танҳо Золушка, балки садҳо тамошобинонро аз шумори ҷинси латиф тасхир месозад. Бо ҳаракоти суфтаву чида ва парвозҳои баландаш Муҳаммад Азимзода Шоҳзодаи худро, воқеан ҳам, қаҳрамони афсонавӣ гардонидааст.  
Новобаста аз ин, намоиш аз камбудиҳо орӣ нест. Баъзе саҳнаҳои он ба дарозо мекашанд, дар ин ҳолат ба набзи он (темпо – ритми он) халал ворид мегардад. Дар баъзе ҳолатҳо ноҷӯрии оркестр бо ҳаракоти раққосон ба чашм мерасад. Дар ҳолатҳои дигар дар ҳаракоти худи раққосон ҳамнавоӣ (синхронность) намерасад. Вале ин ҳама камбудиҳои ҷузъие ҳастанд, ки дар рафти намоишҳо суфта мегарданд.
Умед аст, ки асар дилу дидаи чандин ҳазор тамошобинро пурнур мегардонад. Бо ин асари хеш балетмейстер Мария Левитская собит месозад, ки ҳанӯз ҳам дар зиндагии мо барои афсона ҷой ҳаст. Ин аз худи мо вобаста аст, ки зиндагиамонро ба афсонаи ширин табдил медиҳем ё ба қиссаи талх. 

Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
мунаққиди театр


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2016    №: 100    Мутолиа карданд: 589

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед