logo

иҷтимоиёт

ШУНИДАН КАЙ БУВАД...

Сокини ноҳияи Файзобод Ҳокими Сафар дар мактуби ба идораи рӯзнома навиштааш овардааст: “Дар Ҷамоати деҳоти Вашгирди ноҳияи Файзобод фабрикаи парандапарварии “Мурғи ҳилол” фаъолият дорад, ки мутасаддии он оилаи Ҳакимовҳо аст. Азбаски маъмурияти корхона поруи мурғҳоро бетартибона ба ғорҳои назди деҳаҳои Қошқарӣ, Сомониён,  Шаҳтакиён ва шаҳраки Лолагӣ мерезанд, аз бӯйи бади партовҳо сокинони гирду атроф дар азобанд.

Дар мавзеъҳои порупартоӣ пашша ва ҳашарот ҷамъ шуда, манбаи пайдоиши ҳар гуна касалиҳои сирояткунанда,  аз қабили зардпарвин, домана, хориши пӯст ва ғайра гардида истодааст”. Идораи рӯзномаи “Ҷумҳурият” лозим донист, ки навиштаҳои муаллифро мавриди таҳқиқ қарор диҳад.
Дар ҳақиқат ду-се сол қабл ҶДММ “Мурғи ҳилол” дар авҷи рушд буду партовҳои он назар ба ҳозира ду - се маротиба бештар  ба назар мерасид. Ба 1 апрели соли 2016 саршумори паранда дар ин ҷо 232982 сарро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2014 - ум 445207 сар кам аст. Аз ин рӯ, барориши партов ҳам коҳиш ёфта, сокинони Ҷамоати деҳоти Вашгирд низ шикоят надоранд.
Бо ҳамроҳии мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Маҳмадулло Назаров аз партовгоҳи ҶДММ “Мурғи ҳилол” дидан кардем.
- Партовгоҳ аз маҳалҳои аҳолинишини Қошқарӣ, Сомониён, Шаҳтакиён ва Лолагӣ зиёда аз 2 ҳазор метр дур воқеъ буда, аз Ҳукумати ҷумҳурӣ иҷозатнома дорад, - мегӯяд Маҳмадулло Назаров. – Корҳои безараргардонӣ доимо дар муҳлаташ гузаронда шуда, дар гирду атрофи он пашшаю ҳашарот дида намешавад. Азбаски поруи мурғ барои зироатҳои кишоварзӣ нафъовар аст, деҳқонон аз он ба миқдори зиёд истифода мебаранд ва бӯйи пору паҳн мешавад, ки ба партовгоҳ чандон тааллуқ надорад. Мавҷудияти партовгоҳ ба муҳити зист зароровар нест.
Tавре дида шуд, баромадгоҳи партовгоҳ бо садди бетонии якметра баста шудааст ва хавфи канда шудани он аз эҳтимол дур мебошад.
Аз меъёр зиёд будани бемориҳои сирояткунанда дар гирду атрофи партовгоҳ, ки дар навиштаи Ҳокими Сафар зикр ёфтааст, аз тарафи Шаҳло Тағоева, директори маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия, рад карда шуд.
“Паҳншавии бӯйи бади пору вобастагӣ дорад аз заминҳои корам, ки аҳолии атрофи фабрикаи парандапарварӣ барои афзун кардани ҳосили киштаҳо истифода мебаранд.  Ба қайд гирифтани бемориҳои сирояткунанда дар Ҷамоати деҳоти Вашгирд зери назорат буда, касалиҳои зардпарвин, домана ва хоришаки пӯст умуман ба қайд гирифта нашудааст. Ҳар сол марказ оид ба нигоҳдории партовгоҳ ба ҶДММ “Мурғи ҳилол” пешниҳоди санитарӣ равон мекунад”.
Бетафовут набудан ба камбуду норасоиҳо хислати хуби аҳли қалам мебошад. Аммо муфид мебуд, агар гапу калочаи шунидаро дуруст санҷида, баъд ба идораи рӯзнома фиристем. Ҳамин тавр не?

Мирзои ФИРӮЗ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2016    №: 101    Мутолиа карданд: 483

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед