logo

иҷтимоиёт

ШАҲРДОРӢ: АЗ ЯК ДАСТ САДО НАМЕБАРОЯД!

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 1 апрели соли 2014 “Дар бораи тасдиқи тартиби ҷамъоварӣ, баровардан, коркард ва безараргардонии партовҳои сахти маишӣ дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе” партофтани партовҳо ба кӯчаҳои шаҳр ва ҷӯйборҳои обрав, назди сутунҳои барқу телефон ва трансформаторҳо манъ карда шудааст.

Бо вуҷуди ин, баробари фаро расидани фасли тобистон аксари партовгоҳҳои пойтахт ба макони ҳашароту магасҳои зиёновар табдил ёфта, сабаби паҳншавии бемориҳои сироятӣ мегарданд.
Аз ҷумла, дар маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ки яке аз маҳалҳои сераҳолист, вазъи партовгоҳҳо хеле ташвишовар аст.  Бе қуттии партов, зери девори хонае партовгоҳ сохтаанд, ки ин на танҳо ҳусни шаҳрро мекоҳонад, балки табъи ҳар бинандаро хира месозад.  Бар замми ин,  аз хунукназарии ронандагони нақлиёте, ки партовро бор мекунад,  таҳкурсии  хона осеб дида, хароб шудааст. Девори хона имрӯз дар вазъи садамавӣ қарор дорад. Ба он ҳам сокинони бинои баландошёна ва ҳам кормандони соҳаи коммуналӣ беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Сокини ҳамин маҳалла Манижа Назарова мегӯяд, ки дар кӯчаи мо низ қуттии партов нест. Аз сабаби он ки партовгоҳ ду километр дур ҷойгир аст, барои партофтани хасу хошоки рӯйи ҳавлӣ онро бо мошини шахсӣ бурдан лозим меояд. Он ҷое, ки онҳо партов мепартоянд, рӯйи роҳ аст ва аз он ҳамарӯза таксиҳои ҷониби Гулбутта мегузаранд.
Партовгоҳро ҳафтаҳо тоза намекунанд ва он пур шуда, дигар ҷой барои партофтан ҳам намондааст, танҳо рӯи асфалт метавон партов рехт. Аз бӯйи ғализу оби ифлоси то рӯи роҳи мошингард равонааш намедонӣ чӣ тавр ва дар куҷо қадам гузорӣ. Ман то ҳол боре ҳам надидаам ва аз дигарон ҳам нашунидаам, ки ин ҷоро бо хлор, ё ягон маҳлули  зидди микробҳо пок карда бошанд.
Ин ҷо айбро дар кӣ бубинем, дар шаҳрванде, ки қоидаи шаҳрдориро намедонад ё дар масъулони соҳа, ки ба ифлосшавии фазои шаҳру кӯчаҳо роҳ медиҳанд?
Вақте ки ба “Бозори деҳқон” - и маҳаллаи Гипрозем даромадем, аз даромадгоҳ аллакай ба димоғ бӯйи ғализи партов мерасид. Дар дохили бозор партовгоҳ ҳаст, аммо  қуттии махсус надорад. Атрофаш пури оби ифлос. Марде мӯза дар пойю лаганд дар даст, он оби ғализи партовро ҳар тараф пош дода меистод. Ӯ, ки худро бо дили нохоҳам Сафар муаррифӣ кард, чунин гуфт: “Партовро ҳафтае як маротиба мегиранд, аммо оби ифлоси онро ман ба ҳар тараф пош медиҳам, то хушк шавад, охир дар бӯйи ин ҷо истода намешавад. Маҷбурам тоза кунам, набошад, мизоҷонро аз даст медиҳам”.
Бозорро оинаи шаҳр мегӯянд, ҳар рӯз ба ин ҷо садҳо нафар харидор меояд ва серодамтарин макон ба ҳисоб меравад. Маъмурияти бозорро мебояд, ки бо тамъйизкунандагон пайваста кор барад ва ба  тозагии бозор аҳамияти ҷиддӣ диҳад.
Бесалоҳиятии созмонҳои маҳаллӣ низ нисбат ба тозагии муҳити зист ва риоя накардани меъёрҳои санитариву гигиенӣ ва экологӣ эҳсос мегардад ва маъмурияти ин бахшҳоро водор месозад, то ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоянд. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ масъалаи зикршуда борҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта аст. Дар ин раванд мебоист дар ҳар нуқтаи партовгоҳ камераи назоратӣ насб намоянд. Шояд дар марказ бошад, аммо дар маҳаллаҳо он ба мушоҳида намерасад. Сокинон низ аз ҳалли масъала худро канор мегиранду беаҳамиятӣ зоҳир месозанд. Аслан, худи аҳолӣ уҳдадор аст, ки партовро аз соати 17:00 то соати 23:00 ба партовгоҳи махсус бароварда  партояд. Кормандони соҳаи коммуналӣ бошанд, ҳар рӯз партовгоҳро то соати шаши субҳ тоза намуда, бо моддаҳои кимиёвӣ тамъйиз намоянд. Дар ин самт Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо барномаҳо кор бурда истодааст, аммо на ҳама барномаҳояшон натиҷаи дилхоҳ медиҳад. «Қарсак аз ду даст меояд» - мегӯянд миёни мардум. Кормандони соҳаи коммуналӣ ва сокинонро мебояд дар якҷоягӣ бо ин кумита ҳамкорӣ намуда, маърифати экологии аҳолиро баланд бардоранд.
Агар солимӣ ва рӯзгори обод хоҳем, бояд тозакор, муҳитпарвар ва бунёдгар бошем.

Сафаргул  АЛИМОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2016    №: 101    Мутолиа карданд: 487

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед