logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Воқеан, ба арсаи сиёсат ва таърихи навини халқи тоҷик омадани Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  амри таърих ва ниёзи асосии ин марҳилаи сарнавиштсоз буд. Ӯ аз ибтидо ба ҳайси пуштвонаи маънавӣ ва назарияи сиёсати давлатдорӣ ва давлатсозии хеш суннатҳо ва арзишҳои баланду волои миллӣ ва ахлоқии халқи тоҷикро, ки таърихи қадима доранд, интихоб намуд. Нахустин нишонаи бар пояҳои миллӣ устувор гаштани андешаи давлатдории Эмомалӣ Раҳмон ин бо ибтикори бевоситаи эшон дар пойтахти кишвар қомат афрохтани муҷассамаи Амир Исмоили Сомонӣ буд. Рӯй овардан ба саҳифаҳои дурахшони таърихи давлатдории тоҷикон, эҳёи суннатҳои кишвардорӣ ва ватанпарастии ниёгон дар дили ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба ояндаи Ватан, эътимоду бовариро ба Сарвари он зинда намуд. Сарвари давлат бо фитрати худодод ва азамати тафаккуру иродаи қавии сиёсӣ бар воқеияти нобасомони рухдода пирӯз гардид, барои озодии комил, устувории оромию субот ва тақвияти Истиқлоли миллӣ халқро раҳнамоӣ кард, ки он воқеан дар таърих падидаи нодири сиёсӣ буд. Нияти неку созанда ва иродаи қавии сиёсӣ ба Сарвари давлати тоҷикон имкон дод, ки ҳадафи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро ба фарҷоми мантиқӣ расонад. Муҳимтарин паёмади талошҳои давлатсозии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бунёди давлатдории миллӣ, дарёфти ҷаҳонбинӣ ва андешаи воқеан мардумӣ буд, ки онҳо дар маҷмӯъ фалсафаи нави давлатдории халқи тоҷикро ташкил дод, ки муаллиф ва бунёдгузори он худи Сарвари давлат буданд. Ҳамон ҳадафҳои миллии халқи тоҷик, ки дар тӯли асрҳо ҷомаи амал напӯшида буданд, асоси ин фалсафаро ташкил доданд ва дар натиҷа эътибор ва шаъну шаҳомати миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ аз нав эҳё намуд.
Имрӯз ҳамаи ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки муҳимтарин дастоварди  халқи тоҷик дар оғози ҳазораи нав ин бунёди давлатдории миллӣ ва мақому эътибори байналмилалӣ касб намудани он аст ва ҳамаи ин бевосита аз ибтикорот ва талошҳову ҷоннисориҳои Сарвари кишвар сарчашма мегирад.
Бояд гуфт, ки андеша ва ҳувияти миллӣ аз ибтидо ҳамчун аслҳои муҳиму меҳварии ҷаҳоншиносии сиёсӣ аз тарафи Президенти ҷумҳурӣ пазируфта шуд. Вай ҳалли муҳимтарин масъалаҳои давлатдории навини тоҷиконро аз саҳифаҳои дурахшони таърихи он, аз фоҷеаҳо ва сабақу ҳикматҳои гузаштаи миллат ҷустуҷӯ намуд. Аз аҳди ҳукмронии Ориёиҳо ва Сомониён то ба замони мо ба таҳқиқ гирифтану ба таълиф расонидани асарҳои бунёдию мондагоре мисли «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни Ориёӣ», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» далели равшани асоси миллӣ доштани консепсияи давлатдорӣ ва бунёд намудани низоми нави сиёсии кишвар дар замони мо мебошад.
Ин асарҳои муҳиму консептуалии Сарвари давлат назари олимону муҳаққиқон ва аҳли назари кишварро ба воқеияти рӯзгори гузаштаи халқ, таъриху тамаддун ва фарҳанги миллӣ ба куллӣ дигар намуд. Маҳз дар заминаи ҳамин асарҳо дар тӯли понздаҳ - бист соли охир дар илму адаби тоҷик даҳҳо асарҳои пажӯҳишию адабӣ ба вуҷуд омаданд, ки муаллифони аксари онҳо аз китобҳои мазкур илҳом гирифтанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи тоҷикон нахустин сарварест, ки дар ҷумҳурӣ фазои кушодеро барои инкишофи андешаи миллӣ, анъанаю суннатҳои мардумӣ ва дину эътиқоди халқ ба вуҷуд овард. Маҳз бо ирода ва ибтикори ӯ ҳамаи монеаҳои сунъию сохта, ки қаблан рӯйи фарҳанг, адабиёт, матбуот ва андешаи озод таҳмил шуда буданд, аз байн бардошта шуданд. Барои рушди тафаккури сиёсӣ, илмӣ ва адабию эҷодӣ дар кишвар фазои мусоид созмон дода шуд.  Роҳе, ки Сарвари давлат барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлатдории миллӣ боз намуд, ҳамчун як мактаб ва ё шеваи тозаи сиёсӣ абадан дар таърихи халқи тоҷик сабт гардид. Ба шарофати сиёсати дуруст ва оқилонаю мантиқии Пешвои миллат халқи тоҷик шояд дар тӯли таърихи дароз бори нахуст худро соҳиби ҳамин Ватан, соҳиби ҳамин обу хок ва ҳамин марзу бум эҳсос намуд.
Натиҷаи талошу ҷоннисориҳо, тасмимгириҳою барномарезиҳои боҷуръатона, меҳанпарастона ва оқилонаю ҳакимонаи Пешвои миллат буд, ки Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ аз буҳрони шадиди сиёсӣ раҳо ёфта, ба ҳайси як кишвари худвижа ва дорои зарфиятҳои бузурги  иқтисодию иҷтимоӣ ва зеҳнию маънавӣ ба раванди ҷаҳони муосир пайваст ва дар дунёи имрӯз ҷойгоҳ ва мақому мартабаи сазовори худро соҳиб гашт. Ҳамаи ин заҳмату талошҳои Сарвари давлат дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо хатҳои заррин абадан сабт гардиданд.

Сайфиддин НАЗАРЗОДА,
доктори илми филология,
профессор,
Шамсиддин СОЛЕҲОВ,
доктори илми филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2016    №: 100    Мутолиа карданд: 578

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед