logo

иҷтимоиёт

ДИПЛОМ ҲАСТУ КОР НЕ. КӢ ГУНАҲГОР?

Бисёр мешунавем, ки баъзе аз волидайн аз бекории  фарзандони соҳибмаълумоташон  изҳори  ташвиш  мекунанд. Ва  низ таассуф мехӯранд, ки панҷ сол писар ё духтарашон «бефоида» хондааст.  Аз нигоҳи  аввал  гилаи  падару  модарон дуруст аст, шояд дар ин панҷ сол қисме аз ин фарзандон беҳтарин тоҷир ё  косиб  мешуданду  дар  пешбурди  рӯзгор дасти падар мегирифтанд. Ва ё ҳам бо сари  баланд  хизматро  адо  кардаву волидайнро аз ин ташвиш озод менамуданд…

Вале андешаҳои дигар низ ҳаст, ки мутахассиси воқеан соҳибмаълумот ҳеҷ гоҳ дар кӯча намемонад.  «Як гулу сад харидор»  гуфтагӣ барин  онҳо талабгорони зиёде доранд. Ҳамин гурӯҳ сабаби қисман  бекор  мондани  хатмкунандагони  макотиби  олиро  дар интихоби  нодурусти  касб, камтаваҷҷуҳии волидайн ба ояндаи фарзанд ва бепарвоии баъзе аз масъулон медонанд. Пас, саволи матраҳ ин аст, ки дар бекории ҷавонони соҳибмаълумоти мо кӣ гунаҳгор аст?  Худи онҳо, волидайн ва ё вазорату мактабҳои  олӣ. Ба ин савол бо чанде аз нафарони касбу корашон гуногун муроҷиат намудем, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.
Муҳаммадҷони  Сафол, хатмкардаи  Донишкадаи  молия ва  қарз, сокини  шаҳри  Душанбе,  иброз  медорад,  ки  «дар масъалаи бекории ҷавонони  таҳсилдида  ва  ба  қавле   «таҳсили  беҳуда» - и  онҳо  андешаҳо гуногун ва хеле зиёданд. Вале  ақидаи  шахсии ман ин аст, ки  ҷавонон  аз кор кардан метарсанд, нобовариашон   ба  худу  донишашон  онҳоро  азоб медиҳад. Нияти кор кардан доранд, вале  истеъдод  не, пас чӣ бояд кард?»  Ин саволест, ки  ҷавоби  дақиқ  мехоҳад.    Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки  маҳз сабаби  бекор мондани  ҷавонони  соҳибмаълумот  аз  саводи кофии тахассусӣ  надоштани  онҳост. Воқеан  интихоби  касб  хеле  душвор аст.  Ҳар  як шахс медонад, ки  донишаш то кадом дараҷа мерасад  ва  танҳо  дар назди худ гуфта метавонад, ки арзандаи кадом касб аст.  Вале  касберо интихоб мекунад, ки  на  ба  он шавқ дорад  ва на истеъдод. Чаро мо  бесаводии  худро  қабул надорем?   
Зафари  Ҷалол, сокини  шаҳри  Кӯлоб,  хатмкардаи  Донишгоҳи  давлатии  тиббии  Тоҷикистон,  чунин  мегӯяд, ки «тӯли  10 сол  мешавад, ки донишгоҳро   хатм  кардам, вале  то  ба  ҳол  бекорам. Дар  ин масъала  гуфтаниҳои  зиёд  дорам, вале   ягона  сабаби  бекории  ман ин  камсаводӣ  ва  надоштани  истеъдод  дар ин соҳа  мебошад.  Чӣ  хеле,  ки  мегӯянд:  «каҷ  шину  рост  гӯй». Дар  асл  аксари  инсонҳо  ҳақиқати  ҳолро  намегӯянд. Ман  низ  гуфтанӣ  набудам,  вале  фикри  ҷавонони ояндаро  намудам  ва хостам  ин  барои  онҳо   дарси ибрат  шавад, то  касберо  интихоб  намоянд, ки донишашон  ба он расад  ва арзандаи он бошанд».
Дилшод  Каримов,  сокини  шаҳри  Душанбе  чунин  мегӯяд, ки ман дар интихоби  касб  хатои  бузург  кардам.  Вале  ҷойи  худро  ёфтам, лоиқи  кадом касб  буданамро  дарк  намудам. Ҳарчанд хеле дер  ҳам бошад.   Тасаввур кунед,  7 соле, ки  ман дар донишгоҳи  тиббӣ  таҳсил  кардам,  агар  дар  донишгоҳи  технологӣ  таҳсил мекардам  имрӯз  устои  касби  худ  шуда,  дар  дилхоҳ  корхонаҳои  давлатӣ  кор мекардам. Дар охири суханам  ба ҷавонон, ки  ояндаи миллатанд,  чунин  гуфтаниям.  Агар  хоҳед, ки  фардо  бекор  намонед, дар интихоби  касб  ҷиддӣ  бошед.  
Иноятулло Ҷумаев, хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон низ ба ҳамин назар аст, ки дар аксар ҳолат худи ҷавонон сабаби бекориашон мегарданд.
- Соли 2010 мегӯяд ӯ,  - мо наздик 20 нафар хаткунандаи донишгоҳ дар озмуни ишғоли вазифаҳои холӣ дар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзидем. Аз ҳамин миқдор 14 нафар бе  ягон восита ба кор қабул шудем ва тахмин баъди шаш моҳи корӣ вазифаи пурмасъули сардорони  шуъбаро ба ду нафари мо бовар карданд. Имрӯз қариб ҳамаи мо вазифаҳои масъулиятнокро бар дӯш дорем.
 Сабабҳои  бекории  ҷавонон  хеле  зиёданд.  Албатта,   баъзе  шахсони  донишманд ва соҳибмаълумоте   ҳастанд, ки  бекоранд,  вале  ягона  ҷавобе,  ки  зиёд  шунида  мешуд,  ҳамоно  ба талаботи замон ҷавоб нагуфтани мутахассисон  аст.  Аз  ин  миён  саволе  бармеояд, ки  чӣ гуна ин қабил довталабон ба донишгоҳҳо  роҳ меёбанд?             

Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2016    №: 101    Мутолиа карданд: 526

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед