logo

иқтисод

«АЗ ПАРДОХТИ МАБЛАҒҲОИ НАҚДӢ КӢ НАФЪ МЕБИНАД?»

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон мақолаи  хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Мирзои Фирӯзро таҳти унвони «Аз пардохти маблағҳои нақдӣ кӣ нафъ мебинад?» мавриди баррасӣ қарор дод. Мақола асосан ба хизматрасонӣ дар соҳаи  савдо рабт дорад. Фактҳое, ки дар он оварда шудаанд, дурустанд.

Федератсияи иттифоқҳои  касабаи мустақили Тоҷикистон дар ин маврид ба ҳайси як ташкилоти ҷамъиятӣ, ки назорати ҷамъиятиро бар дӯш дорад, пайваста масъалаи ҳифзи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва меҳнати  арзандаро барои мардум пайгирӣ мекунад. Бо ибтикори федератсия моҳи ноябри соли гузашта дар мавзӯи «Шуғли ғайрирасмӣ ва меҳнати арзанда дар раванди ислоҳоти кишоварзӣ» семинар – машварати ҷумҳуриявӣ баргузор шуда буд. Дар он тамоми ҷузъиёти  масъала дар бахши кишоварзӣ, ташкилоту муассиса ва корхонаҳои ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Моҳҳои декабри соли 2015 ва январи соли ҷорӣ дар Федератсияи  иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, кумитаҳои ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ, рушди маҳал, хизматрасонӣ, бофандагӣ ва саноати сабук оид ба масъалаи шуғли ғайрирасмӣ ва меҳнати арзанда семинар – машварат баргузор гардид.
Ҳамчунин бо ибтикори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамаи бозорҳои ҳудуди ҷумҳурӣ мониторинги нархи маҳсулот гузаронда шуд.
Муассисаҳои савдо ва хӯроки умумии воқеъ дар назди бозори  Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки дар ин мақола мавриди танқид қарор гирифтаанд, дар феҳристи  хизматрасонии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дохил нестанд. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ва дигар  санадҳои меъёрӣ дохилшавӣ ба хизматрасонии касабавӣ ихтиёрӣ мебошад. Бо вуҷуди ин, ба масъулони кумитаҳои  ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони савдо ва хӯроки умумӣ, кооператсияи  матлубот, коркунони корхонаҳои ғайридавлатӣ, бозорҳо ва  дигар шаклҳои хизматрасонӣ дастур дода шуд, ки бо роҳҳои  фаҳмондадиҳӣ чунин ташкилотҳои  хизматрасониро барои ба хизматрасонии касабавӣ фаро гирифтан ташвиқ намоянд.
Мо омода ҳастем, ки  бо намояндагони воситаҳои ахбори омма дар ҳаллу  фасли чунин мушкилоти ҷомеа пайваста ҳамкорӣ намоем.

И. З. ШАРИФЗОДА,
муовини аввали раиси Федератсияи
иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2016    №: 100    Мутолиа карданд: 618

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед