logo

сиёсат

МУСОБИҚА. ДАВРИ АВВАЛИ ОН ДАР САРБАНД ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Дар шаҳри Сарбанд, ки имрӯзҳо Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ вусъати тоза гирифтааст, марҳилаи аввали мусобиқаи шаҳрӣ  “Оид ба деҳа ва маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ” ҷамъбаст гардид.
Ҳайати комиссияи шаҳрӣ аз деҳаи Боҳтуробод-2-и деҳоти Гулистон, деҳаи Истиқлол ва деҳаи Зағертии  деҳоти Ваҳдат дидан намуданд.
Сокинони ин деҳаҳо ба озмун омодагии хуб дида буданд. Кӯчаҳои тозаю озода, хонаҳои рангуборкардашуда, дастархонҳои пур аз нозу неъмат ба кас ҳаловат мебахшид.
Мардум аз ҳайати комиссия хоҳиш мекарданд, ки чунин чорабиниҳо пайваста гузаронда шаванд, зеро онҳо барои ободии ҳар хонадон, кӯча, деҳа ва шаҳр мусоидат хоҳанд кард.
Дар натиҷаи баррасиҳо якчанд хонаву оила ба озмуни шаҳрӣ пешниҳод гаштанд, ки яке аз онҳо хонаи Қазоқовҳо аз деҳаи Истиқлол мебошад.  Ва ин бесабаб нест, зеро хонаи баланду барҳаворо, ки соҳибхона Сафар Қазоқов ва фарзандонаш бо меъёрҳои меъмории шарқиёна бунёд кардаанд, дилфиребу назаррабост. Бояд гуфт, ки сарвари оила баҳри зиндагии шоистаи аҳли хонаводааш тамоми шароитҳои заруриро фароҳам овардааст. Беш аз ҳама  таваҷҷуҳи касро ҳуҷраи хуб таҳҷизонидашудаи кӯдакон ба худ ҷалб менамояд. Ин ҳуҷра аз он дарак медод, ки сарвари  оила ба таҳсили фарзандон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Дар деҳоти Ваҳдат  оилаи Намозқул Сафаров ҳамчун оилаи намунавӣ пешниҳод гашт. Иддае бар онанд, ки оилаи беҳтарин аз лиҳози саводнокӣ ва рафтору муошират бояд намунаи ибрат бошад. Қаҳрамони мо тавонист, ки ин сифатҳоро дар фарзандони худ тарбият намояд. Ба ҷуз ин, муруввату саховатпешагӣ сифати дигари ин оила мебошад, ки аз ҷавонмардии падари хонадон маншаъ мегирад. Ҳар сол аз ҳисоби даромади хоҷагии худ боғчаҳои бачагонро бо хӯрокворӣ таъмин намуда, инчунин, дастикам то 20 аъзои оилаи ниёзманди деҳа аз кумакҳои ӯ бархӯрдор мешаванд. Вай дар таъмирӣ ҷорӣ ва қисматҳои вайроншудаи роҳҳои деҳа низ саҳмгузор аст, ки ин бозгӯи эҳсоси баланди ватандӯстии ӯ мебошад.
Нуринисо ИБОДУЛЛЕВА,
рӯзноманигор, шаҳри Сарбанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2016    №: 100    Мутолиа карданд: 530

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед