logo

иҷтимоиёт

ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ: ҚАСРИ ВАЛАНГОРИ ФАРҲАНГ

- Шурӯъ аз соли 2010 роҳбарони аввали ташкилоту муассисаҳои давлатӣ арзу шикояти шаҳрвандонро дар маҳалҳо шунида, роҳи ҳаллашонро пайдо менамоянд. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам ҳолатҳои ба зинаҳои ноҳиявию вилоятӣ не, балки якбора ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату кумитаҳо ироа гардидани мушкилоти шаҳрвандон кам нашудааст.
Ин нуктаро Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ, раиси вилояти Хатлон, зимни баргузории рӯзи қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иброз намуд. Мавсуф таъкид кард, ки сокинон бояд бо эътимод ва ошкоро мушкилоти худро баён намоянд. Раҳимбек Рауфов, сокини Ҷамоати деҳоти “Туғаланг”, ба самъи раиси вилоят расонд, ки қасри фарҳанги хоҷагӣ чандин сол боз валангор асту ниёз ба таъмири ҷиддӣ дорад. Саодат Аллаёрова, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10, шиква кард, ки фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба таври бояду шояд амалӣ намегардад.
- Солҳои 90-уми асри гузашта дар маркази ноҳия бунёди як бинои боҳашамат бо фарогирии 260 кӯдак шурӯъ шуда буд, вале бо сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ин иқдоми наҷиб амалӣ нагашт. Хоҳишмандем, мушкили моро ҳал намоед”, - гуфт Саодат Аллаёрова.
Нафақахӯр аз Ҷамоати деҳоти Фрунзе Соҳибҷон Бозорбоев арз кард, ки барои кӯдакони 80 оилаи ин мавзеъ мактаб дар масофаи дур воқеъ гардида, ба манзилҳои шаҳрвандон хати барқ кашида нашудааст. Ҷумъаназар Мирзоев, раиси хоҷагии таҷрибавии лимӯпарварии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, аз Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода тақозо кард, ки дар мавриди ба ислоҳот фаро гирифтани хоҷагӣ мусоидат намояд.
- Фаъолияти хоҷагӣ аз сабаби кӯҳнаву корношоям гардидани воситаҳои кишоварзӣ ва иншооти ёрирасон чандин сол боз фалаҷ гардидааст. Беҳтар мебуд, агар заминҳои он ба хоҳишмандон барои таъсиси хоҷагиҳои хурд вобаста мегардиданд”, - афзуд Соҳибҷон Бозорбоев.
Ҷовид Қурбонов, сардухтури беморхонаи рақами 1 - и Ҷамоати деҳоти Калинин, дар бобати рафъи ҳолати садамавии муассиса, ки ҳанӯз солҳои 1934-36 сохта шуда будааст, аз раиси вилоят ёрӣ хост.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода масъулони вилоятро барои ислоҳи ҳар чи зудтари камбудиҳо муваззаф сохт. Зимнан, аз соҳибкорони маҳаллӣ хоҳиш карда шуд, ки бо даст додани имконияти иқтисодӣ ёрии худро дар бунёди синфхонаҳои иловагӣ, муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, варзишгоҳ ва қасри фарҳанг дареғ надоранд.
Дар робита ба пайвастани баъзе наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода изҳори нигаронӣ  карда, гуфт, ки аз ноҳия ба гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” 35 нафар шомил шудаанд. Ба Сурия ва Ироқ ду оила пурра рафтааст, ки 6 кӯдаки ноболиғ доранд. Ҳамзамон, дар ноҳия 40 пайрави ҷараёни мамнуи “Салафия” ба қайд гирифта шуда, 27 кас дастгир ва 9 нафар дар кофтуков қарор дорад.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”     


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2016    №: 100    Мутолиа карданд: 455

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед